Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Дмитрий Медведев ба Олмон


Имрӯз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Руси, озими Олмон мешавад ва дар назар аст, ки бо раиси ҷумҳурӣ ва садри аъзами ин кишвар мулоқот кунад.

Таҳлилгарон аз ҳоло мегӯянд, ки бо вуҷуди чунин маҳдуд будани фурсат ва доираи мулоқотҳо аксарият интизор доранд, ки бубинанд, оё воқеан ҳам Медведев ҷонибдори сиёсати бозу либералӣ бо Ғарб аст, ё на. Ва инчунин суоли муҳими дигар ин аст, ки оё таъйинкунандаи аслии сиёсати хориҷии Русия баъди ба мақоми нахуствазирӣ гузаштани Владимир Путин, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар, кист? Феълан аксар таҳлилгарон, ба мисли Евгений Волк, як сиёсатшиноси рус, мутмаинанд, ки раиси ҷумҳурии Русия аз хати кашидаи Путин берун нахоҳад рафт. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

"Дар Аврупо такягоҳи асосӣ Олмон, яке аз шарикони наздиктарини сиёсиву иқтисодӣ аст. Сафари Медведев ба Олмон идомаи сиёсати хориҷии Русия мебошад. Ин як аломатест ба Ғарб, ки Русия дар сиёсати хориҷиаш ҳеҷ тағйиротеро, ки аз аҳди Путин тафовут дошта бошад, ҷорӣ карданӣ нест".

Нахустин сафари хориҷии Медведев баъди расидан ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Қазоқистону Чин буд, аммо бо сафари имрӯзаи худ ба Олмон, тавре нозирон мегӯянд, Маскав мехоҳад ба Аврупо ишора кунад, ки манфиатдори эҷоди равобити ҳасана бо Ғарб мебошад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ Олмон дар Аврупо аз муҳимтарин шарикони Русия маҳсуб меёбад. Мизони гардиши молу коло миёни ин ду кишвар солона 53 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳарду кишвар ҳоло машғули бунёди лӯлаи газе мебошанд, ки тавассути бистари баҳри Балтик пайванд мегирад.

Аммо роҷеъ ба интизориҳо аз ин сафар дар Олмон чӣ гуфта мешавад? Ин саволест, ки ин шабу рӯз дар матбуоти олмонӣ зиёд мечархад. Бояд гуфт, ки Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз баъзе иқдомоти нахустини Дмитрий Медведев изҳори хушӣ кардааст, аз ҷумла дар робита бо талошҳои вай барои бештар мустақил кардани низоми додгустарии Русия ва мубориза бо фасод. Аммо бо ин вуҷуд, интизор меравад, ки хонум Меркел дар мулоқоти рӯбарӯ бо Медведев дар бораи нишондодҳои ташвишовари вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва поймолшавии озодии матбуот дар Русия, ки мояи ташвиши Ғарб ҳам мебошад, сӯҳбат кунад. Дар ин замина, як таҳлилгари олмонӣ Ҷоел Ҳиммелрейҳ аз Бунёди Маршал, воқеъ дар Берлин, чунин гуфт:

"Дар маҷмӯъ, таъсиргузорӣ ба сиёсати дохиливу хориҷии қудрате мисли Русия хеле душвор аст. Ба эҳтимоли зиёд, Русия аллакай аз шунидани дарси демократияву сиёсати хориҷа сер шудааст. Аммо бо вуҷуди ин хеле муҳим аст, ки ба Русия ошкоро гуфта шавад, ки сиёсати дохиливу хориҷии он бо санадҳое, ки ин кишвар ҳамроҳ бо ИМА ва Шӯрои Аврупо ба имзо расонидааст, мувофиқат намекунад".

Албатта, бояд гуфт, ки дар ин мулоқот ба масоили байнулмилалии дигар низ муроҷиат хоҳад шуд, аз ҷумла мавзӯъи болоравии қимати энержӣ, ҳифзи муҳити зист, ҷараёни сулҳи Ховари Миёна, Косово ва нишасти сарони кишварҳои санъатии ҷаҳон дар моҳи оянда дар меҳвари гуфтугӯҳои Русияву Олмон қарор хоҳад дошт.

Ва як чизи ҷолиби дигар, ки дар пешорӯи ин сафар дар борааш зиёд ишора шудааст, ин аст, ки аз назари равобити инсонӣ Меркелу Медведев нахоҳанд тавонист он иртиботеро, ки Меркел бо Путин доштааст, барқарор кунанд, мегӯянд таҳлилгарон.

Путин донандаи забони олмонӣ буду озодона бо мақомоти ин кишвар сӯҳбат мекард ва дигар ин ки вай бо Меркел тақрибан ҳамсин аст. Масалан таҳлилгар Евгений Волк мегӯяд, ки дар фурсати аввал шояд ҳам хонум Меркел Медведевро ба ҳайси як раҳбари ботаҷрибаву солхӯрдатар раҳнамоӣ кунад ва ӯро чун як сиёсатмадори дорои нуфузи камтар назар ба Путин арзёбӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG