Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо Юнонро аз бӯҳрон наҷот медиҳад


Вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки барномаеро барои наҷоти молии Юнон таҳия кунанд.

Баъд аз чанд ҳафтаи баҳсҳо дар бораи кӯмак ба Юнон барои раҳоӣ аз бӯҳрони қарзи ҳангуфт саранҷом Иттиҳодияи Аврупо барномаи кӯмакро муаррифӣ кард.

Вазирони молии 16 кишвари узви ин иттиҳодия шоми рӯзи душанбе дар Бруссел бо ҳам мулоқот ва дар бораи як барномаи кӯмак ба тавофуқ расиданд. Тибқи ин барнома, кишварҳои Аврупо бар асоси тавофуқот бо баҳраи бештар ба Юнон қарз медиҳанд.

Қарзҳо замонат нахоҳанд дошт ва амалиёти тиҷоратӣ дониста хоҳанд шуд. Чунин қарз муқаррароти молии Иттиҳодияи Аврупоро дар бораи доду гирифти вом нақз намекунад.

Хабаргузории иқтисодии Bloomberg аз қавли Як Киз де Ягер, вазири молии Ҳоланд, навиштааст, чунин кӯмакҳо бастаи амалиёти тиҷоратӣ мебошанд. Вай гуфт, бояд Юнон омода бошад, ки баҳраи қарзҳоро нисбат ба баҳраҳои маъмулӣ бештар пардохт кунад.

Чунин қарзҳо барои гардиши молу коло дар бозорҳои Юнон замина фароҳам месозад. Жан Клод Юнкер, нахуствазири Люксембург, мегӯяд, "аз Юнон замоне ҳимоят мекунанд, ки агар чунин ҳимоят зарур шавад. Мо фикр намекунем, ки чунин ҳимоят зарур шавад".

Вазирони молии Фаронса ва Олмон низ ҳамин гуна мавзеъгирӣ доранд ва мегӯянд, ки амалиёти кӯмак зарур нест. Худи Юнон тадбирҳои шадид андешидааст ва тибқи меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо мумкин худаш мустақилона аз бӯҳрон берун ояд.

Бо вуҷуди ин нигарониҳои аслии Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки мумкин аст бӯҳрони қарзи Юнон ба арзиши евро асар гузорад ва сармоягузорон дар Испанияву Португалия ва кишварҳои дигари қарздор ба ҳарос афтанд.

Аз моҳи ноябри соли гузашта евро арзиши худро дар баробари доллар 10 дарсад аз даст додааст. Қарор аст 25-26-уми март дар Брюссел мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор шавад ва дар он барномаи тарҳрезикадаи вазирони молӣ барои кӯмак ба Юнон ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG