Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъолияти 28 масҷиди Дарвоз мутаваққиф шуд


Масҷиди ҷомеъи маркази ноҳияи Дарвоз

Масҷиди ҷомеъи маркази ноҳияи Дарвоз

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвоз дари 28 масҷидро ба рӯи намозгузорон бастанд. Масъулин гуфтаанд, ки фаъолияти ин масоҷид ба далели аз нав сабти ном нашуданашон муваққатан боздошта шудааст.

Сардорбек Азорабеков, сармутахассиси шӯъба оид ба корҳои дини мақомоти вилояти Бадахшон изҳор дошт, ки фаъолияти ин масоҷид ба далели аз нав сабти ном нашуданашон дар Кумитаи дин муваққатан боздошта шудааст. Тасмими басташавии муваққатии масоҷид ба дунболи сафари гурӯҳи кории вижаи мақомот ба навоҳии вилоят гирифта шудааст. Оқои Азорабеков гуфт, дар ноҳияи Дарвоз фаъолияти зиёда аз 40 масоҷид мавриди санҷищ қарор гирифтаанд.

Аммо сокинони ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ки басташавии муваққатии масоҷиде, ки бештарашон дар деҳоти дурдаст ҷой гирифтаанд, ширкати намозгузоронро дар намози ҷумъа мушкил сохтааст.

Ба гуфтаи сокини деҳаи Кеврони ноҳия Саидаҳмад Олимшоев, қаблан сокинонони ду деҳа дар масҷидашон, ҳудуди 70-80 нафар, адои намози ҷумъа мекарданд. Аммо акунун бояд онҳо намози ҷумъаро дар масҷиди маркази ноҳия, ки аз деҳоташон хеле дур аст, барзгузор кунанд.

Ӯ мегӯяд: « То маркази ноҳия омадану рафтан қариб 50 километр роҳ аст ва танҳо афроди каме, ки нақлиёт ва имконияти молӣ доранд, ба он ҷо мераванд. Ба намози Иди қурбон ба маркази ноҳия низ на ҳама рафта тавонистанд».

Намояндагони гурӯҳи кории мақомот мегӯянд, ки ба масъулини масоҷид барои аз нав бақайдгирии масҷидҳо то 20-уми ноябр мӯҳлат дода шудааст.

Ҳарос аз афзоиши намозхонҳо ё аз истифодаи масҷид?

Аммо ба гуфтаи сокинони Дарвоз, бинобар дурии роҳҳо то марказ ва мушкилоти моливу дарёфти сертификати замин, онҳо натавонистаанд саривақт барои аз нав бақайдгири муроҷиат кунанд.

Вале Назира Додихудоева, мутахассиси кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ гуфт, ки барои аз сар гирифтани фаъолияти қонунии масоҷид дар ноҳияи Дарвоз, ягон монеаъ вуҷуд надорад.

Вай гуфт: «Ҳар вақе, ки масъулини масоҷид имконият пайдо карданд, метавонанд аснодро пешбарӣ кунанд ва бидуни маҳдудият сабти ном шаванд ва ба таври қонуни фаъолият кунанд».

Ба иттилоъи сармутахассиси мақомоти вилоятӣ, ҳамчунин фаъолияти 16 масҷид дар ноҳияи Ванҷ ва 11 масоҷид дар ноҳияи Мурғоб санҷида шуданд. Аммо ба гуфтаи манбаъҳо, агарчанде дар ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоб ҳам масоҷиди аз нав бақайдгирифтанашуда ҳастанд ва қаблан мақомот аз мавҷудияти гурӯҳҳои мавсум ба мавлавӣ ва таблиғ дар ин навоеҳ изҳори нигаронӣ кард, аммо фаъолияти масоҷид дар ноҳияи Дарвоз бештар аз ҳама мояи нигаронии мақомот шудааст.

Ба фикри як сокини Дарвоз, ки нахост номаш зикр шавад, мақомот бо ҳарос аз истифода бурдани масоҷиди деҳоти дурдаст аз ҷониби афроди алоҳида ба мақсадҳои таблиғоти хеш бо баҳонаи танзими фаъолияти масоҷид мехоҳад, шумораи чунин масоҷид ҳар чи камтар бошад.

Гурӯҳи корӣ ба дунболи анҷоми санҷиш ба масоҷид ҳамчунин зиёда аз 400 навори видеоии филми «Масири гумроҳон»-ро, ки оиди тақдири бархе аз ҷавонони барои таҳсили улуми динӣ ба хориҷи кишвар рафта, аммо фирефта шудаву ба дасти гурӯҳҳои ифротгаро афтоданд, тақдим кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG