Пайвандҳои дастрасӣ

Нармиши Аврупо дар баробари Узбакистон


У украинского Национального совета несколько претензий к росссийским каналам. Например, «постоянные параллели между Гитлером и Ющенко», которые проводятся в новостях

У украинского Национального совета несколько претензий к росссийским каналам. Например, «постоянные параллели между Гитлером и Ющенко», которые проводятся в новостях

Иттиҳодияи Аврупо тасмим хоҳад гирифт, барои муваққат таҳримҳои нисбат ба Ӯзбакистон ҷорикардаашро бекор кунад.

Чунин иқдом, мегӯянд мақомоти ин ниҳод, ба хотири барқарор кардани равобити наздиктар бо мақомоти Ӯзбакистон ва дар шароити изҳори омодагии ин кишвар барои баррасии масоили ҳуқуқи башар бо Иттиҳодияи Аврупо гирифта шуд. Дар таърихи 15 октябр, соатҳо қабл аз баргузории нишасти ин ниҳод дар Люксембург, раиси Кумиссиюни равобити байналмилалӣ Бенита Ферреро Валднер гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд таҳримоти мазкур барои мӯҳлати шаш моҳ бардошта шуда хусусияти шартиро касб хоҳад кард, то ки мақомоти Ӯзбакистон дигар даст ба нақзи ҳуқуқи инсон назананд.

Хонум Феррера Валднер гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бо назардошти чандин иқдоми муҳими аз ҷониби Тошканд гирифташуда амал кардааст, аз ҷумла, ду давраи музокироташ бо Иттиҳодияи Аврупо дар пешорӯи рӯйдодҳои Андиҷон, як даври музокирот дар мавзӯи ҳуқуқи башар, озодии шартии баъзе зиндониёни сиёсӣ ва аз байн бурдани ҳукми қатл. Ӯ афзуд, дар дарозмуддат Тошканд бояд барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ҷиддан кор кунад. Иттиҳодияи Аврупо таҳрими хариду фурӯши аслиҳаро барои ҳукумати Ӯзбакистон бетағйир хоҳад гузошт, ҳарчанд аз нигоҳи худи ин ниҳод, ин таҳрим бештар хусусияти рамзӣ доштааст.

Моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон садҳо нафар ба нишони эътироз аз шароитҳои номусоиди иқтисодиву сиёсиашон ба хиёбонҳо рехтанд. Ҳукумат, бо иттиҳоми ин ки ин нафарон аъзо ва ҷонибдорони гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ, мисли Акрамия мебошанд, барои пахши ин мардум артиши мусаллаҳро сафарбар кард. Иттилоъи расмӣ ҳокист, ки дар ин рӯйдодҳо 187 нафар, аз ҷумла сарбозони артиши Ӯзбакистон ба ҳалокат расиданд. Аммо гурӯҳҳои ҳуқуқи башар шумори воқеии қурбониёнро ба маротиб бештар - дар ҳудуди 700 нафар арзёбӣ карда гуфтанд, ки аксари онҳо кӯдакону занон ва пиронсолон буданд.

Дар пайи ин рӯйдодҳо, садҳо нафар боздошт ва ба зиндонҳо андохта шуданд, қариб куллия созмонҳои хориҷӣ, ба вижа созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз қаламрави Ӯзбакистон берун кардан шуд. Баъдан, Иттиҳодияи Аврупо мақомоти баландпояи Ӯзбакистонро аз сафар ба хориҷа таҳрим карда, хариду фурӯши аслиҳаро низ ба ин кишвар манъ кард.
XS
SM
MD
LG