Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши бесобиқаи намояндагони Ислом ва мазҳаби католикии дини масеҳӣ дар Ватикан бо тасвиби як изҳороти иборат аз 15 банд ба поён расид.

Ин изҳорот ба мубориза алайҳи терроризм ва дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабӣ даъват мекунад. 29 намоянда аз ҳама равияҳо ва мактабҳои фиқҳи исломӣ ва 29 намоянда аз мазҳаби католикӣ дар нишасти серӯзаи Ватикан тааҳҳуд супурданд, ки алайҳи хушунатҳои динӣ ва ҳимоят аз озодии эътиқод барои ақалиятҳои мазҳабӣ муштаракан амал хоҳанд кард. Ин баёния фазои баҳсҳои мазҳабӣ дар ин ҳамоишро гарму дӯстона ба қалам дода, аз кулли пайравони ин ду мазҳаб ва ҳамин тавр аз аҳли башар даъват мекунад, тухми кинаву адоват ва хушунату терроризм, ба вижа хушунат ва терроризмеро, ки таҳти парчам ва аз номи дин иҷро мешавад, аз синаҳо берун андохта, роҳи осоиш ва муҳаббатро биҷӯянд ва аз асли адолат барои ҳама пуштибонӣ кунанд.

Ин изҳорот замоне ироа мешуд, ки раҳбари католикҳои дунё попи Рум Бенедикти 16 ва раҳбари ҳайъати мусалмонон дар нишасти Ватикан муфтии аъзами Буснӣ Шайх Мустафо Серич дастобадаст ба сӯи ҳамдигар оғӯши дӯстӣ кушода буданд.

Бенедикти 16, ки як изҳороти ду соли пешаш дар мавриди табиъатан дини хушунат будани Ислом мавҷи бузурги эътирозотро дар саросари дунёи мусалмонӣ ба по кард, дар рӯзи ниҳоии форуми Ватикан гуфт, дар ин авохир дар амри гуфтугӯи байни динҳо, аз ҷумла миёни Масеҳият ва Ислом пешрафти ҷиддие мушоҳида мешавад: “Ин ҳамоиш аломати рӯшани ҳусни эҳтиром ва ҳусни нияти мо барои шунидани ҳарфи ҳамдигар аст. Ман шуморо итминони хотир медиҳам, ки пешрафти ин нишастро эътиқодмандона пайгирӣ мекардам, ва мӯътақидам, ки он як қадами дигар дар роҳи ба сӯи ҳусни тафоҳуми бузургтар миёни мусалмонон ва католикҳо буда, асоси нишастҳои баъдии мунтазаме хоҳад шуд, ки Ватикан бо гурӯҳҳои мухталифи мусалмонон барпо хоҳад кард.”

Ватикан аз он пайравони масеҳият, ки дар кишварҳое, чун Арабистони Саудӣ, ҳаққи озодона иҷро кардани фаризаҳои диниро надоранд, ба таври мудавом ҳимоят мекунад ва дар як банди изҳороти ниҳоии ҳамоиши мусалмонҳову католикҳо аз ҳаққи чунин ақалиятҳои мазҳабӣ низ дифоъ шудааст. Як роҳиби католик дар нишасти Ватикан изҳори хушбинӣ кард, ки ягон рӯз дар Саудия низ барои пайравони масеҳият ҳатман калисое бино хоҳад шуд.

Дар баёнияи нишасти Ватикан ҳамчунин ба худдорӣ аз мавориди тамасхур ба масоили мазҳабӣ таъкид шудааст. Ин таъкид ба нашри тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом Муҳаммад (а) дар матбуоти Аврупост, ки соли 2005 эътирозоти шадид ва хушунатомез дар ҷаҳони Исломро ба бор овард.

Дар Ватикан ҳамчунин қарор шуд, ки ҳамоиши навбатии раҳбарони Ислом ва мазҳаби католикӣ баъд аз ду сол дар яке аз кишварҳои мусалмонӣ доир шавад.

Худи ибтикори баргузории чунин нишаст аз номаи муштараке бармехезад, ки 138 раҳбари маъруфи мазҳабии дини Ислом як сол пеш ба попи Рум Бенедикти 16 навишта, дар он дар баробари интиқод аз ҳарфҳои попи Рум дар мавриди табиъати хушунатомез доштани Ислом, хостори вусъат бахшидан ба гуфтугӯи миёни динҳо, аз ҷумла миёни католикҳо ва мусалмонон шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG