Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон барои ширкат дар таҷлили 1150-умин солгарди одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар СММ вориди Ню Йорк шуд.

Ин ҳайат иборат аз ҳунармандони саршинос Афзалшо Шодиев, Озодахон Ашурова, Махмадсафар Муродов, Шӯҳрат Сайнаков ва доктори илми адабиётшиносӣ Мирзо Мулоаҳмадов мебошад.

Маросими ҷашни Рудакӣ дар Амрико бо ибтикори ҳукумат ва намояндагии Тоҷикистон дар СММ якҷоя бо намояндагиҳои Эрону Афғонистон дар ин созмони байнулмилалӣ доир мегардад.

Фардо дар мақари СММ конфронси илмӣ, намоишгоҳи расмҳои рассомони тоҷик Фаридун Неъматзода, Хушбахт Хушбахтов ва Леонид Хушбахтов ва консерти ҳунармандон аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор мешавад.

Омадани санъаткорони тоҷикро ҳазорон ҳамватанони мо дар Амрико дер боз мунтазир буданд, ки пазмони созу навои ватан гаштаанд. Бидуни шубҳа тоҷикони муқими Ню Йорк ва атрофи муштоқи ин лаҳзаҳо буданд, аммо хурсандии собиқ бошандагони Тоҷикистон яҳудиҳои бухороӣ аз онҳо камтар нест. Меҳмонони тоҷикро ҳунармандону овозхонони яҳуди Алберт Норкалаев, Роман Толмасов, Рошел Рубинов ва дигарон бо самимияти бародарӣ пешвоз гирифта, онҳоро меҳмон кардаанд.

Ҳунармандони яҳудӣ, аз ҷумла Шоиста Мулоҷонова, Малика Қаландарова, Рошел Аминов, низ дар бахши тоҷикии консерт саҳм хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG