Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Свот ба Осиёи Марказӣ?


Дар водии Свот артиши Покистон қадам ба қадам бар зидди шӯришиёни Толибон пеш меравад ва онҳоро аз манотиқи қабиланишини ин кишвар берун меронад. Ин минтақа то ҳол паноҳгоҳи амни Толибон ба шумор мерафт ва ҷангиёни Толиб дар Афғонистон дар шароити зарурӣ ба ин ҷо паноҳ мебурданд ё аз ин ҷо барои идомаи муборизаҳои худ дар Афғонистон кумак дарёфт мекарданд.

Аз сӯи дигар, ин ақидаҳо низ вақтҳои ахир дар матбуот матраҳ мешавад, ки бо рондани нируҳои шӯришӣ аз шимоли Покистон имкони рахна кардани онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, зеро дар шимоли Покистон нируҳои зарбатии Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон низ фаъолият мекунанд. Пас, вазъи пешомада дар шимоли Покистон ва Афғонистон ба вазъи амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баландмуддат чӣ асароти эҳтимолӣ метавонад дошта бошад?

Анҷоми амалиёти густардаи нируҳои артиши Покистон бар зидди шӯришиёни Толибон водии Свот дар остонаи интихоботи 20-ӯми августи соли ҷории раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар миёни таҳлилгарони минтақаӣ ақидаҳои мухталифро ба бор овардааст. Баъзеҳо мегӯянд, ҳадаф аз ин амалиёт барқарории суботи нисбӣ дар Афғонистон дар остонаи ин интихобот ва ҳадафи ниҳоӣ аз реша барандохтани нируҳои шӯришии Толиб ва торумори пойгоҳҳои онҳо дар минтақаҳои қабиланишини Вазиристони шимолист.

Аз Аркадий Дубнов мепурсам, агар артиши Покистон дар шимоли ин кишвар бар шӯришиёни Толиб ба пирӯзӣ расад, метавон гуфт, ки заминаи пирӯзии нируҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон мусоид хоҳад шуд? Оқои Дубнов чунин мегӯяд:

"Ҳалли ин масъала хеле мушкил аст. Ман фикр мекунам, ки таърихи муосири мубориза бо ҷунбишҳои террористӣ чунин таҷрубаи муборизаро надорад, яъне ҳангоме, ки бояд дар ду кишвар ҳамзамон бар зидди пойгоҳҳои террористӣ бояд мубориза кард, кишварҳое, ки байни онҳо амалан марз ё назорат вуҷуд надорад".

Аркадий Дубнов муфассири байналмиллалии рузномаи "Время Новостей" аст, ки бо панҷ нафар аз рӯзноманигорон аз Австрияву Словения ва Исландияву Гурҷистон аз ҷониби Русия ахиран аз Афғонистон боздид кард. Вай бозгашти нируҳои тундрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла нируҳои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ба ин кишварро дар баландмуддат истисно намедонад. Вале мегӯяд, вай ба тафсирҳои баъзе расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои 25, 26-ӯми маи соли ҷорӣ дар Хонобод, дар наздикии марзи миёни Ӯзбакистону Қирғизистон розӣ нест. Баъзе аз чунин расонаҳо ин рӯйдодҳоро ба тақвияти мубориза бар зидди нируҳои тундрав дар шимоли Покистон иртибот дода буданд. Вале оқои Дубнов мегӯяд, нируҳои тундрави минтақаӣ дар шароити кунунӣ бо чунин ҳамлаҳои мусаллаҳона бар зидди ҳукуматҳои мавҷуда намехоҳанд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ худро ифшо кунанд. Аркадий Дубнов:

"Ин ҷо бештар ба сиёсати ҳукуматҳо иртибот мегирад, чӣ дар Қирғизистон, чӣ дар Тоҷикистон ё Ӯзбакистон. Яке аз роҳҳои имконпазир махфӣ шудани ин шӯришиён дар ин кишварҳост ва ман фикр мекунам, ки ин кор вақти зиёд мехоҳад ва ман фикр мекунам, ки дар ин замина мушкили мо ҳанӯз дар пеш аст".

Аз Раҳматуллоҳ Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик дар маркази мутолеъотии Афғонистон ва умури минтақа дар Душанбе мепурсам, оё бо маҳдуд шудани заминаи фаъолияти нируҳои тундрави Осиёи Марказӣ дар Покистон ва Афғонистон имкон дорад, ки ҳамин нируҳо барои наҷоти худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баргарданд ва барои худ паноҳгоҳ ёбанд?

"Намояндагони бозгашти баъзе нируҳои ҷиҳодии Осиёи Марказӣ, эҳтимолан аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа вуҷуд дорад. Аз тариқи ағбаҳои бисёр душворгузари байни Тоҷикистону Афғонистон ворид шудан ба Осиёи Маоказӣ бисёр мушкил аст, вале ин шояд як давраи тулониро дар бар бигирад. Аслан имконият вуҷуд дорад, ки аз тариқи кишварҳои севвум ба кишварҳои худ баргарданд".

Дод Нуронӣ, таҳлилгари афғон дар Кобул имкони бозгашти чунин нируҳо ба Тоҷикистон ё Ӯзбакистонро баъид намедонад ва мегӯяд, ҳамин ҳоло низ як даҳлези қочоқи маводи мухаддир ба ин кишварҳо вуҷуд дорад, ки нируҳои тундрави минтақаӣ метавонанд дар оянда аз он истифода кунанд:

"Ҳамин ҳоло як даҳлези қочоқи маводи мухаддир ба сӯи Ӯзбакистону Тоҷикистон боз аст ва чун Толибон бар меҳвари маводи мухаддир ҳаракат доранд ва ин мавод ба Толибон ниру мебахшад, ман фикр мекунам ҳамчу заминаҳо аз қабл тавассути ин мафиё барчида шудааст ва заминаи расидани ин нируҳоро ба ҷануби Ӯзбакистон мусоид хоҳад сохт".

Дод Нуронӣ меафзояд, ҳамин ҳоло низ бо кӯмаки Толибон як даҳлези бозгашти ин неруҳо тавассути Афғонистон дар ҳоли шаклгирист:

"Толибон аз роҳи Кунар ва Нуристон ба сӯи Бадахшон дар ҳоли роҳ боз кардан ҳастанд. Агар роҳ боз шавад, убур ба суи Тоҷикистон кори мушкил нахоҳад буд ва давлати заъифи Тоҷикистон аз Ӯзбакистону Русия дар саркӯби Толибу ал-Қоида кӯмак бихоҳад, худаш қодир ба ҳамчу коре нахоҳад буд".

Оқои Дубнов дар бораи имкони гузаштани нируҳои тундрав аз марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ назари худро дорад:

"Ҳама ба он иртибот дорад, ки дар куҷо бештар ё камтар бояд ба марзбонон ё кормандони гумрук ё амсоли он пул бидиҳӣ. Агар марз мустаҳкам бошад, онҳо аз чунин роҳ намераванд. Вале пайроҳаҳои куҳистонӣ низ вуҷуд дорад ва таърихи ҷанги дохилии Тоҷикистон онро ба мо собит сохт. Контроли ҷангиёни машқдида, ки битавонанд ҳатто мушакҳои "Стрингер"-ро пуштора бигиранд, хеле душвор аст".

Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё нируҳои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар сурати бозгашт метавонанд ба вазъ дар Ӯзбакистон ё минтақа таъсир дошта бошанд? Дод Нуронӣ таҳлилгари афғон дар Кобул мегӯяд:

"Асаргузории ин нируҳо дар оянда зиёд хоҳад буд. Махсусан Ӯзбакистон дар қадами аввал дар оянда зери фишори лашкари бунёдгароии ба унвони як шохаи ал-Қоида дар Вазиристон ва дар наздикиҳои Пешовар созмондиҳӣ шуда ва тамриноти низомиро фаро гирифтааст, зери фишори инҳо қарор хоҳад гирифт. Нируҳои Тоҳир Юлдош ҷузви нируҳои зубдаи ал-Қоида ба шумор меояд. Баъзеҳо шумораи онҳоро ба болотар аз 4000 арзёбӣ мекунанд".

Аммо Раҳматуллоҳ Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик дар ин бора назари дигар дорад ва таъкид мекунад, ки нируҳои тундрав ё ҷиҳодии Осиёи Марказӣ дар кишварҳои худ пойгоҳ надоранд ва наметавонанд бар зидди низомҳои мавҷуда дар ин кишварҳо мубориза кунанд:

"Аз воқеъияте, ки имрӯз дар Тоҷикистону Ӯзбакистон вуҷуд дорад, мо ба чунин хулоса омада метавонем, ки онҳо дар дохили ин ду кишвар он қадар пойгоҳи мустаҳкам надоранд. Шояд тарафдор дошта бошанд, вале пойгоҳе надоранд, ки аз он истифода баранд ва ба муқобили ҳукуматҳои мавҷуда дар ин кишварҳо мубориза баранд."

Ба ин тартиб, таҳлилгарон бо маҳдудияти заминаи фаъолият барои нируҳои тундрави минтақаӣ дар Афғонистону Покистон, бозгашти онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро дар баландмуддат истисно намекунанд, вале ақидаҳои таҳлилгарон дар бораи наҳваи фаъолияти чунин нируҳо ё барои муддате махфӣ шудани онҳо дар ин кишварҳо аз ҳам фарқ доранд.
XS
SM
MD
LG