Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боғҳои дорои аҳамияти саросарии Осиёи Марказӣ бо таҳдид мувоҷеҳ шудаанд.

Аксари донишмандон бар ин боваранд, ки аксари навъҳои меваву чормағзи саросари олам аз Осиёи Марказӣ сарчашма гирифта, тариқи Роҳи Абрешим дар гӯшаҳои мухталифи дунё паҳн шудаанд. Дар ҳамин ҳол як пажӯҳиши байнулмилалӣ хулоса кардааст, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ аҷдоди ваҳшии себу чормағзе, ки мо истеъмол мекунем, бо хатари маҳв рӯ ба рӯ шудаанд.

Осиёи Марказӣ зодгоҳи беш аз 300 навъи меваву чормағзи ҷангалӣ, аз ҷумла себ, олу, нок, гелос, анор, бодом, писта ва чормағз мебошад. Аммо дар пажӯҳише зери унвони "Рӯйхати дарахтони Китоби cурхи Осиёи Марказӣ" таъкид шудааст, ки ин Боғи Биҳишт ба таҳдид мувоҷеҳ аст.

Аз миёни 96 дарахту буттае, ки пажӯҳишгарон дар Осиёи Марказӣ таҳқиқ намудаанд, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ҳадди ақалл 44 намуди он бо хатари маҳви саросарӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Хонум Ҷорҷина Магин, ҳамоҳангсози барномаи Наҷоти саросарии дарахтҳо дар гурӯҳи байнулмилалии ҳифзи муҳити зисту ҷангалҳо, мегӯяд, ки намудҳои мувоҷеҳ бо таҳдид ҳам аз нуқтаи назари маҳаллӣ ва ҳам аз нуқтаи назари байнулмилалӣ дорои аҳамияти бузург ҳастанд:

"16 навъи меваву чормағзе, ки дар ин рӯйхат ҷой гирифтаанд, дар ду сатҳ аҳамият доранд. Дар сатҳи маҳаллӣ возеҳ аст, ки ин навъи меваву чормағз: амсоли себ, чормағз, бодом ва ғайра манбаи озуқаи аҳолии ин маҳалҳо мебошанд. Дар сатҳи байнулмилалӣ ин навъи меваву чормағз сарчашмаи меваву чормағзе мебошанд, ки имрӯз дар гӯшаҳои мухталифи олам парвариш мешаванд."

Аз миёни 96 дарахту буттае, ки пажӯҳишгарон дар Осиёи Марказӣ таҳқиқ намудаанд, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ, ҳадди ақал 44 намуди онҳо бо хатари маҳви саросарӣ рӯбарӯ шудаанд ...
Муаллифони гузориш изҳор намудаанд, ки дар 50 соли ахир тақрибан 90 дарсад боғҳои канори Амударё маҳв шудаанд. Malus sieversii ё худ себи ваҳшии Осиёи Марказӣ сарчашмаи себи боғҳои саросари олам ба шумор меравад. Танҳо дар Қазоқистон дар давоми 30 соли гузашта 70 дарсад боғҳои себи ваҳшӣ бе ному нишон шудаанд. Ҳамин гуна Армениака вулгарис, ки сарчашмаи зардолуи муосир номида мешавад, бо таҳдиди маҳви комил мувоҷеҳ аст.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, боғҳо ба ваҷҳи умум барои ҳифзи муҳити зисти атроф муҳим мебошанд, зеро аз фарсоиши замин ҷилавгирӣ намуда, муқовимат ба боду боронро тақвият мебахшанд. Аз ин ҷост, ки дар баъзе манотиқи Осиёи Марказӣ ҳомиёни муҳити зист ҳамроҳ бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри ҳифзи ҷангалҳо талош меварзанд. Дар вилояти Хатлон созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитӣ саъй доранд, аз маҳви пистазорон пешгирӣ намоянд.

Дар ин бора ҳомии муҳити зист Шамсиддин Абдураззоқов мегӯяд, "мо дар кӯҳи Хоҷамуъмин бо даст ниҳоли писта мешинонем. Имрӯз навниҳолҳо сарсабз шудаанд. Мо ҳамроҳ бо ходимони раёсати муҳити зисти ноҳияи Восеъ вазъро назорат мекунем."

Иқлими Осиёи Марказӣ ба қадри қобили мулоҳиза мухталиф асту вобаста ба он муқовимати ин меваву чормағзҳои ҷангалӣ мустаҳкам мебошад. Бо ишора ба ғановати генетикии ин меваву чормағзи ҷангалии Осиёи Марказӣ хонум Магин мегӯяд, ин дарахту буттаҳо дар тавлиди навъҳои нави меваву дарахт кумак мекунанд. Ӯ ёдовар мешавад, ки ҳамон себи ҷангали Осиёи Маркаӣ Malus sieversii ба навъҳои мухталифи беморӣ, то ҳадде обу оташ, хушкӣ ва ҳагароти зараррасон тобовар аст.

Созмони бритониёии ҳифзи дарахтон тасмим гирифтааст, ҳамроҳ бо созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла чанд барномаи Тоҷикистону Қирғизистон, барномаҳои ҳифзи мувозинати табииро раҳандозӣ намояд.
XS
SM
MD
LG