Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои додгоҳи Аврупо аз Русия


Маҳмудрӯзӣ Искандаров феълан дар зиндон ба сар мебарад

Маҳмудрӯзӣ Искандаров феълан дар зиндон ба сар мебарад

Додгоҳи Аврупо аз Русия дархост кардааст, ки ҷузъиёти истирдоди раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Маскав ба Душанберо шарҳ диҳад.

Бар асоси ин дархост, мақомоти зидахли Русия муваззаф шудаанд, ки посух ба суолҳои додгоҳи Аврупо дар мавриди боздошт ва наҳваи истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ, аз Русия ба Тоҷикистонро то моҳи сентябри соли равон ба ин додгоҳ ирсол кунанд.

Масъулони ҷиноҳи ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Душанбе ин хабарро таъйид кардаанд. Гуфта мешавад, ин дархост бар асоси шикояти Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Искандаров, сурат гирифтааст.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, соли 2005 мелодӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шуд ва феълан дар зиндон ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG