Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайдар Алиев, Илҳом Алиев ва... Ҳайдари II


Сокинони Озарбойҷон ба аксҳои президенти ин кишвар Илҳом Алиев ва падари ӯ - раисҷумҳури собиқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар лавҳаҳои бузурги хиёбонҳои асосии шаҳрҳои озарӣ одат кардаанд.

Вале ахиран дар баъзе ҷойҳо акси Илҳом Алиев ва падари ӯ шодравон Ҳайдар Алиев ҳамроҳ бо акси писари президенти озарӣ - Ҳайдари II насб шуда, зери он навиштаанд: "Гузашта, Имрӯз ва Ояндаи Озарбойҷони соҳибистиқлол!".

Моҳи март Озарбойҷон дар як назархоҳии конститутсионӣ маҳдудияти ду давраи падарпаи раёсатҷумҳурӣ аз ҷониби як нафарро лағв намуд. Аз ин рӯ, баъзе шореҳон бо ишора ба ин шиор иброз доштаанд, ки Илҳом Алиеви 47-сола тасмим гирифтааст, даҳсолаҳо раёсатҷумҳурӣ намуда, сипас курсии президентиро ба писараш мерос монад.

Эмин Миллӣ як фаъоли озарӣ, ки ба назархоҳии ахир мухолифат доштааст, дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, "додгоҳӣ конститутсионӣ дар рӯзи таваллуди Илҳом Алиев, 24 декабри соли 2008, назархоҳии лағви маҳдудияти ду даври раёсатҷумҳуриро тасдиқ кард. Рамзи дигаре, ки ба ман хуш омад, ин буд, ки референдумро 18-уми марти соли 2009-ум дар рӯзи байнулмилалии маҳбусони сиёсӣ доир намуданд."

Эмин Миллӣ, ки дар гузашта мушовири Шӯрои Аврупо дар умури ҳуқуқи башар будааст, соли 2005 шабакаеро зери номи «Он», яъне «Лаҳза» таъсис дод. Донишҷӯёну мутахассисони ҷавон шомили ин шабака шуда, дар мавзӯъҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ табодули назар мекунанд. Созмони «Он» дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ аз 400 то 200 нафарро гирдиҳам овардааст, аз ислоҳоти сиёсӣ дар Озарбойҷон пуштибонӣ мекунанд.

Вале устоди сиёсат дар донишгоҳи Колумбияи шаҳри Ню-Йорк Линколн Митчел мегӯяд, ки дар Озарбойҷон шабакаи Иинтернет рушди назаррас надорад ва аз ин рӯ наметавон тахмин кард, ки ба ҳамин зудиҳо созмони «Он» пояи мустаҳками иҷтимоӣ пайдо мекунад. Митчел афзуд, "дар кишварҳои шабеҳи Озарбойҷон ба воситаи YouTube пайдо намудани заминаи мустаҳками иҷтимоӣ имкон надорад. Аммо, аз тарафи дигар, ба фикри ман, таъсири ин қабил ҷунбишҳо пайдоиши сармояи иҷтимоии камёфт дар Озарбойҷон барин кишварҳост. Бубинед, аснои ҳаракат ба самти демократия дар кишварҳои минтақа адами мавҷудияти сармояи иҷтимоӣ боис гардид, ки то ҳанӯз рӯйдодҳои ғайриқобили пешбинӣ рӯй медиҳанд. Агар бовар накунед, бубинед, ки вазъ дар Гурҷистон чӣ гуна аст."

Профессор Митчел ёдовар шуд, ки дар Озарбойҷон дар баробари лағви маҳдудияти раёсатҷумҳурӣ ҳамзамон бо ҳабси дигарандешон ва таъқиби мухолифини сиёсӣ манъи пахши барномаҳои расонаҳои хориҷӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Вале Эмин Миллӣ мегӯяд, ки агар дар худи Озарбойҷон имкони ибрози назари мухолиф имкон надошта бошад, онҳо бо истифода аз фанновариҳои муосир паёми худро аз хориҷ ирсол хоҳанд кард. Миллӣ меафзояд,"агар матбуоти озод набошад, мо паёмамонро ба воситаи телевизиони сайёр ва интернет меронем. Агар иҷозати ташкили эътироз дар Боку набошад, мо дар Ню-Йорк раҳпаймоии эътирозӣ ташкил мекунем. Агар касе пайдо нашавад, ки ба ҳукумат тағйири низоми маориф, низоми иқтисод ва низоми сиёсиро матраҳ намояд, мо пеш баромада, чунин ташаббус дар миён хоҳем гузошт".

Дар ҳамин ҳол созмони «Он» дар баъзе соҳаҳо бо ҳукумати Озарбойҷон ҳамкорӣ ташкил кардааст. Бо кумаки ин шабака тақрибан 5000 донишҷӯёни озарӣ имкони таҳсил дар хориҷро пайдо карданд. Сармоягузории оин лоиҳаро ҳукумати Озарбойҷон бар дӯш гирифт.

Созмони «Он» ҳадаф дорад, ки дар марҳилаи навбатӣ 2 миллион озарбойҷонии муқими кишварҳои мухталифро ҷамъ намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро низ ба ҷилавгирӣ аз роҳандозии ҳукумати худкома дар Озарбойҷон ҷалб намояд.
XS
SM
MD
LG