Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Теҳрон нишасти раҳбарони кишварҳои соҳили Баҳри Каспий ё Дарёи Хазар ифтитоҳ ёфт. Путин аввалин раҳбари Русия шуд, ки баъд аз Иосиф Сталин ба Эрон сафар кард.

Дар меҳвари ин нишаст Русияву Эрону Озарбойҷон ва Туркманистону Қазоқистон чаҳорчӯби ҳуқуқии истифода аз захоири Хазарро, ки ғанӣ аз манобеи энержӣ мебошад, баррасӣ хоҳанд кард. Аз сӯе, агар ин нишаст дар асли худ чун як рӯйдоди муҳим арзёбӣ шавад, аз сӯи дигар, овозаҳо дар робита ба ташкили сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба Эрон таваҷҷӯҳи аксари кулли нашрияҳои хориҷиро ба худ ҷалб кард ва ба аҳамияти ин нишаст афзуд. Нишасти рӯзи сешанбеи сарони давлатҳои соҳили дарёи Хазар дуюмин ҳамоише ба ин манзур аст.

Ҳамоиши нахустини панҷ давлате, ки талош доранд, бистари дарёи Хазарро тақсим карда мавқеи ҳуқуқии истифода аз захоири онро муайян кунанд, соли 2002 дар Ишқобод баргузор шуда буд. Рӯзи якшанбе сухангӯи ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ Ғуломризо Оқозода дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки интизор аст, раҳбарони Русияву Озарбойҷон, Эрону Туркманистон ва Қазоқистон дар поёни ин, нишаст як эъломияи муштаракро ба имзо расонанд. Аммо аз ҳоло, аксар таҳлилгарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд барои эрониҳо ин нишаст чандон осон нахоҳад гузашт, чун ташвиши аслии Эрон аз тақсими одилонаи бистари баҳр маншаъ мегирад.

Як таҳлилгари эронӣ, устоди донишгоҳи Лондон Алии Гаронмоя мегӯяд, ки баъди суқути шӯравӣ муддате миёни кишварҳои соҳили дарёи Хазар ихтилофи назар вуҷуд дошт: аз тарафе миёни Эрону Русия бо Озарбойҷон, баъдан миёни Озарбойҷону Туркманистон, аммо ҳамаи ин давлатҳо истифодаи манобеи дарёи Хазарро бо ҳадафҳои иқтисодӣ ҳамоно идома додаанд.

Аммо боз ҳам, бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои зиёди ин мавзӯъ ба таври ҷудогона, баъзе нозирон аз нишасти рӯзи сешанбе интизороти зиёд надоранд. Бархе мегӯянд, дардисарҳои Эрон дар арсаи байналмилалӣ ва мухолифатҳои ин кишвар бар сари барномаи ҳастаиш бо ғарб, ки Теҳронро аз пуштибониҳои Маскав вобаста мекунад, мавқеи Эронро дар баҳси Хазар метавонад заъифтар созад. Тураҷи Атобакӣ аз донишгоҳи Амстердам мегӯяд, ки аз нишасти рӯзи сешанбе интизори кадом таҳаввулоти чашмгир нест.

Бори аввал паймоне дар заминаи тақсими ҳуқуқии бистари Хазар ҳанӯз соли 1921 миёни Эрону Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуда, баъдан бо қарордодҳои дигари мисли моҳидориву тиҷорат дар солҳои 1927 ва 1940 такмил шудааст. Аммо бо суқути шӯравӣ ва ба миён омадани чаҳор давлати мустақил дар соҳили обҳои Хазар, баҳси тақсими бистари он доғ ва то имрӯз ҳалношуда боқӣ монд.

XS
SM
MD
LG