Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии яке аз "харҳои блогнавис" аз маҳбас


Аднон Ҳоҷизода пас аз раҳоӣ аз зиндон

Аднон Ҳоҷизода пас аз раҳоӣ аз зиндон

Рӯзи панҷшанбе бо ҳукми додгоҳи Озарбойҷон яке аз ду блогнависи маҳбус баъди як соли зиндон озод шуд. Ҳаводорони Аднон Ҳоҷизода мегӯянд, мақомот ӯро барои таҳияи гузориши масхараомези видеоие, ки дар он бо ниқоби хар нақши мансабдори давлатиро бозида буд, зиндонӣ кардаанд.

Блогнависи озарбойҷонӣ баъди сипарӣ шудани нисфи мӯҳлати муҷозот, яъне пас аз як соли зиндон ба озодӣ баромад. Ӯро дар баромадгоҳи толори додгоҳ ҷамъи ёру наздикон ва ҳаводорон пешвоз гирифтанд.

Муҷозот барои авбошӣ, ё блогнависӣ?

Тобистони соли гузашта баъди кашмакаше дар яке аз тарабхонаҳои Боку Аднон Ҳоҷизода ва ҳамкораш Эмин Миллӣ бо ҷурми авбошӣ, яке ба муддати ду сол ва дигаре ба муддати дувуним сол, аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин блогнависони маҳбус доимо иддао доштанд, ки онҳо қурбонии ҳамла буда, ҳабси онҳо дар амал ҳушдоре ба фаъолони мухолифини ҳукумати ин кишвар аст.

Ҳабси блогнависони озарбойҷонӣ боиси эътирозҳои байналмилалӣ гардида буд. Вақте моҳи ноябри гузашта додгоҳи Боку ҳукми Ҳоҷизода ва Миллиро эълон кард, танқиди зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи Озарбойҷон садо дод.



Баъди раҳоӣ аз зиндон Ҳоҷизода ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ман ҷинояткор нестам. Дар зиндон ҳам рафторам хуб буд аз ин рӯ, раҳоиям низ одилона аст. Вале ман мехоҳам худро комилан сафед кунам, зеро авбош нестам."

Ҳоҷизода интизор дорад, ки Миллӣ низ ба ҳамин зудиҳо аз диндон раҳо мешавад. Ӯ афзуд, ки рӯзи ҷумъа додгоҳ бознигарии қазияи Миллиро мадди назар гирифтааст: "Эмин Миллӣ инсони хуб аст. Ӯ ҳам авбош нест ва умедворам мушкилаш ҳал мешавад ва ӯ низ ба озодӣ мебарояд."

Мазҳакаи мансабдорони Озарбойҷон дар блогҳо

Коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби аслии ҳабси ду блогнавис гузоришҳои видеоии онҳо мебошад, ки дар интернет ҷой дода шудаанд. Дар ин наворҳо Ҳоҷизода ниқоби хар бар рӯй кашида, мазҳакаи конфронсҳои ҳукуматиро барпо менамуд.

Аз ин ҷост, ки Ҳоҷизодаву Миллӣ бо лақаби харҳои блогнавис машҳур шудаанд ва ба гуфти ҳолдонҳо ин наворҳои хандаовар боиси ғазаби президент ва мансабдорони воломақоми ин кишвар гардида буданд.

Баъди ҳабсу муҷозоти "харҳои блогнавис" созмонҳои ҳомии озодии баён ба дифоъ аз ин маҳбусон қиём намуданд. Моҳи сентябр ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ президенти ИМА Барака Обама аз президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев раҳоии блогнависони маҳбусро дархост намуд.

Ҳоҷизода: Ба блогнависӣ идома медиҳам

Ҳоҷизода мегӯяд, таҳия ва пахши видео-блогҳои танқидӣ ва узвият дар Ҳаракати ҷавонони Озарбойҷонро идома медиҳад. Ду ҳафта пеш дар Озарбойҷон интихоботи парламентӣ баргузор гашт, ки бо пирӯзии ҳизби ҳокими ин кишвар ва муттафиқонаш ба анҷом расидааст.

Созмони маҳаллии дидбони ҳуқуқи башар бо номи "Хонаи Ҳуқуқи Башар" иброз доштааст, ҳукумат мехоҳад ба воситаи раҳоии Ҳоҷизода танқиди байналмилалӣ аз интихоботи ноодилонаи ҳафтуми ноябрро хомӯш намояд. Зимнан нозирони ин интихобот ҳам онро саршор аз тақаллуб васф кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG