Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ояндаи нерӯҳои ИМА дар Ироқ муайян мешавад


Раисони ҷумҳуриҳои ИМА ва Ироқ Ҷорҷ Буш ва Ҷалоли Толибонӣ

Раисони ҷумҳуриҳои ИМА ва Ироқ Ҷорҷ Буш ва Ҷалоли Толибонӣ

Имрӯз, 25-уми июн, дар Кохи Сафед мулоқоти Ҷорҷ Буш ва Ҷалоли Толибонӣ, раисони ҷумҳуриҳои ИМА ва Ироқ, баргузор мешавад.

Бино ба хабарҳо, дар баробари масоили дигар қарор аст ду раҳбар роҷеъ ба қарордоди дарозмуддати амниятии ин кишварҳо оид ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Ироқ сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.

Гордон Ҷондро, сухангӯи Кохи Сафед, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки мӯҳлати ваколати СММ, ки дар чаҳорчӯби он шароити ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ танзим мешавад, охири соли ҷорӣ сипарӣ мешавад. "Ироқиҳо ба мо гуфтанд, ки онҳо хоҳони бознигарӣ шудани шартҳои ин қарордод ҳастанд", гуфт вай. "Онҳо хоҳони баста шудани созишномае бо ИМА роҷеъ ба ҳузури минбаъдаи нерӯҳои ин кишвар дар Ироқ ҳастанд ва ман мутмаинам, ки ҷонибҳо дар ин бора сӯҳбат хоҳанд кард", - афзуд сухангӯи Кохи Сафед.

Феълан ҳарду кишвар музокираҳоро барои танзими шароити ҳуқуқии ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Ироқ баъди дар таърихи 31 декабр ба итмом расидани ваколатҳои СММ ба роҳ мондаанд. Инчунин ҷонибҳо созишномаи нави ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ хоҳанд кард, мегӯяд Кохи Сафед.

Аммо дар ин шароит кишваре ҳаст, ки шадидан мухолифи истиқрори пойгоҳҳои низомии дарозмуддат дар хоки Ироқ ва ҳузури идомаёбандаи Амрико дар ин кишвар аст. Эрон ҳарос дорад, ки эҳтимолан аз пойгоҳҳои амрикоӣ дар хоки Ироқ барои ҳамла болои Ҷумҳурии Исломӣ истифода хоҳад шуд. Дар ин замина мақомоти баландпояи Теҳрон ва раҳбарияти олии мазҳабии ин кишвар дар як сафари ду ҳафта пеши нахуствазири Ироқ Нурӣ-ал-Моликӣ ҳушдор дода буданд. Ва аз ҳамин хотир ҳам маълум аст, ки барои Бағдод тасмимгирӣ дар ин замина як кори сахт хоҳад буд.

Оқои Моликӣ дар ин сафараш ваъда дода буд, ки ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, то ки аз қаламрави Ироқ барои ҳамла болои Эрон истифода шавад. Тибқи хабарҳои охир, дар пайи сӯҳбатҳои телефониву музокираҳои видеоӣ раҳбарони ҳам Ироқ ва ҳам Амрико аз ҷараёни ин гуфтугӯҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Оқои Моликӣ, нахуствазири Ироқ гуфта буд, ки ҳароси онҳо аз имзои ин созишнома ин аст, ки ба ин тарз мустақилияти ин кишвар аз даст хоҳад рафт. Баъдан ИМА аз яке аз бандҳои муҳими мавриди ташвиши ин созишнома барои ироқиҳо даст кашид, ки ба фаъолияти бидуни монеа ва масунияти ҳуқуқии коргарони инфиродии қарордодӣ иртибот мегирад. Созишномаи мазкур бояд то моҳи июл ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG