Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши тоҷирони чиноӣ дар бозорҳои Душанбе


Дар давоми як соли гузашта ҳузури тоҷирони чиноӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, ба вижа дар бозорҳои пойтахт, афзоиш ёфтааст.

Коршиносни тоҷик мегӯянд, онҳо молу колои худро нисбат ба тоҷирони дохилӣ, яъне тоҷирони тоҷик, бо нархи арзонтаре ба харидорон пешкаш мекунанд ва бад-ин тариқ худро нисбат ба тоҷирони тоҷик мунсифу одил нишон медиҳанд.

Аммо таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, чиноиҳо дар ишғоли бозорҳо ва маҳдуд кардани тоҷирони маҳаллӣ дар кишварҳои мухталиф таҷрибаи кофӣ доранд ва ҳадафи ниҳоии онҳо дуруст кардани ҷои пой дар кишвари бегона ва тавсеаи ҳузурашон дар бозорҳост.

Тоҷирони чиноӣ дар ин роҳ манфиати иқтисодӣ ё молии худро дар марҳилаҳои аввал қурбон мекунанд ва ҳадафҳои дарозмуддатро дунбол мекунанд.

Гулнора, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар ҳамин рӯзҳо барои хариди ашёи рӯзгор ба бозори "Корвон" рафтааст ва таваҷҷӯҳи вайро нархи арзони молҳои тоҷирони чиноӣ ҷалб кардааст.

Вай мегӯяд, "ба бозори "Корвон" рафтам, ба бозори «оптовий». Аз хитоиҳо чиниворӣ харидам. Хубиаш ин буд, ки хитоиҳо ҳам забони тоҷикӣ гап мезананд, ҳам забони русӣ. Бо чинивориҳои арзон диққати моро ҷалб карданд, мо аз ҳамонҳо харидем. Ҳамаи харидорони тоҷик ба назди хитоиҳо рафта, молҳои онҳоро бисёртар мегиранд. Онҳо нисбат ба тоҷирони тоҷик арзонтар мефурӯшанд".

СТРАТЕГИЯИ ЧИНОИҲО ДАР ТИҶОРАТ


Ба гуфтаи Гулнора, ҳоло қишрҳои васеи ҷомеаи тоҷик камбизоатанд ва онҳо дар бозор молҳои арзонро ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аслан барои харидор ё корафтода фарқ надорад, ки вай молро аз тоҷири дохилӣ мегирад ё аз тоҷири хориҷӣ, зеро вай дар чунин шароити вазнини иқтисодӣ ҳамеша дар фикри манфиати худ аст.

Бо вуҷуди ин Гулнораро тарафи дигари масъала нигарон кардааст. Вай мегӯяд, "мақсади хитоиҳо ин аст, ки молҳои худро арзон оварда, дар Душанбе фурӯшанд ва ҳамин бозори моро зер карда гиранд".

То куҷо нигарониҳои ин сокини шаҳри Душанбе асос дорад? Магар дар чунин шароити душвори иқтисодӣ арзонфурӯшии тоҷирони чиноӣ ба нафъи харидорони камбизоат нест? Ман ин суолро дар як гуфтугӯ бо Ашӯрбой Солиев, таҳлилгари умури иқтисод, ки чунин масъалаҳоро таҳқиқ мекунад, матраҳ кардам.

Вай мегӯяд, ин масъала ду ҷанба дорад. Яке ҷанбаи иқтисодӣ ва дигарӣ ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ё стротегия дар арсаи байналмиллалӣ: "Аз нуқтаи назари иқтисодӣ тоҷирони хитоӣ, ки мақсади онҳо экспансия ё баровадани молашон ё ғасби бозорҳои ҳамсоя аст, бо ҳамин роҳҳое, ки месозанд, ё қисман сохтаанд, акнун метавонанд молҳои худро биёранд ва дар бозорҳои мо худашон фурӯшанд, барои он ки онҳо бо мақсади тезтар қисми бозорро забт кардан розианд бо нархи ҳатто аз арзишаш арзон ё бо нархи аслии худаш маҳсулотро фурӯшанд. Ин стратегия аст, стратегия дар бизнеси байнулмиллалӣ".

ХАТАР БА АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ?

Оқои Солиев меафзояд, дар чунин ҳолат хатари воқеӣ ба амнияти иқтисодии Тоҷикистон вуҷуд дорад ва бо назардошти ҳимояти манофеи тоҷири дохилӣ давлати Тоҷикистон бояд сиёсати миллии худро дар муқобили тавсеаи ҳузури тоҷири хориҷӣ тарҳрезӣ кунад.

Дар кишваре чун Тоҷикистон, ки шумораи бекорон хеле зиёд аст, масъалаи ҳимояти бозор ва бозорнишинони дохилӣ низ масъалаи муҳим ба назар мерасад. Ҳанӯз ҳам хонаводаҳои зиёди тоҷик аз хурдафурӯшӣ дар бозорҳо рӯз мегузаронанд. Коршиносони минтақаӣ борҳо гуфтаанд, ки Чин бо сиёсати "Каҷ дору марез"-и худ бо кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ, мухолиф нест, ки ҳузури худро аз ин роҳ низ дар ин кишварҳо тадриҷан тавсеа диҳад.

Аз нуқтаи назари қонун дар ин кор наметавон давлати Чинро гунаҳгор донист, зеро ҳамаи ин корҳо қонунӣ анҷом мегирад ва чиноиҳо дар кишвари мавриди назари худ ҳақи иқомат дарёфт мекунанд. Гузашта аз ин, дар ду соли ахир чиноиҳо дар Тоҷикистон роҳҳои мошинравро таъмир карданд, нақбҳо сохтанд ва дили мардуми тоҷикро гӯё ба даст овардаанд. Ба ин далел, онҳо бо чунин кор, аз ҷумла тоҷирони чиноӣ бо арзонфурӯшиҳои худ дар бозорҳо, дар чашми мардуми тоҷик худро хайрхоҳ ҷилва медиҳанд.

Вале воқеият чист? Ҷавоби Ашӯрбой Солиев чунин аст: "Вақте, ки ширкатҳо мехоҳанд бозори дигарро забт кунанд, ба даромади кам розианд, пас аз забти қисмати бозор баъд онҳо дар бораи фоидаи худ фикр мекунанд".

ТАҶРИБАИ «ЧИНОИИ» КИШВАРҲОИ ИДМ


Аз кишварҳои Шӯравии собиқ Русия ва Қазоқистон бештар аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ шумораи зиёди муҳоҷирони чиноиро пазируфтаанд. Чиноиҳо дар ин кишварҳо низ аслан бозорнишинӣ мекунанд ва бо тиҷорат машғуланд.

Ин кишварҳо бо назардошти чунин раванд тиҷорати шаҳрвандони хориҷиро бо қонунҳо танзим кардаанд. Дар шаҳри Маскав баъд аз бастани бозори Черкикзово бо миёнравии намояндагони расмии Чин дар атрофи Маскав дар ду моҳи тобистон ду бозори нав, яке дар Либертӣ ва дигарӣ дар роҳи Владимир бунёд карданд ва ҳоло ин бозорҳоро бо номи Нию Черкиз ба забон меоранд.

Аз Ҳокимшоҳи Муҳаббат, исқтисоддони тоҷики муқими Маскав, мепурсам, чаро чиноиҳо ин қадар ба зудӣ дар тиҷорат барои худ роҳ боз мекунанд. Оё онҳо ин корҳоро бо ришва дуруст мекунанд? Ҳокимшоҳ Муҳаббат мегӯяд, чиноиҳо хислати ришвадиҳӣ надоранд, балки дигарон хислати ришвахорӣ доранд.

Вай афзуд, "ришвадиҳӣ хислати чиноиҳо нест. Ришвагир ҳаст, ки онҳо ришва медиҳанд. Дар Русия эҳсос намешавад, ки онҳо махсус барои дуруст кардани ҷои худ ришваҳои калон диҳанд. Дар Русия ришва авҷ гирифтааст ва бе ришва кори инсон пеш намеравад".

Аммо дар Қазоқистон чӣ тавр? Оё чиноиҳо ё шаҳрвандони дигари хориҷӣ ҳақи тиҷорат доранд? Саломиддин Мирзораҳматов, тоҷири тоҷики муқими Қазоқистон, чунин мегӯяд, "дар Қазоқистон қонуне ба тасвиб расонданд, ки тибқи он ҳар хориҷӣ метавонад, на танҳо бо тиҷорат, балки бо ҳар кор машғул шавад, балки дар ягон корхона кор кунад. Лекин шарт ин аст, ки вай бояд литсензия дошта бошад. Гирифтани ин хел литсензия хеле мушкил аст. Он ба шахсоне дода мешавад, ки ҳамон хел муттахассис дар Қазоқистон набошад".

ПЕШНИҲОДИ РОҲИ МУРОСО


Аксари тоҷирони тоҷик аз Чин молу коло ворид мекунанд. Дар сурати мамнӯъ эълон кардани фаъолияти тоҷирони чиноӣ ё маҳдуд кардани фаъолияти онҳо дар бозорҳои Тоҷикистон оё ҷониби Чин ба ин иқдоми Тоҷикистон тасмими ҷавобӣ нахоҳад гирифт ва роҳи тоҷирони тоҷик ба сӯи Чин баста нахоҳад шуд?

Ашӯрбой Солиев, таҳлилгари умури иқтисод, роҳи муросоро пешниҳод мекунад: "Дар қонунгузории Ҷумҳурии халқии Хитой оварда шудааст, ки кадом соҳаҳо барои хориҷиён манъ карда шудааст, кадом соҳаҳо маҳдуд карда шудааст ва кадом соҳаҳо ҳавасманд карда мешавад. Ҳамаи инро қонунҳо танзим мекунанд. Агар дар қонунгузрории мо ҳам ҳамин гуна низом вуҷуд медошт, яъне ба хориҷин тиҷорат ё фурӯхтани бор мамнӯъ ё маҳдуд шавад, лекин бунёди корхонаву ширкатҳо ҳавасманд карда шавад, ба шарти ин ки дар он ҷойҳо мардуми маҳаллӣ кор кунанд".

Коршиносони тоҷик бар ин ақидаанд, ки дар Тоҷикистон низ бояд хориҷиҳо бештар ба сохтмони ширкату корхонаҳо машғул шаванд ва бештари чунин корхонаву ширатҳоро бояд коргарони маҳаллӣ пур кунанд, то сафи бекорон камтар шавад, вале бозорнишинӣ бояд дар ихтиёри мардуми маҳаллӣ гузошта шавад, чун дар Тоҷикистон бекорон зиёданд.
XS
SM
MD
LG