Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои СММ барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони озуқа


Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ (UNFAO) рӯзи ҷумъа бо ҳадафи аз байн бурдани нигарониҳои байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрони озуқа нишасти якрӯзаи муҳимтарин содиркунандагону харидорони ҷаҳонии ғалларо баргузор намуд.

Дар солҳои 2007 ва 2008-ум 38 кишвари олам бо ишора ба ҳосили ночиз содироти ғалларо мутаваққиф намуда, боиси ба осмон дакка хӯрдани қимати ғаллаву орд шуда буданд. Вале имсол коршиносон мегӯянд, ки вазъ ба қадри кофӣ беҳтар аст.

Рӯзи ҷумъа Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ (UNFAO) бо ишора ба хотироти начандон хушоянди ду-се соли пеш як нишасти байналмилалии хос барои рафъи нигарониҳои саросарӣ аз болоравии нархи ғалларо доир намуд. Иштирокчиёни нишаст дар пойтахти Италия саъй намуданд, роҳҳои эҳёи суботи бозори ғалларо пайдо кунанд.

Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ ба ширкаткунандагони нишаст пешниҳод кард, ки дар бораи нооромиҳои ахири бозорҳо, нақши иттилои бозор ва шаффофияти иттилоъ дар бораи ҳосилу захираҳои ғаллаву биринҷ табодули назар кунанд.

Ба қавли ин муассисаи СММ, дар муқоиса бо ибтидои соли 2009-ум индекси нархи орду ғалла тақрибан 25 дарсад боло рафта, дар кишварҳои шабеҳи Мозамбик мавҷи эътирозҳои дастаҷамъиро ба бор овард. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ хариди озуқа ва ба хусус орду ғалла, бахши асосии буҷаи оилаҳо буда, болоравии нархи он ба кисаи мардум зарбаи шадид мезанад.

Нигарониҳо аз манъи содироти ғалла аз Русия

Русия пас аз хушксолии бесобиқа содироти гандумро манъ кардааст
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ин маҷлис ҳамчунон манъи содироти ғалла аз Русия қаламдод шудааст. Хушкӣ, ҳавои фавқулода гарм ва сӯхтори ҷангалҳо бахши бузурги ҳосили имсолаи ғалла дар Русияро барбод дод. Коршиносон тахмин мекунанд, ки шояд ҳосили имсолаи ғалла ҳамагӣ 75 дарсад иҷро шавад.

Вале раиси Иттиҳодияи ғаллапарварони Русия Аркадий Злоческий ба хабарнигорон гуфт, ки захираҳо имкон медиҳанд, ки ин кишвар ниёзмандиҳояшро барорад, яъне ба воридот эҳтиёҷе пайдо нахоҳад шуд:

"Дар муқоиса бо нақшаи ибтидоӣ мо тахминан сеяки ҳосилро гум кардем. Ба ҳар ҳол дар амборҳо аз 62 то 65 миллион тонна ғалла супурда мешавад. Бо дар назардошти он, ки мо ҳоло бузургтарин захираи ғалла дар таърихи ин кишварро дар ихтиёр дорем, ки он тибқи омори расмӣ ба 26 миллион тонна мусовӣ мебошад, эҳтимол имсол тамоми ниёзмандиҳои мо ба ғалла аз ҳисоби захираҳои дохилӣ бароварда шавад".


Президенти Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, дар поёни мавсими ғунучини ғалла ин кишвар дар мавриди тамдид ва аз байн бурдани манъи содирот тасмим мегирад. Манъи содироти ғалла аз Русия, ки яке аз бузургтарин содикунандагони ғалла дар саросари олам аст, боиси болоравии нархи орду ғалла гардид. Моҳи равон дар дохили худи Русия мардум ба захиракунии орду ғалла рӯй оварда, нархи ин маводи ниёзи аввалияро то 10 дар сад боло бурданд.

Коҳиши ҳосили ғалла дар Украина ва Қазоқистон

Вазъи ногувори обу ҳаво ҳосили дигар содиркунандагони бузурги ғалла - Украина ва Қазоқистонро ҳам коҳиш додааст.
Чанде пеш вазорати кишоварзии Қазоқистон эълон кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳосили ғаллаи ин кишвар 40 дарсад камтар хоҳад буд.

Авазхон Даринов, раиси Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии Қазоқистон, мегӯяд, имсол хушкиву ҳосили пасти ғалла имкон дорад, то 20 дарсади хоҷагиҳоро муфлис гардонад.

Ҳукумати Украина тахмин мекунад, ки имсол ҳосили ғаллаи ин кишвар нисбат ба соли гузашта 15 дарсад поинтар хоҳад буд.
Коршиносон манъи содиротро роҳи берунрафт аз бӯҳрон намешуморанд. Онҳо мегӯянд, солҳои 2007-2008-ум манъи содироти ғалла дар 38 кишвари олам нархи онро ба маротиб боло бурд, вале ҳеҷ мушкиле ҳал нашуд.

Мансабдорони СММ мегӯянд, ки ҳамоҳангӣ имкон медиҳад, ки ҷаҳон аз афзоиши мардуми гурусна ҷилавгирӣ кунад. Дар каме беш аз як соли гузашта аҳли олам шумораи мардуми гуруснаро 98 миллион коҳиш дода, ба 925 миллион нафар баробар кард, вале ба қавли муассисаи озуқа ва кишваорзии СММ таҳаввулоти ахир дар бозорҳои ҷаҳонии ғалла метавонад ин равандро ба ақиб кашад.
XS
SM
MD
LG