Пайвандҳои дастрасӣ

Шатранҷбозони тоҷик дар 6-умин давраи ҷашнвораи шоҳмоти Aeroflot Open дар шаҳри Маскави Русия ширкат доранд.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов дар гурӯҳи «А1», ки ба он 64 нафар шомиланд, пас аз 5 давр 3 имтиёз ба даст овардааст. Вай дар як бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ анҷом додааст.

Дар ин гурӯҳ ду нафар – Ян Непомняший, аз Русия ва Максим Родштейн, аз Исроил бо 4, 5-имтиёзӣ пешсафанд.

Ду шатранҷбози дигари тоҷик дар гурӯҳи «В», ки ба он 132 нафар шомиланд, бозӣ мекунанд. Устоди байналмилалӣ Анвар Назаров дар 6 дидор 4 имтиёз ба даст овардааст. Ӯ дар 3 бозӣ ғалаба карда, дутоашро мусовӣ анҷом додааст ва танҳо дар як дидор аз шатранҷбози Узбакистон Александр Карпов мағлуб гаштааст.

Шатранҷбози ҷавон Соиб Ҷӯраев бошад, аз 6 бозӣ 2, 5 имтиёз дорад. Ӯ дар 2 бозӣ ғолиб омада, яктоашро мусовӣ анҷом додааст ва 3 бозиро бохтааст.

Дар гурӯҳи «В» Давид Калашян, аз Арманистон бо 5,5 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад.

Ҷашнвораи шоҳмоти Aeroflot Open-2008 то рӯзи 22-вуми феврал идома хоҳад кард.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG