Пайвандҳои дастрасӣ

Нафъҳо ва зарарҳо аз иттиҳоди гумрукӣ


Э. Раҳмон: "Тоҷикистон алоқаманд аст, ки шомили Иттиҳодияи гумрукӣ шавад".

Э. Раҳмон: "Тоҷикистон алоқаманд аст, ки шомили Иттиҳодияи гумрукӣ шавад".

Дар нишастҳои Душанбе яке аз масоили калидӣ таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ миёни се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистон буд. Кишварҳои дигари узв мисли Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон феълан берун аз ин иттиҳоди гумрукӣ монданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, кишвараш алоқаманд аст, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил гардад. Тасмим шуд, ки Иттиҳоди гумрукӣ густариш ёбад ва аъзои ҷомеаи АврОсиёро низ фаро бигирад.

Аммо дар асноди расмии Иттиҳоди гумрукӣ гуфта мешавад, ки кишварҳои дигари узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё танҳо баъди се соли таъсиси ин иттиҳодия метавонанд ба узвияти он пазируфта шаванд. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам таъкид кард, ки кишварҳои узви Созмони Авросиё танҳо дар соли 2010 метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шаванд.

Коршисон сари манофеъи Тоҷикистон дар сурати шомил шудан ба Иттиҳоди навтаъсис назарҳои мухталиф доранд. Иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, аз ин иттиҳод бештар кишварҳои иқтисодашон рушдкарда манфиат мебардоранд.

Аммо гурӯҳи дигари иқтисоддонон назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд, назорати гумрукӣ аз марзҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё бардошта шуда ва ба марзҳои берунаи Иттиҳоди гумрукӣ мегузарад. Инчунин воридоту содироти молу коло дар кишварҳои узви Иттиҳод афзун ва тартиби яксони гумрукӣ муқаррар мешавад. Ба андешаи ин идда, барои Тоҷикистон муҳим хоҳад буд, ки мушкили ҳамлу нақл дар қаламрави Иттиҳодияи гумрукӣ, ба вижа миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳал мешавад.

Баҳси бештар дар ин бора ва мушкилоту дастовардҳои иқтисоди Тоҷикистон дар маҷаллаи навбатии «Дунёи иқтисод» идома ёфтааст.

XS
SM
MD
LG