Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба маъмурони пулиси Қошғар


Чаҳор рӯз пеш аз оғози бозиҳои олимпӣ дар Пекин бар асари ҳамлае дар вилояти Шинҷону Ӯйғур 16 нафар маъмурони пулис кушта шуданд.

Бо он ки Ҷумҳурии Чин барои таъмини амнияти бозиҳои олимпӣ дар ҳоли омодабош қарор дорад, ба хабаргузории Синхуа мақомоти маҳаллӣ ҳамла дар шаҳри Қошғарро “ҳамлаи террористӣ” хондаанд.

Ба иттилоъи хабаргузории расмии “Синхуа” ду фарди мусаллаҳ мошини вазнини боркашро ба идораи пулис дар шаҳри қадимаи Қошғар кӯбида, сипас ба сӯи маъмурони пулис норинҷак ва ё гранат партоб карда, 16 нафарро куштанд ва 16 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд. Ба иттилоъи “Синхуа”, ҳамлаварон соати 8 вақти маҳаллӣ замони тамрини кормандони милиса ба онҳо дарафтода ва бо онҳо вориди ҷанги тан ба тан низ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, ҳарду ҳамлаварро боздошт кардаанд ва яке аз онҳо захмӣ шудааст. Агарчӣ ному насаб ва миллати ин ду нафарро нагуфтаанд, аммо ба матбуоти Чин ҳамларо “амали террористӣ” номида ва дар иртибот ба он “Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ”- ро ном бурдаанд. Ин ҳамла дар Вилояти Худмухтори Шинҷону Ӯйғур ба вуқӯъ пайвастааст, ки вилояти умдатан мусулмоннишин ва маркази он шаҳри Қошғар аз сарҳади Покистону Афғонистону Қирғизистон 130 километр дуртар ҷойгир аст.

Ин вилоят ҳаммарз бо Тоҷикистон аст ва ба тавре мақомоти марзбонӣ ва гумрук дар вилояти Бадахшон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар ин минтақа вазъ ором аст ва ҳеҷ ҳодисае рӯзи 4 август ба вуқӯъ напайвастааст. Бо наздиктар шудани бозиҳои олимпӣ ҳукумати Чин авзоъ дар Вилояти Худмухтори Шинҷону Уйғурро аз наздик назорат мекард, зеро аҳолии ӯйғури минтақа аз ҳукмронии Чин дар инҷо норизоянд.

Дар моҳҳои пештар аз вилоят гузоришҳо доир ба хушунат расида буд ва мақомоти Чин гуфтаанд, ки начандон пеш чанд нафарро, ки дар тарҳрезии шӯриши зиддиҳукуматӣ даст доштанд, боздошт карданд. Чин барои таъмини амнияти бозиҳои олимпӣ, ки рӯзи ҳаштуми август ифтитоҳ мешавад, 100 ҳазор сарбозро сафарбар кардааст. Моҳи март маъмурони амниятии Чин се нафар ӯйғурро боздошт карда ва гуфтанд, ки ин афрод ният доштанд, як ҳавопаймои мусофирбари Чинро битарконанд.

Ҳамчунин гузориш буд, ки дар бозорҳои Шинҷон тазоҳурот сурат гирифтааст ва мақомоти Чин ҷудоихоҳони ӯйғурро барангезандаи ин тазоҳурот номидаанд. Вале миллатгароёни ӯйғур дар хориҷ мегуфтанд, ки тазоҳурот ба айби худи мақомоти Чин аст, ки дар остонаи бозиҳои олимпӣ саркӯбиро шиддат бахшидаанд. Вилояти Шинҷону Ӯйғур, ки шаҳри Қошғар маркази он як роҳи Шоҳи Абрешим низ ба ҳисоб меравад, 2 ҳазор сол боз ватани ӯйғурҳо будааст ва дар тӯли ин замон ин минтақа баъзан таҳти итоати императории Чин ва баъзан минтақаи мустақил будааст. Танҳо соли 1949 минтақаи Шинҷон Ӯйғур баъди истиқлоли кӯтоҳмуддат дигарбора ба Чин тобеъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG