Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ хотима ёфт?


Иддае аз кишварҳо иброз доштаанд, ки рукуди иқтисодиро пушти сар кардаанд. Раиси Бонки Марказии ИМА ахиран гуфт, ки дар ин кишвар рукуд хотима ёфт.

Ҳамчунон комиссияи аврупоӣ низ таъкид кардааст, ки иқтисодҳои бузурги аврупоӣ зоҳиран ба марҳилаи рушд расидаанд. Мисли он вазири молияи Русия ҳам ба эҳтимоли рушди иқтисоди ин кишвар ишора кард.

То ҳанӯз қадаҳҳоро пур накардаанду ба муносибати берунрафт аз бӯҳрони иқтисодӣ нанӯшидаанд, вале изҳороте, ки рӯзҳои ахир раҳбарони ниҳодҳои иқтисодиву молии кишварҳои қудратманд пахш намудаанд, ба қадри кофӣ итминонбахшанда ҳастанд.

Дар нимаи дуввуми сол мо шоҳиди он шудаем, ки вазъ беҳбуд меёбад. Аз ин рӯ изҳороти раҳбарон назар ба пештара итминони бештар мебахшанд ...
Бен Бернанке раиси Бонки Марказии ИМА, мегӯяд, "Аз нуқтаи назари техникӣ рукуд хотима ёфтааст". Комиссари иқтисодиву пулии Комиссияи Аврупо Хоакин Алмуния бошад, вазъро ин тавр шарҳ медиҳад, "метавонем гӯем, ки сангоб гузашт". Ва ин аст садои вазири молияи Русия Алексей Кудрин: "Дар чоряки сеюм мо шоҳиди оғози берунрафт аз рукуд мешавем. Дар ин бора ҳеҷ шубҳа надорем. "

Ва аммо агар ба омор назар афканем, вазъ чӣ гуна аст? Рӯзи сешанбе иттилоъ пахш шуд, ки моҳи август дар ИМА мизони фурӯш 2,7 дарсад боло рафт, ки барои аввалин бор дар севвуним соли ахир ба вуқӯъ пайвастааст.

Шореҳон мегӯянд, муштариёни амрикоӣ эътимод пайдо кардаанд ва аз харидории ашёи ба истилоҳ "на чандон зарур" худдорӣ намекунанд. Чанде пеш аз он хабар расид, ки дар фурӯши хона ва истеҳсолоти саноатии ИМА ҳам нишонаҳои устуворӣ ба чашм мехӯрад.

Хонум Ванесса Россӣ таҳлилгари баландмақоми пажӯҳишгоҳи Чатам Ҳауси Лондон мегӯяд, ки беҳбуди воқеии дурнамоии рушд изҳороти раҳбаронро қотеътар кардааст. Вай мегӯяд, "дар нимаи дуюми сол мо шоҳиди он шудаем, ки вазъ беҳбуд меёбад. Аз ин рӯ, изҳороти раҳбарон назар ба пештара итминони бештар мебахшанд".

Дар баробари ин ҳама пешбиниҳои рангоранг раҳбарон эҳтиётро аз даст намедиҳанд. Раиси Бонки марказии ИМА изҳор намуд, ки то муддате рушд суръати бузурге касб нахоҳад кард ва вазъ нозук боқӣ мемонад. Раҳбарони ниҳодҳои молии Аврупову Бритониё ҳам ба шакли дигаре ҳамин изҳороти боэҳтиётро такрор кардаанд. Яъне дар ояндаи наздик набояд мунтазири рушди босуръат ва пайдоиши ҷойҳои зиёди корӣ буд.

Шояд ҳамин аст, ки 20 кишвари саноатии олам тасмим гирифтаанд сарфи назар аз нишонаҳои рушд то муддате дастгирии молии иқтисодҳояшонро идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG