Пайвандҳои дастрасӣ

Масоили об барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлоли онҳо мояи баҳсҳои ҳамешагӣ шудааст.

Муаллиф: Брюс Паннер

Оё обе, ки аз марзи шумо мегузарад, моли шумост ва шумо ҳаққ доред, аз он тавре ки мехоҳед ва чӣ қадаре ки мехоҳед, истифода баред?
Ва ё бояд ба ниёзмандии онҳое низ бирасед, ки дар қисматҳои поёноб ба сар мебаранд? Ин аст суоле, ки 5 кишвари Осиёи Марказиро аз соли 1991, яъне аз замони касби истиқлоли онҳо, саргарми баҳс нигоҳ медорад. Сарчашмаи бахши аъзами рӯдхонаҳои бузурги минтақа кӯҳистонҳои Тоҷикистону Қирғизистон буда, кишварҳои поёноб – Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистонро вобаста ва нигарони таъсири тарҳҳои эҳдоси не
Масъалаи бунёди нерӯгоҳи азими Роғун яке аз мавзӯъҳои ҳамешагии нутқу баромадҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи чанд соли ахир мебошад
рӯгоҳҳои бузург бар фарози ин рӯдхонаҳо кардааст.

Аз миёни кишварҳои поёноб ба вижа мавзеъгириҳои Тошканд бепардаву шадидтар ба назар меояд. Ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вақте дар паёми солонааш ба мавзӯи об пардохт, зери таъбири дипломатии “қувваҳои манфиатдор” ғолибан Узбакистонро дар назар дошт.

Узбакистон аммо аз он нигарон аст, ки бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистону Қирғизистон
Тайи ду соли ахир Узбакистон нархи газашро барои Қирғизистон 5 дафъа боло бурд. Қирғизистон ба ин сиёсати муғризона чӣ посух бояд бидиҳад?
дастрасӣ ба манобеи об барои 28 миллион ҷамъияти сокини ин кишварро маҳдудтар мекунад. Ин аст, ки Узбакистон алайҳи бунёди чунин нерӯгоҳҳо маъракаи густардаеро ба роҳ андохта, мегӯяд, истифода аз рӯдхонаҳои фаромарзӣ набояд ба зиёни муҳити зист ва ба зиёни манофеъи мардуми сокини кишварҳои поёноб анҷом шавад.

Акбархон Маҳдиев, сухангӯи Ҳизби либерал-демократ, бузургтарин ҳизби порлумонии Узбакистон, мегӯяд, бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон мунҷар ба коҳиш ёфтани манобеъи об шуда, ба азоби мардуми Узбакистон хоҳад афзуд. Вай меафзояд, “дар ҷумҳурии мо барои онҳое, ки дар ҳавзаи баҳри Арал ба сар мебаранд, ин ҳама мунҷар ба оқибатҳои хеле манфӣ шуда, ба ҳаёт ва саломатии миллионҳо нафар таъсир хоҳад гузошт. Ин мушкили фаромарзӣ ба хусус барои аҳли Қароқалпоқистону Хоразм ва Навоиву Бухоро хатарнок аст.”

Тошканд талош дорад, пуштибонии ду кишвари дигари поёноб аз ин мавқеъро низ ба даст биоварад. Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо ҳамтоёни туркману қазоқаш иртиботи зиёде надорад, вале ахиран бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Нурсултон Назарбоев дар тамос шуд, то онҳоро ба хатарнок будани барномаҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон мутақоид созад.

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, мухолифи аслии бунёди нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад
Вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи 14 апрел бо пахши як баёнияи вижа дахолати “кишварҳои севвум” (манзур сармоягузорон) дар баҳси масоили оби Осиёи Марказиро ғайриқобилиқабул номид, вале ҳамзамон хостори анҷоми таҳқиқи байналмилалии ҳарду тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи Қамбар-Ота дар Қирғизистон ва нирӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон шуд.

Душанбеву Бишкек аммо ин изҳори нигарониҳоро беасос мехонанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, Душанбе кишварҳои поёнобро ба ҳеҷ сурат бидуни об нахоҳад гузошт. Оқои Раҳмон то 4 соли дигар таъмин кардани истиқлолияти энержии Тоҷикистонро ваъда супурда, афзуд, дар сурати ғайр, наметавонад сабаби бӯҳрони энержиро ба мардумаш, ки беш аз 15 сол боз ҳар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад, бифаҳмонад.

Қирғизистон ҳатто талош кард, то об низ монанди нафту газ ҳамчун мол эътироф шавад ва кишварҳои болооби минтақа ҳаққи тиҷорати об ба кишварҳои поёноби маҳрум аз манобеъи об, вале саршор аз манобеъи нафту газро дошта бошанд. Бозорбой Мамбетов, коршиноси масоили обу энержӣ ва муовини собиқи сарвазири Қирғизистон, мегӯяд, кишвараш ҳаққ дорад, ки обашро бифурӯшад:

“Агар Қирғизистон истифодаи захираҳои обашро дуруст ба роҳ монад, ин амр фақат як каме ба сиёсатҳои Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад кард. Узбакистон ҳазор метри мукааби газашро ба Қирғизистон бо қимати 240 доллар мефурӯшад, вале дар айни ҳол қимати газаш барои Қазоқистонро ҳамагӣ 84 доллар муқаррар кардааст. Тайи ду соли ахир Узбакистон нархи газашро барои Қирғизистон 5 дафъа боло бурд. Қирғизистон ба ин сиёсати муғризона чӣ посух бояд бидиҳад? Геополитика дар саҳнаи Осиёи Марказӣ чунин аст.”

Сармоягузорони хориҷӣ ва ҳамин тавр, созмонҳои байналмилалӣ дар қиболи баҳси оби Осиёи Марказӣ аз эҳтиёт кор мегиранд ва аз сармоягузорӣ ба тарҳҳои эҳдоси нирӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳар баҳона парҳез мекунанд, ки мабодо хашми Тошкандро наоранд.

Аммо тавре ба назар мерасад, аз бунёди нирӯгоҳҳои бузург манъ кардани Тоҷикистону Қирғизистон, ин ду кишвари болооб, вале мувоҷеҳ ба бӯҳрони энержӣ, барои кишварҳои поёноби саршор аз манобеъи нафту газ торафт мушкилтар мешавад. Қарор аст, рӯзи 28 апрел раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар Алма-Ато дар анҷумани ҳифзи баҳри Арал гирди ҳам омада, бори дигар қартаи баҳси кишварҳои болооб ва поёноби минтақаро ба бозӣ дароваранд.

Бозие, ки 18 сол ба ин сӯ дар минтақа идома дорад. Бозие бидуни қоида ва то ҳол бидуни ғолибу мағлуб.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG