Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи маводи озуқа поин нахоҳад рафт


Дар гузориши охири Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (UNFAO) зикр шудааст, ки ба ин зудиҳо нархи маводи озуқа поин нахоҳад шуд.

Созмони озуқа ва кишоварзии СММ мегӯяд, дигар маводи ғизоӣ дар қатори ашёи арзон ба чашм намерасад. Болоравии фавқулодаи нархҳо дар давоми ду соли гузашта боис гардид, ки имсол маблағи воридоти озуқа ба 1 триллион доллар баробар шудааст. Ин вазъ беш аз ҳама ба мардуми камбизоат зарба мезанад. Онҳо аллакай бахши бузурги даромадашонро барои харидории маводи ғизоӣ масраф мекунанд.

Ба ақидаи муаллифони гузориши созмони озуқаву кишоварзии СММ, дар муқоиса бо соли гузашта имсол хароҷоти мардум барои вуруди маводи ғизоӣ боз ҳам 40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Таҳқиқоти созмон собит кардааст, ғаллае, ки феълан ба бозор бароварда мешавад, пурра ба фурӯш меравад ва имкони захира кардани он хеле ночиз аст ва агар ҳосили имсола боз ҳам поин равад, вазъи ташвишовар пеш хоҳад омад.

Аммо Созмони озуқа ва кишоварзии СММ умед дорад, ки вазъи таъминоти бозорҳои ҷаҳонӣ беҳбуд меёбад, зеро кишоварзон ба болоравии нархи гандум ва эҳтимоли бардошти мафоди бузург аксуламали фаврӣ нишон доданд. Муаллифони гузориш тахмин мекунанд, ки ҳосили имсолаи ғалла рекордӣ буда, наздик ба 658 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.

Ҳамчунон аз эҳтимол дур нест, ки Русияву Украина ва баъзе кишварҳои дигари Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ имсол ҳосили хуб гиранд. Созмони озуқа ва кишоварзии СММ тахмин мекунад, ки хушкии имсола метавонад ҳосили ғаллаи Эронро ду миллион тонна камтар кунад. Соли 2007-ум ҳосили ғаллаи Эрон 13 миллион тоннаро ташкил дода буд. Ҳамин гуна созмон пешбинӣ мекунад, ки имсол ҳосили ғаллаи Қазоқистон низ шояд 14 миллион тоннаро ташкил диҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта поинтар аст.

Ходими созмони озуқаву кишоварзии СММ Абдулризо Аббосиён мегӯяд, дар кӯтоҳмуддат вазъ чандон нигаронкунанда нест, вале "мо бояд ба дарозмуддат назар кунем ва, фикр мекунам, масъалаи калон ин аст, ки оё дар дарозмуддат мо хоҳем тавонист, ки истеҳсолро ба афзоиши аҳолӣ мутобиқ кунем". Ба ақидаи Аббосиён, ҷорӣ намудани фанновариҳои муосир дар кишту коркарди ғалла имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ афзоиш ёбад.

Дар бахши дигари гузориши созмони озуқа ва кишоварзии СММ гуфта мешавад, ки дар тӯли ду соли гузашта ҳосили биринҷ хуб буд, вале сарфи назар аз он нархи биринҷ тақрибан ду баробар боло рафт. Муаллифони гузориш бар ин ақидаанд, ки баъзе кишварҳои истеҳсолкунандаи биринҷ бо ҳадафи ҳифзи нарх дар бозори дохилӣ содироти биринҷро манъ ва ё маҳдуд кардаанд. Ба фикри ходимони созмони озуқаву кишоварзии СММ, имсол ҳосили биринҷ ҳам шояд хуб бошад ва зоҳиран вазъ беҳбуд хоҳад ёфт.

Аммо ташвиши созмон аз ҷуворимакка аст, ки солҳои ахир ҳар чӣ бештар дар истеҳсоли этанол барои сӯзишвории биологӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ба ақидаи муаллифони гузориш, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бори дигар ба бурду бохт аз ин амал таваҷҷӯҳ кунад.

XS
SM
MD
LG