Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш аз тағйири иқлим нигарон аст


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА

Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА

Интизор меравад раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш имрӯз дар мавриди тағири иқлим изҳороте пахш кунад.

Бинобар пешгуии сарчашмаҳои расмӣ, зимни суханрониаш Ҷорҷ Буш дидгоҳашро ба роҳи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ дар ИМ матраҳ хоҳад намуд. Сарвари Амрико дар пешорӯи баҳси тарҳи қонуни марбут ба тағийри иқлим дар Сенати кишвар моҳи июн мехоҳад қонунгузоронро бисанҷад.

Дана Перино, сухангуи Кохи сафед, дирӯз дар як нишасти матбуъотӣ эълом дошт, ки Ҷорҷ Буш ягон пешниҳоди мушаххас карданӣ нест, балки стротежии дарозмуддат ва ҳадафҳои амалии коҳиши истихроҷи чунин бухорҳоро муайян хоҳад кард.

Сухангуи Кохи сафед гуфт, Буш хоҳони ин аст, ки ҳар як кишвари пешрафтаи иқтисоди, аз ҷумла Чин ва Ҳиндустон ки иқтисодашон бо суръат рушд мекунад, тарҳҳои миллии худ дар мавриди поинбурдани истихроҷи бухорҳои гулхонаиро интишор кунанд. Бархе аз мутахассисон бар инанд ки ин бухорҳо сабаби аслии гармоиши саросарии ҳаво мебошанд.

Хонум Перино афзуд, интишори чунин нақшаҳо тазмин медиҳад ки иқтисодҳои бузург, ба мисоли Фаронса, Олмон, Чин ва Ҳиндустон, дар ҳама созишномаҳои байналмилалӣ нақше хоҳанд бозид ва ин имкон нахоҳад дод, ки дар оянда иштибоҳҳои Киото такрор шаванд.

Созишномаи нав дар мавриди гармоиши саросарӣ бояд якум марҳилаи созишномаи Киоторо, ки соли 1997 ба имзо расида буд, иваз кунад. Тибқи он 37 кишвари пешрафтаи саноъатӣ бояд то соли 2012 истихроҷи газҳои гулхонаиро ба 5 дар сади сатҳи соли 1990 коҳиш диҳанд. ИМА ягона кишвари пешрафтаи саноъатиест, ки созишномаи Киоторо ба тасвиб нарасондааст, бо вуҷуди ин Амрико зимни конфронси байнулмилалии Балии Индонезиё моҳи декабри соли гузашта дар ҳамроҳии дастикам 200 кишвари дигар розӣ шуд созишномаи навро то охирҳои соли 2009 баррасӣ кунад.

Хонум Перино иттилоъ дод, Буш мехоҳад қонунгузоронро огаҳ созад, ки тарҳи қонуни пешниҳодшуда ӯро нигарон мекунад. Ҳадс зада мешавад ки тарҳи қонун зимни баррасии он дар Сенат моҳи июн пазируфта шавад.

Сухангӯи Ҷорҷ Буш афзуд, барои ҳали мушкил роҳҳои дуруст ва нодуруст вуҷуд доранд аммо ба ҳукумати Буш ягон тарҳи қонунгузорон маъқул нест ва ҳеҷ кадом ин тарҳро ҳукумат дастгирӣ нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG