Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Иттиҳодияи Аврупо ростгаро мешавад


Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонии Иттиҳодияи Аврупо нишон медиҳад, ки ҳизбҳои рости марказгаро дар сафи пеш қарор доранд.

Масалан, дар Олмон Ҳизби Ангела Меркел, - нахуствазири ин кишвар бо касби 38,4 дарсади оро аз ҳизбҳои дигар пеш гузаштааст. Ҳизби рақиби онҳо - Ҳизби Демократ бо 21,4 дарсад дар мақоми дуввум қарор дорад.

Ҳамчунин аз натиҷаҳои муқаддамотӣ мешавад ба хулосае расид, ки ҳизби Никола Саркозӣ - раисиҷумҳури Фаронса ва ҳизби Силвио Берлусконӣ - нахуствазири Итолиё низ мумкин аст дар ин интихобот пирӯз шаванд. Аммо дар Юнон ҳизби аслии мухолифони давлат бо номи ПАСОК ҳизби ҳоким, яъне Ҳизби Нави Сотсиалистиро шикат дод.

Пешгӯӣ мешавад, ки ҳизбҳои ҳоким дар Бритониёву Ирландия , дар Австрияву Булғористон ва дар Ҳоланд низ натавонанд пирӯз шаванд. Баъд аз шумориши 57 дарсади оро дар Австрия се ҷунбиши зидди ҳамгароии Аврупо 36 дарсади ороро барои порлумони Иттиҳодияи Аврупо ба даст овардаанд.

Бо вуҷуди ин ширкати аврупоиҳо дар ин интихобот камтар будааст. Аз 375 миллион аҳолии қобили раъй танҳо 43 дарсади онҳо дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд.

Атҳо Лобякас, хабарнигори радиои Озодӣ дар Бруссел, ки масъалаҳои интихоботро пайгирӣ мекунад, дар бораи ширкати камтари раъйдиҳандагон дар интихобот мегӯяд, "ҳоло дар воқеъ шаҳрвандони Аврупо ё масъалаи муҳимтар аз ҳама масъалаи забон, низоми сиёсӣ ҳамчунон миллӣ боқӣ мондааст ва барои ҳамин зимни ширкат дар раъйдиҳӣ дар миёни интихобкунандагони аврупоӣ каме эҳсоси озодӣ вуҷуд дорад".

Порлумони Аврупо 736 курсӣ дорад ва пешгӯӣ мешавад, ки аз 267 курсии онро ҳизбҳои рости марказгаро ишғол хоҳанд кард. Аммо ҳизбҳои чапи марказгаро метавонанд 159 курсии порлумонро ишғол хоҳанд кард, дар ҳоле соли 2004 онҳо дар порлумони Аврупо 216 курсиро дар ихтиёр доштанд.
XS
SM
MD
LG