Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: ба Путин як тоҷик суиқасд накардааст


Дафтари марказии ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия

Дафтари марказии ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия

Хадамоти федеролии амнияти Русия хабари суиқасд ба ҷони президенти Русия аз сӯи як шаҳрванди Тоҷикистонро расман рад кард.

Намояндаи расмии Хадамоти федералии Русия бо худдорӣ аз ифшои ному насабаш дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, «мо дар ин маврид хабари расмӣ интишор накардаем ва ҳамчунин тавзеҳи як расонаи хиёбониро шоиста намедонем».

Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи «Твой ден» ва ё «Рӯзи ту», чопи Маскав, ба нақл аз кормандони «Лубянка», яъне Хадамоти амнияти федералии Русия, гузориш додааст, ки шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо номи Шахвелад Османов рӯзи 2 март дар ҳошияи Кремл ба қасди ҷони Путин ва Медведев дар камин нишаста буд ва аз сӯи неруҳои амниятӣ бо тиру камонаш боздошт шуд.

Намояндаи расмии рӯзномаи «Твой ден» дар посух ба пурсиши радиои Озодӣ дар Маскав таъид кард, ки «хабари интишоркардаи мо ҳақиқат дорад ва шумо метавонед аз мо нақли қавл бикунед».

Аммо намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод мегуяд, сафорати Тоҷикистон ин масъаларо таҳқиқ кард ва натиҷа ин аст, ки ҳодисаи суиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурии Русия ба тоҷикон ҳеҷ иртиботе надорад, вале дар миёни мардум як навъ бадбиние ба муҳоҷирони тоҷик ба бор овардааст.

Раиси созмони «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия» Абдуллоҳи Давлат мегуяд, хабари суиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурии Русия ба ҷуз иғво чизи дигаре нест. Боғшоҳи Лашкарбек, раиси созмони "Нур" ҳам бар он аст, ки мардуми Русия ба муҳоҷирони Тоҷикистон ҳеҷ душмание надоранд ва аммо танҳо бархе аз рӯзномаҳо ҳастанд, ки мехоҳанд дар миёни мардум тухми низоъ бикоранд.

Дар ҳоле ки Хадамоти амнияти федералии Русия идаъо дорад, ташреҳи хабари рӯзномаи хиёбонии «Твой ден»-ро шоиста намедонанд, оҷонси давлатии Русия «ИТАР-ТАСС» рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз хиёбонҳои Маскав бо 130 грам тротил боздошт шуд, вале маълум нест ки он тоҷик бо он тротил чи кор мекард.

Лозим ба ёдоварист, ки ду сол пеш расонаҳои гурӯҳии Русия бидуни шарҳ дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми доштани як тири пневматикӣ дар вокзали Павелетски хабар интишор карданд, вале танҳо коршиноси низомӣ Павел Фелгенгауер тавзеҳ кард, ки тири пневматикӣ силоҳест, ки садои баланд дорад, аммо ҳеҷ хатаре ба ҷони чизе надорад.

XS
SM
MD
LG