Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои нишасти сарони ИДМ дар Душанбе


Ширкаткунандагони нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Душанбе
Ширкаткунандагони нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Душанбе

Дар анҷоми нишасти худ дар шаҳри Душанбе сарони кишварҳои Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ зери як силсила аснод имзо гузоштанд.

Инҳо:
• Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои раҳбарони хадамоти муҳоҷиратии кишварҳои ИДМ
• Протоколи ниҳодҳои марзбонии кишварҳои ИДМ дар мавриди кӯмак ва ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати рафъи бӯҳрони пешомада дар марзҳо
• Таъсиси нишони сарисинагии «Марзбони фахрии ИДМ»
• Созишнома оид ба мубориза алайҳи қонунисозии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм
• Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва терроризм

Дар ин нишаст дар маҷмӯъ ҳудуди бист санад ба имзо расид.
Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ бо интиқоли раёсати даврии ин Иттиҳод аз Тоҷикистон ба Қазоқистон оғоз ёфт. Дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ бо ширкати вазирони умури хориҷӣ ва намояндаи СММ Антонио Марио Коста шурӯъ шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як суханронии кӯтоҳ аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тақозо намуд, садорати маҷлисро ба даст гирад. Ҷаноби Назарбоев дар оғози суханронии худ раисҷумҳури Тоҷикистонро бо 55-солагии зодрӯзаш, ки ба имрӯз мусодиф омадааст, табрик намуд ва ба ӯ Нишони ифтихории ИДМ-ро тақдим кард.

Назарбоев дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки муҳоҷирати корӣ дар кишвраҳои ИДМ танзим шавад, зеро яке аз мушкилоти аслии ҷомеаъи имрӯз вуҷуди мушкилот дар низоми муҳоҷирати корӣ мебошад. Ба дунболи ӯ, намояндаи САҲА Антонио Марио Коста аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард ва ишора кард, ки теъдоди зиёди маводи мухаддир дар кишварҳои гузаргоҳи мухаддирот боқӣ монда аслан ҷавононро мӯътод намудааст. Вай таъкид кард, ки кишварҳои ИДМ метавонанд дар амри ҷилавгирӣ аз густариши маводи мухаддир саҳми муассир дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG