Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди Челсӣ ва Манчестер


Майдони сурхи шаҳри Маскав дар остонаи бозии ниҳоии Ҷоми лигаи қаҳрамонони Аврупо ба ду ранг табдил ёфтааст - сурх ва кабуд.

Зеро мавҷи мухлисони тими Манчестер Юнайтед бо ранги кабуд ва тӯдаи мухлисони тими Челсии Бритониё бо ранги сурх ҷамъ омадаанд. Дар Майдони сурх, ки ба майдони футбол ҳам табдил ёфтааст, кӯдакон низ байни ҳам футбол бозӣ мекунанд, то ҳаққи аз паси дарвоза ва гӯшаҳои майдон гирифтани тӯбро дар бозии ниҳоиро пайдо намоянд. Мухлисоне, ки навбаташон мерасад ва хушиқболтар ҳастанд, метавонанд дар назди ҷоми бузургу гаронбаҳо, ки насиби пирӯз хоҳад шуд, акс бигиранд.

Мухлисони беқарори тими Манчестер Юнайтед ва Челсӣ, ки дар майдон буданд, бо ҳам оромона сӯҳбат ва гуфтӯгу мекарданд ва ҳар тараф тими худро зӯртар хонда таъриф мекард, ки дар бозӣ пирӯз хоҳад шуд. Яке аз онҳо, ки худро Ҷон ва ҳаводори Манчестер Юнайтед муаррифӣ кард, ба барномаи Ояндасоз гуфт, ки тими онҳо дар бозӣ ғолиб ва қаҳрамони Аврупо мешавад:

«Ман фикр мекунам, ки имрӯз бозӣ барои ҳар ду тим хеле мушкил хоҳад буд, аммо тими Манчестер Юнайтед бо ҳисоби 3:1 ғолиб меояд. Мардуми Русия барои мухлисони инглис меҳрубонии зиёд нишон медиҳанд. Русия барои пешвози бисёр олиҷаноб омадагӣ дидааст».

Саймон, ҳаводори тими Челсӣ, мегӯяд, ҳаво дар Маскав як каме боронӣ аст, вале бо вуҷуди ин ҳавои номувофиқ барои футбол тими дӯсдоштаи ӯ пирӯз хоҳад шуд: «Ман фикр мекунам, ки Челсӣ пирӯзиро ба даст меорад, ва ба назари ман Челси 3:1 тими Манчестер Юнайдетро шикаст медиҳад. Финал дар шаҳри Маскав беҳтарин аст, ҳамаи чиз барои ҳаводорони футбол ташкил шудааст. Ин шаҳр бисёр зебост. Имрӯз як каме боронист, вале ман фикр мекунам, борон ба бозӣ ҳеҷ халал намерасонад».

Билети бозии финалии Лигаи қаҳрамонони Аврупо ҳудудан 1600 доллар аст ва барои тамошои финал аз Бритониё ҳудуди 40 ҳазор ҳаводори футбол ба шаҳри Маскав ворид шудаанд. Мақомоти Русия дар остонаи бозӣ иҷоза дод, то ҷавонони бритониёӣ, ки футболро девонавор дӯст медоранд, бидуни раводид танҳо бо нишон додани билет ба Русия ворид шаванд.

Барои тамошои рақобати сахти Челсӣ ва Манчестер Юнайтед мухлисони футбол на танҳо аз Бритониё, балки аз Амрико, Ҷопон, Фаронса ва кишварҳои дигар низ ба Маскав омадаанд. Ҷош, ҳаводори тими Челсӣ аз аёлати Ню Йорки Амрико, омадаст то ки тими худро дар ин руз дастгирӣ кунад. Вай мегуяд, «ман фикр мекунам, ки имрӯз мо шоҳиди бозии зебо мешавем. Ва назари ман ин аст, ки тими дӯстдоштаи ман пирӯз мешавад. Ва ман пешбинӣ мекунам, ки Челси 1:0 пирӯз мешавад ва ин голро ҳам дар дақиқаи 34-ум Френк Лемпард - бозигари беҳтарини ин тим мезанад».

Ҳаводорони футболи Бритониё яке аз ҳаводорони шӯху густох ва беқарору ноором ба ҳисоб мераванд ва ба ҳамин далел мақомоти пулиси Русия тасмим гирифтаанд барои таъмини амният теъдоди пулисро дар шаҳр афзоиш диҳанд ва дар остонаи бозӣ беш аз 6 ҳазор кормандони пулис вазъро дар шаҳр назорат мекард.

XS
SM
MD
LG