Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон омодаи гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупост


Ҳовиер Солана, масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо

Ҳовиер Солана, масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо

Масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳовиер Солана аз мақомоти Эрон номаи омодагӣ ҷиҳати гуфтушунид барои барномаи ҳастаиро гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҳовиер Солана, дар ин нома, ки вазорати берунаи Эрон унвонии ӯ ирсол кардааст, ҷониби Эрон барои гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо дар заминаи барномаи ҳастаии Теҳрон ибрози тамоюл намудааст.

Ёдовар мешавем, ки се ҳафта қабл масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо ба раҳбарони Эрон бастаи нави пешниҳодҳои "шашгона" – панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмонро тақдим кард. Дар ин баста ба Теҳрон дар ивази қатъи барномаи ҳастаӣ ва ғанисозии ураниум ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши энержии ҳастаӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ пешниҳод шуда буд.

Чун Теҳрон ба ин пешниҳод ҷавоби рад дод, пас аз як ҳафта, 23 июн, дар нишасти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бар зидди Эрон як қатор таҳримҳо барои ҷилавгирӣ аз нақшаҳои Эрон ҷиҳати ғанисозии ураниюм қабул шуд. Ин таҳримҳо то кунун идома дорад.

Коршиносон тахмин мезананд, ки дар гуфтушунидҳои нави Иттиҳоди Аврупо ва Эрон мавзуъи қатъи тамоми барномаҳои ҳастаии Теҳрон баррасӣ нахоҳад шуд, зеро дирӯз намояндаи ҳукумати Эрон Ғуломҳусейн Илҳом гуфта буд, ки "мавзӯъи қатъи барномаи ҳастаии кишвар наметавонад мавриди баррасӣ қарор гирад».

Ба гуфтаи коршиносон дар ин гуфтушунидҳо Иттиҳоди Аврупо талош хоҳад кард, то Эронро розӣ созад, ки барои барномаи ҳастаии худ ураниюми ғанишудаи хориҷиро истифода кунад ва аз нақшаи ғанисозии ураниюми худ даст кашад. Зеро дар он сурат эҳтимоли истифодаи ураниюми ғанишуда барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд хоҳад дошт.

Вале ҷониби Эрон маъмулан дар ҷавоб чунин изҳори назари Ғарбро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаии ин кишвар дар ҳар сурат аҳдофи осоишта хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG