Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавқеъи Обама ва Маккейн пеш аз интихобот


Тибқи назарсанҷиҳо дар Амрико, Борак Обама аз Ҷон Маккейн дар сафи пеш қарор дорад.

Аммо нуктаи муҳиме, ки коршиносони интихоботӣ ба он ишора мекунанд ин аст, ки ин назархоҳиҳо то чӣ андоза метавонад дар рӯзи раъйдиҳӣ ба воқеъият дуруст ояд, зеро коршиносон фазои кунунии интихоботиро дар таърихи Амрико бесобиқа медонанд. Гузашта аз ин, чӣ омилҳо метавонанд дар ҷараёни раъйдиҳии 4-уми ноябр хости раъйдиҳандагонро барои интихоби номзади мавриди назарашон ангезиш диҳад?

Рӯзи сешанбе 28-уми октябр дар Амрико маркази иттилоотии Пию, ки аз марказҳои муътабари таҳлиливу иттилоотӣ ин кишвар ба шумор меравад, натиҷаҳои назархоҳии худро нашр кард. Тибқи ин натиҷаҳо, Борак Обама аз рақиби худ Маккейн 16 дарсад дар сафи пеш аст. Баъзеи дигар аз марказҳои миллии назархоҳии Амрико бартарии Обама нисбат ба Маккейнро аз 5 то 9 дарсад нишон додаанд.

Номзади демократҳо аз чанд ҳафта ба ин сӯ дар муборизаи интихоботӣ пешсаф аст ва бисёриҳо дар матбуъот ҳангоми сӯҳбат дар бораи интихобот аз мафҳуми "интихоботи торихӣ" истифода мекунанд ва мегӯянд, натиҷаҳои интихобот аз ҳоло маълум аст. Вале пешгуиҳои онҳо ва нгатиҷаҳои назархоҳӣ то чӣ андоза воқеъият дорад ва дар рӯзи интихобот бароварда мешавад?

Вале Маккейн - рақиби Обама дар охири ҳафтаи гузашта ин пешгӯиҳо ва натиҷаҳои назархоҳиро дур аз воқеъият хонд. Маккейн барои ин гуфтаҳои худ баъзе далелҳо дорад. Масалан, декабри соли гузашта рузномаи "Вошингтон Пост" навишт, ки хонум Клинтон дар аёлати Айова аз рақиби худ Обама 30 дарсад пеш аст. Вале баъд аз ду ҳафта хонум Клинтон дар ҳамин аёлат сабқатро ба Обама бохт. Ҳамон рӯзҳо маркази назарпурсии Зогбӣ мегуфт, ки Обама дар Нию Ҳэмпшайр 10 дарсад аз хонум Клинтон пештар аст. Вале хонум Клинтон дар Нию Ҳэмпшайр баранда шуд. Бо назардошти чунин омилҳо баъзе коршиносон мегӯянд, ки мумкин аст дар интихоботи 4-уми ноябр низ баъзе пешгӯиҳо иштибоҳӣ бошад.

Баъзе рӯзноманигорон, ҷомеъашиносон ва таҳлилгарони сиёсӣ дар ин интихобот дар бораи нажод низ сӯҳбат мекунанд, чун номзадии як фарди сиёҳпуст дар торихи Амрико бесобиқа аст. Дар 25 соли гузашта бори аввал аҳолии сафедпуст аз номзади сиёпуст ҳимоят мекунанд. Ҳассосияти дигар низ набояд дур аз мадди назар монад. Соли 1982 дар назархоҳиҳо барои ишғоли курсии волии Калифорниё бисёриҳо гуфтанд, ки аз номзади сиёҳпуст аз Том Брэрлӣ-шаҳрдори вақти Лос Анҷелес ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Вале дар рӯзи райдиҳӣ шояд аз нажоди худ хиҷолат кашиданд ва ба номзади сафедпуст ба Ҷеорҷ Дукмейҷон раъй доданд. Он вақт натиҷаҳо нишон доданд, ки номзади сиёҳпуст нисбат ба сафедпуст хеле камтар раъй ба даст овардааст.

Оё чунин пешомадро аз интихоботи 4-уми ноябр низ метавон интизор буд? Нишонаҳое вуҷуд доранд, ки чунин пешомад истисноист. Обама аз падари сиёсҳпуст ва аз модари сафедпуст аст ва дар ҳама ҷо хуни модар азалӣ дониста мешавад. Гузашта аз ин, Обама метавонад нахустин номзади пасонажодӣ бошад, ки ранги пуст барои интихоб чандон аҳамият надорад. Гелап - маркази дигари назарпурсӣ натиҷаҳои назархоҳии худро ба табъ расондааст ва гуфтааст, 88 дарсади назардиҳандагон гуфтаанд, ки ранги пуст барои онҳо аҳамият надорад.

Намунаи дигари ҷолиб низ ҳаст. Баъзе демократҳо мегӯянд, ки дар соли 2006 дар интихоботи Теннессӣ Ҳералд Форди хурдӣ рақиби як сиёҳпуст буд. Назархоҳиҳо нишон доданд, ки сиёҳпуст бо 3 дарсад бартарӣ баранда мешавад. Дар рӯзи интихобот сиёҳпуст воқеъан бо ҳамин се дарсад бар рақиби сафедпусти худ баранда шуд. Бо назардошти чунин намунаҳо то ҳол таҳлилгарон ба таври қотеъ аз пешгӯӣ дар бораи пирӯзии сиёҳпуст Обама ё сафедпуст Маккейн худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG