Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА хостори ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ шуд


Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ҷонибдори ташкили конфронси ҷаҳонӣ барои рафъи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мебошанд.

Чунин конфронс, ки дар он қарор аст масоили рафъи мушкилиҳои молии кунунӣ ва танзими низоми нави назорати молии ҷаҳонӣ баррасӣ шавад, эҳтимол моҳи оянда баргузор гардад, вале то ҳанӯз чорчӯби он шумори иштирокчиёни он мушаххас нашудааст.

Поинравии нархи авроқи гаронбаҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ идома дорад. Рӯзи панҷшанбе нархи саҳмияҳо дар Осиёву Аврупо ба қадри кофӣ поин рафт. Ҳукумати Швейтсария эълон кард, ки барои наҷоти бонкҳои ин кишвар даҳҳо миллиард доллар тахсис медиҳад.

Рӯзи чоршанбе бошад, бозорҳои молии ИМА ва Япония ё худ Ҷопон бо бузургтарин хасорот аз замони оғози бӯҳрон мувоҷеҳ шуда буданд. Хуллас, вуруди пули зиёд ҳам то ҳанӯз бозорҳои молиро ором накардааст ва раҳбарони кишварҳо ҳар чӣ бештар дар бораи решаи мушкиливу роҳҳои ҷилавгирии он дар оянда ҳарф мезананд.

Дар шаҳри Брусел президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, ки раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, даъват кард, ки моҳи оянда дар Ню Йорк конфронси байналмилалӣ бо ширкати раҳбарони мамолик барпо шавад. Ҳамин гуна рӯзи чоршанбе намояндагони ҳашт кишвари саноатии олам маъруф бо номи G-8 даъват карданд, ки дар вақти муносиб чунин мулоқоти байналмилалӣ доир гардад, вале онҳо низ пиромуни чорчӯби он чизе нагуфтанд.

Президент Саркозӣ мегӯяд, ки ҷаҳон ба як низоми нави капитализм ё худ сохти давлатии сармоядорӣ эҳтиёҷ дорад: «Ягон муассисаи молӣ бидуни кадом истисное набояд аз назорат ва муроқибат берун бошад. Мо ба як низоми иҷроияи пулӣ эҳтиёҷ дорем, ки аз дохилу хориҷ назорат шавад, то дар он фоидаиҷӯии кӯр-кӯрона ҷой надошта бошад ва раҳбарону мудирон масъули қарорҳои қабул кардаашон бошанд».

Ба суханони дигар гӯем, раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдори таҳкими назорати молии саросарӣ мебошанд. Феълан бонкҳо аз марзҳои кишварҳо убур намудаанд, вале назорати онҳо дар дасти як кишвар ва ё як фарде қарор дораду онҳо фақат манфиати худашонро ҳифз мекунанд.

Сарвазири Британия Гордон Браун пешниҳоди Саркозиро дастгирӣ намуда, афзуд, ки ҷаҳон ба як биниши нав эҳтиёҷ дорад, мисли он, ки дар солҳои чилуми қарни гузашта конфронси "Bretton Woods" ба низоми мроливу пулии ҷаҳон поягузорӣ намуда буд. Ҳамзамон дар Брусел сарвазири Британия дар бораи Сандуқи Байналмилалии Пул ҳамчун зербинои назорати бозорҳои молии ҷаҳонӣ ҳарф зад.

Ба қавли Браун гурӯҳи нозирон аз кишварҳои асосгузори Сандуқ бояд 30 муассисаи бузургтарини молиро зери муроқибат қарор диҳанд. Ҳамин тариқ конфронси байналмилалӣ бояд муқаррар кунад, ки низоми молии ҷаҳон чӣ роҳеро пеш хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG