Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду таркиши маргбор дар Русия


Имрӯз дар натиҷаи ду таркиш дар ҷумҳурии Доғистони Русия дастикам 12 нафар, бо шумули як афсари аршади милисаи маҳаллӣ кушта шуданд.

Бино ба хабарҳо, инфиҷори дугона дар шаҳри Қизлар ҳамин тавр, беш аз 20 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Ҳамлаҳои имрӯза дар Қизлар ҳамагӣ ду рӯз баъд аз ду инфиҷори хунин дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскав сурат гирифт. Он ду ҳамла, ки ба гуфтаи мақомот, бо дасти ду зани маргталаб анҷом шудааст, мунҷар ба ҳалокати 39 нафар шуд.

50 кушта дар се рӯз

Таркишҳои ахир дар метрои Маскав ва дар шаҳри Қизлари Доғистон дар маҷмӯъ беш аз 50 нафарро кушта ва зиёда аз 100 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. 9 тан аз қурбониёни ҳамлаи Қизлар афсарони милиса, аз ҷумла якеаш раҳбари шӯъбаи умури дохилаи ин шаҳр будааст.

Ин ҳамалот пайи ҳам ва дар фосилаи ҳамагӣ ду рӯз иттифоқ уфтод ва сарвазири Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе дар нишасти ҳукумати Русия гуфт, ҳамлаҳои ахир, чӣ дар Маскаву чӣ дар Доғистон шояд дасти ҳамон як гурӯҳ бошад.

Бомбгузории маргталабона

Дастикам яке аз ду ҳамлаи субҳи чоршанбе дар Қизлар низ бо дасти бомбгузори маргталаб анҷом шудааст.

Вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев гуфт, ҳамлагари аввал вақте мошини бомбгузоришудаашро тарконд, ки маъмурони милисаи роҳ ӯро дар назди сохтмони идораи умури дохилии Қизлар манъ карданд.

Вай афзуд, “ронанда қоидаи ҳаракатро вайрон карда буд, вале мошинашро манъ накард ва ҳаракаташро ба самти маркази шаҳр идома дод. Кормандони милиса ба таъқиби мошин пардохтанд ва дар роҳ ин мошин таркид. Ин бори марговар ба куҷо мерафт? Дар он наздикӣ ҳам мактаб буд, ҳам шӯъбаҳои шаҳрии умури дохилӣ ва амният.”

Марги афсарони милиса

Дар таркиши аввал ду афсари милиса кушта шуданд. Инфиҷори дуввум баъди чанд лаҳзаи дигар дар ҳамон минтақа рух дод. Ин бор, вақте дар маҳалли таркиши аввал муфаттишон ва издиҳоме аз тамошобинон ҷамъ шуда буд, ба гуфтаи вазири умури дохилии Русия, як маргталаб дар либоси корманди милиса худро ба байни издиҳом зад ва мунфаҷир кард. Раҳбари шӯъбаи милисаи Қизлар низ дар ҳамин инфиҷори дуввум кушта шуд.

Бар асари таркишҳо сохтмони мактабе, ки дар он наздикӣ буд, низ сахт осеб дидааст, вале хушбахтона, дар соати ҳамла дар мактаб кӯдакон набудаанд.

Ҳамлаҳои нави чирикӣ

Ҳамалоти чирикӣ дар минтақаи Қафқози шимолӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии бо Чеченистони ҷангзада ҳамҷавори Доғистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта буд. Вале фармондеҳи чирикиҳои чечен Доку Умаров ахиран аз эҳтимоли ба ҳамлаҳои ҷадид дар саросари Русия даст задани тобеинаш ҳушдор дод.

Бомбгузориҳои субҳи душанбе дар ду истгоҳи метрои Маскав аломати нокомии ҳукумати Русия дар амри фурӯ нишондани фаъолияти чирикиҳо дар ин минтақаи ошӯбзада талаққӣ шуда, мояи нигарониҳо дар бораи эҳтимоли силсилаи густардаи ҳамалоти ҷадид дар ин кишвар шудааст.

Масъулияти таркишҳои ахири Маскавро ҳанӯз касе ба ӯҳда нагарифтааст, вале мақомот билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи ҷангиёни фаъол дар Қафқози шимолӣ баланд карданд ва гуфтанд, таркишҳо дар метрои Маскавро ду зани маргталаб, ки бо ин чирикиҳо иртибот доштанд, анҷом додаанд.

Таҳдидҳои Путин


Инфиҷори нахуст субҳи душанбе дар истгоҳи Лубянка, дар назди қароргоҳи марказии ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия ва таркиши дуввум баъди ним соат дар истгоҳи Парк Култури рух дод.

Сарвазири Русия Владимир Путин, ки соли 1999 ҷанги дуввум алайҳи ҷудоиталабони чеченро шурӯъ карда, рӯзи сешанбе гуфт, масъулони ҳамлаҳои охирро бояд аз зери замин ҳам пайдо кард ва аз байн бурд.

Ҳамлаҳои субҳи 29 март дар метрои шаҳри Маскав пурқурбонитарин ҳамалот дар пойтахти Русия аз замони бомбгузориҳои моҳи феврали соли 2004-ум маҳсуб мешаванд. Бар асари ҳамалоти 6 соли пеш, ки низ дар метрои Маскав иттифоқ уфтод, 41 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG