Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи ҳастаии Эрон дар Чин баррасӣ шуд


Ҷаласаи панҷ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ дар Шонҳой

Ҷаласаи панҷ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ дар Шонҳой

Дар Шонҳойи Чин ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон барои баррасии қазияи барномаи ҳастаии Эрон ҷамъ омаданд.

Вазорати хориҷаи Чин ҳадафи музокироти Шонҳойро “таҳияи бастаи имтиёзҳои сиёсиву амниятӣ ва иқтисодӣ барои Ирон ба ивази қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи ин кишвар” эълон кардааст. Теҳрон ду сол пеш бастаи имтиёзҳои иқтисодии аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо пешниҳодшударо рад кард ва таъкид намуд, ки даст аз ғанисозии ураниум нахоҳад бардошт, зеро истифода аз неруи ҳастаӣ ҳаққи мусаллами мардуми кишвар аст.

Ҷианг Ю, намояндаи вазорати хориҷаи Чин, қабл аз ифтитоҳи нишасти Шонҳой гуфт, ки “Пекин мехоҳад роҳҳои ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эронро аз тариқи гуфтушунид пайдо кунад”. Ӯ изҳори итминон кард, ки ин нишаст бо ширкати ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимиии Шӯрои амнияти Созмони милал – Иёлоти Муттаҳида, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин ба изофаи Олмон “паёми мусбате ба оламиён” хоҳад дод. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон аст, ки ҳадафи ниҳоии барномаи ҳастаии Эрон дастёбӣ ба силоҳи атомист ва аммо Теҳрон ин иддаоро пайваста рад мекунад.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба хотири водор сохтани Эрон барои қатъи ғанисозии ураниум се бор болои ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кард ва аммо Теҳрон аз роҳ барнагашт ва ҳафтаи гузашта раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод эълом дошт, ки дар корхонаи Натанз боз 6 ҳазор сентрафугаи зудамал насб карда хоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, далели дигари аз мусолиҳа бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ рӯ тофтани Эрон – аз сӯи Теҳрон бидуни ташреҳ лағв шудани мулоқоти масъули бахши ҳастаии Эрон Ғуломризо Оғозода ва раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ ё МАГАТЭ Муҳаммад Ал-Барадеист. Ин мулоқот бояд рӯзи душанбе баргузор мешуд. Ал-Барадей мехост мақомоти Эронро ба зарурати идомаи тафтиши барномаи ҳастаии кишвар аз сӯи Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ мутмаин созад. Қарор аст раиси МАГАТЭ қазияи барномаи ҳастаии Эронро рӯзи 17 апрел дар Берлин бо вазири хориҷаи Олмон Франк Валтер Штайнмайер баррасӣ кунад. Ба иттилоъи идораи сиёсати берунаи Олмон, ба рӯзномаи мулоқот мавзӯъи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ низ ворид шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки Чин бо баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон, ба истилоҳ, дипломатиябозӣ мекунад. Ин кишвар аз ширкат дар баҳсҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон парҳез мекард ва ба таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал болои Теҳрон бо дили нохоҳам мепайваст. Пекин аз озори Эрон худдорӣ мекунад, зеро ин кишвар яке аз содиркунандагони аслии нафт барои Чин маҳсуб мешавад. Ҳамзамон Чин Иёлоти Муттаҳидаро, ки хостори амалҳои шадидтар алайҳи Эрон аст, низ нороҳат карданӣ нест. Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи коршиносон, ба рӯзномаи нишасти Шонҳой мавзӯъи дуввумдараҷа, яъне таҳияи имтиёзҳои бештар барои Эрон ба ивази қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи ин кишвар ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG