Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даҳаи аввали моҳи сентябр доллари Амрико дар муқобили евро ба поинтарин мизон фаромад.

Рӯзи чоршанбе 1 евро бо 1, 45 доллари Амрико табодул мешуд. Дар ҳамин ҳол нархи як унсия (тахминан 31 грамм)-и тилло ба 1000 доллар мусовӣ шуд. Ин поинтарин қурби доллар дар як соли гузашта аст.

Шореҳон мегӯянд, як сол пеш дар авҷи бӯҳрони молӣ сармоягузорон ба доллар ҳамчун пули дорои кафолат рӯ оварда буданд ва ҳоло ба назар мерасад, ки ин ҷараён тағйир ёфтааст.

Як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо бонки сармоягузории Леҳман Бразерс (Lehman Brothers) дар Амрико муфлис шуда, бӯҳрони молиро ба авҷи аъло расонда буд. Дар он вазъи буғранҷ доллар пирӯз шуд. Дар давоми тахминан як ҳафта қурби доллар аз 1,55 дар муқобили як евро то ба 1,25 дар муқобили евро боло рафт.

Ҳоло боз қурби як евро тахминан ба 1,45 доллар баробар шудааст. Ҷолиби зикр ин аст, ки соли гузашта шореҳон аснои тафсири зафъи доллар дар бораи амиқрафти бӯҳрон ҳарф мезаданд. Ҳозир онҳо поинравии қурби долларро ба "хушбинӣ"-и сармоягузорон дар мавриди беруншавӣ аз бӯҳрон иртибот медиҳанд.

Дар ин бора Ҷеймс Ҳуҷиз аз бозори асҳоми СМС-и Лондон мегӯяд, "он замон мо бо коҳиши истеҳсолот рӯ ба рӯ будем ва сармоягузорон пулашонро аз саҳмияҳои пурхатар ба доллар мубаддал менамуданд. Ҳозир бошад, назари сармоягузорон дар мавриди дурнамои иқтисод мусбаттар шудааст. Ҳафтаҳои ахир мо дар бораи ҳамоиш ва фарогирии ширкатҳо хабари зиёд шунидем. Мо дарёфтем, ки шояд ба ҳамин зудиҳо Олмон, Фаронса ва Британия аз рукуд берун шаванд. Хулоса, феълан хабарҳои хуб аз ин суву он сӯ ба гӯш мерасанд".

Хулоса, сармоягузорон иштиҳои фоида пайдо намуда, ба сармоягузории бештар дар лоиҳаҳои мухталиф ҷуръат мекунанд. Бар илова ибтидои моҳи сентябр бист кишвари саноатии олам изҳор намуданд, ки сарфи назар аз нишонаҳои рафъи бӯҳрон онҳо дастгирии иқтисодҳояшонро то муддате идома медиҳанд.

Дар ин бора Ян Станнард аз бонки фаронсавии БИ-ЭН-ПИ (BNP Paribas) мегӯяд, кишварҳои саноатӣ хавф доранд, ки қатъи дастгирии молӣ иқтисодҳо метавонад ҷараёни заифи рушдро барҳам занад. Ҳамзамон бо он Бонки Марказии ИМА тасмим гирифтааст, то як муддате қарзаи бонкиро ҳамоно поин нигаҳ дорад.

Ҳамин тариқ доллари нисбатан заиф, боиси таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба тилло гардида, нархи як унсияро ба як 1000 доллар баробар кард.

Ба қавли Станнард омили болоравии нархи тило беруншавии фурӯшандагони ин филизи гаронбаҳо аз ҳеҷфондҳо мебошад. Яъне истеҳсолкунандагон намехоҳанд тилоро бо нархи қаблан мувофиқат шуда, ба фурӯш бароранд. Ширкати маъруфи истеҳсолкунандаи тило бо номи Барик эълон кард, ки аз ҳеҷфонд ( ба англисӣ HEDGE) ,берун шуда, тилоро дар бозори озод мефурӯшад.

Станнард меафзояд, "истеҳсолкунандагони тило аз ҳеҷфондҳо берун шуда, бо ин амал нархи тилоро боло бурданд. Аммо ин раванд ба тадриҷ хотима меёбад, яъне эҳсос мешавад, ки дасгирии хоси бозори тило аз байн бурда хоҳад шуд."

Ва аммо ақидаи шореҳон дар мавриди дурнамои доллар мухталиф аст. Ҳуҷиз мегӯяд, ки ба зудӣ як евро ба 1,5 доллар баробар хоҳад шуд. Станнард бошад, бар ин назар аст, ки то охири сол қурби як евро ба 1,35 доллар ва дар миёнаҳои соли 2010-ум то 1,25 доллар поин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG