Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми адиби маъруф бо айби хабаркашӣ


Милан Кундера, нависандаи маъруфи чех

Милан Кундера, нависандаи маъруфи чех

Нависандаи маъруфи чехро бо хабаркашӣ ба хадамоти амниятӣ муттаҳам мекунанд.

Дар ин рӯзҳо яке аз маъруфтарин нависандагони Ҷумҳурии Чехро бо сабабҳои дигар ба ёд меоранд. Милан Кундера бо он муттаҳам мешавад, ки дар солҳои панҷоҳуми қарни гузашта аснои таҳсил дар донишгоҳ ба полис дар бораи як вакили гурӯҳҳои муҳоҷири чех, маълумот додааст. Кундера хомӯшии тӯлонӣ дар васоити ахбори умумро канор гузошта, ин иддаои пажӯҳишгоҳи давлатии таърихро рад кард.

Иддаои хабаркашии Кундера дар ҳафтаномаи Респект, чопи шаҳри Прага ба табъ расид. Муаллифи мақола Адам Ҳрадилек пажӯҳишгари Маркази давлатии таҳқиқоти режимҳои худкома менависад, ки ҳангоми омӯзиши бойгонии полис ӯ парвандаи як вакили гурӯҳҳои муҳоҷири чехро пайдо кард, ки аз 4 ҳазор саҳифа иборат аст.

Бар пояи ин парванда моҳи марти соли 1950 Мирослав Дворачек ном шахсе аз гурӯҳҳои муҳоҷири мухолифи ҳукумати коммунистии Ҷумҳурии Чехословакия вазифа гирифта буд, ки як фарди воломақомро ба тарафдорӣ аз мухолифин моил намояд. Дворачек пинҳонӣ ба Ҷумҳурии Чехословакия омада, ҷомадонашро дар хобгоҳи донишгоҳ дар утоқи хонуми шиносаш Ива Милитка мегузорад.

Милитка, аз ин зиёрати ногаҳонӣ ба таааҷуб омада, хабари ташрифи Дворачекро ба дӯсташ Мирослав Дласк мерасонад. Дласки донишҷӯй бошад, дар сӯҳбат бо ҳамкурсаш Милан Кундера иттилоъ медиҳад, ки вакили муҳоҷирони чех Мирослав Дворачек ба Ҷумҳурии Чехословакия омадааст.

Тибқи гузориши полис Кундера бо шунидани ин хабар ба идораи полис рафта, маълумот медиҳад, ки вакили муҳоҷирон бо ҳадафи зиддиҳукуматӣ вориди ин кишвар шудааст. Йиржи Рейхл ходими пажӯҳишгоҳи режимҳои худкома аз гузориши полис иқтибос меорад: " Дар ин варақ дарҷ шудааст, ки полиси шаҳри Плзен он шахсро ҷустуҷӯ дошт. Бар пояи иттилои дастрасшуда афсарон дар утоқи хоби Милитка пинҳон шуда, мунтазири омадани Дворачек шуданд. Ӯ соатҳои тахминан ҳашти шом ба хобгоҳ омад ва ҳамон ҷо дастгир шуд".

Ибтидо додгоҳ Дворачекро ба эъдом маҳкум кард. Сипас, ба ҷои эъдом ӯро ба муддати 22 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Хуллас, Дворачек 14 солро дар зиндон сипарӣ карда, баъд аз ин кишвар ихроҷ шуд. Барои касе пинҳон нест, ки дар ҷавонӣ Кундера ғояҳои сотсиализмро дастгирӣ мекард, вале бо мурури замон ба душмани ашаддии коммунистон табдил ёфта, Чехословакияро тарк намуд.

Ҳозир Кундера 79 сол асту тақрибан 30 сол инҷониб дар Фаронса ба сар мебарад. Дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои чехӣ ӯ иттилоъи хабаркашиашро комилан такзиб намуд: "Ман аз ин хабар ба ҳайрат омадаам, аз ин хабаре, ки ҳеҷ интизорашро надоштам,... то ҳамин дирӯз дар борааш чизе намедонистам ва амале, ки ҳеҷ гоҳ ҷой надоштааст. Вақте чунин корҳо ба сомон мерасанд, фикр бояд кард, ки ҳадаф аз он чист? Медонам, ки номам дар он ҷо зикр шудааст, бароям маълум нест, ки он чӣ гуна дар он ҷо зуҳур намудааст. Чӣ гуна ман метавонам як шахсеро, ки ҳеҷ гоҳ надидааму намедонам, маҳкум кунам?".

Ба фикри Кундера дар арафаи намоишгоҳи байналмилалии китоб касе мехоҳад ӯро бадном намояд. Хулоса, хабари мазкур суолҳои зиёде матраҳ мекунад:

Оё хабар ҳақиқат дорад?

Чаро Кундера касеро ба хадамоти амниятӣ супурдааст?

Аз сӯи дигар, оё ин кашфиёт имрӯз аҳамияте дорад?

Дворачеки 80-сола ҳамроҳ бо завҷааш дар Шветсия ба сар мебаранд. Ҳамсари Доварчек мегӯяд, имрӯз баъди гузашти ин муддати тӯлониву машаққати он солҳо муҳим нест, ки кӣ дар бораи шавҳараш ба хадамот хабар бурда буд.

XS
SM
MD
LG