Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандагони покистонӣ ба Свот бармегарданд


Бозгашти паноҳандагони водии Своти Покистон дар ҳоле сурат мегирад, ки даргириҳо миёни нирӯҳои давлатӣ ва шӯришиёни Толибон идома дорад.

Ин даргириҳо нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки дар чунин вазъ чӣ тарз беҷошудагони ин минтақа метавонанд ба хонаву дари худ баргарданд.Дар натиҷаи даргириҳои ахир дар ин водӣ тақрибан 2 миллион нафар аҳолии маҳаллӣ ҷойҳои зисти худро тарк карданд.

Ҳафтае пеш дафтари СММ дар умури паноҳҷӯён эълон кард, ки беҷошудагони ин водӣ дар сурати бозгашт ба маҳаллоти зисти худ ба ҳеҷ хатар рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд. Вале дар асл вазъ чӣ гуна аст ва оё шароити бозгашти амни онҳо фароҳам шудааст?

Артиши Покистон мегӯяд, ки дар наздикии Мингора - шаҳри аслии водии Свот 6-нафар афроди машкук ба ҷангиёни Толибонро дар задухӯрде ба қатл расондаанд. Ин задухӯрд гувоҳӣ медиҳад, ки амният дар ин минтақа метавонад шикананда бошад.

Ҳукумати Исломобод 13-уми июлро рӯзи аввали бозгашти беш аз 2 миллион паноҳҷӯи водии Свот эълон кард. Вале аз он рӯз баъд даргириҳо ҳадсу гумонҳоро дар бораи бозгашти беҷошудагон бештар кардааст...
Низомиёни Покистон мегӯянд, ин задухӯрд замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки шӯришиён дар шаҳраки Кабал шабона ба посгоҳи низомӣ ҳамла бурдаанд. Ин даргириҳо баъд аз задухӯрди рӯзи душанбе дар ин минтақа рух додааст. Ба гуфтаи низомиёни Покистон, дар даргириҳои Кабала низ 9 нафар шӯришӣ кушта шудаанд ва он талафоти бузурги Толибон дар ҳамин рӯзҳо арзёбӣ мешавад.

Дар асл ахиран артиш эълон кард, ки водии Свот дар ҷараёни амалиёти низомӣ аз вуҷуди шӯришиёни Толиб пок карда шудааст. Ин амалиёт дар охири моҳи апрел шурӯъ шуда буд. Бино ба маълумоти низомиёни Покистон, аз оғози ин амалиёт ҳудуди 1 700 нафар шӯришӣ ва 160 нафар аз нируҳои амниятии ин кишвар кушта шудаанд.

Аз ин амалиёт Амрико ба таври қотеъ ҷонибдорӣ кард, зеро ҳадафи он хотима гузоштан ба ҳамлаҳои фаромарзии шӯришиёни Толиб ба нирӯҳои эътилофи байнулмиллалӣ дар Афғонистон аст. Аммо дар бораи куштори ҳеҷ як аз раҳбарони шӯришиён гузориш дода намешавад ва бими он меравад, ки ҳамзамон бо бозгашти беҷошудагон ба маҳаллоти зисташон шӯришиён мумкин аст фаъолияти худро аз сар бигиранд.

Ҳукумати исломобод 13-уми июлро рӯзи аввали бозгашти беш аз 2 миллион паноҳҷӯи водии Свот эълон кард. Вале аз он рӯз баъд даргириҳо ҳадсу гумонҳоро дар бораи бозгашти беҷошудагон бештар кардааст. Ин беҷошудагон бахши бузурге аз ҷумлаи муҳоҷирони дохилии кунунӣ дар ҷаҳон ба шумор мераванд.

Покистон барои кӯмакҳои ғизоиву инсонӣ ба онҳо захоири худро истифода мекунад ва аз маҳофили байнулмиллалӣ низ дархости кӯмакҳои башарӣ кардааст.

Патрик Дуплет, ҳуқуқдон аз гурӯҳи байнулмилалии паноҳҷӯён дар Амрико, мегӯяд, Исломобод барои баргардонидани беҷошудагони водии Свот ва маҳаллоти атрофи он шитоб мекунад. Вай ҳушдор медиҳад, ки анҷоми амалиёти низомӣ ва "поксозии минтақа" ба маънии он нест, ки амният дар ин минтақа барои сокинон таъмин шудааст.

Раҳмоналии 36-сола баъд аз оғози даргириҳо дар урдугоҳи Чорсада ба сар мебарад. Вай мегӯяд, бим дорад, ки агар вазъ дубора бад шавад, вай дубора маҳали зисти худро тарк хоҳад кард. Вай меафзояд «мо он гуна ба беэҳтиромӣ дучор шудем, ки дар фикрамон ҳам намеғунҷад. Давлат дар ин урдугоҳ барои мо чизҳои хуб ваъда кард, вале мо ин ҷо чизе надорем».

Бисёриҳо мехоҳанд, ки урдугоҳи хаймаии доғ ва пургарду хокро зудтар тарк кунанд. Умедхон, паноҳҷӯи дигар, мегӯяд, вай ва хонаводааш шод хоҳанд шуд, агар барои бозгашт навбати онҳо фароҳам шавад. Вай гуфт, "ман хеле хушҳол мешавам, чунки онҳо дар ин ҷо ба мо чизе намедиҳанд. Вақте, ки мо ба хона бармегардем, ҳади ақал мо чизе хоҳем дошт. Вақте, ки мо худро бо хӯрокӣ таъмин мекунем, худро беҳтар ҳис хоҳем кард".

Амир Ҳайдархон Ҳотӣ, сарвазири аёлати шимолу ғарби Покистон, ҳафтаи ҷорӣ ба беҷошудагон итминон дод, ки ҳукумат дар минтақа нирӯҳои бештари пулисро мустақар мекунад, то пулис аҳолиро аз шарри Толибон ҳифз кунад. Артиш низ бар ин ақида аст, ки барои як соли дигар дар водии Свот ва маҳаллоти атрофи он боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG