Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш раисиҷумҳури Косово Фатмир Сейду ва нахуствазири ин кишвар Ҳошим Тачиро дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт.

Раисиҷумҳури ИМА раҳбарони Косоворо мутмаъин кард, ки кишвари ба тозагӣ соҳибистиқлолшудаи онҳоро дар ниҳоят бисёри давлатҳои ҷаҳон ба расмият хоҳанд шинохт.

То кунун ҳамагӣ 40 кишвар истиқлолияти Косоворо расман эътироф кардаанд. Ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷаи Амрико Кондолиза Райс таъкид кард, ки аз се ду ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва паймони НАТО соҳибистиқлолии ин кишварро дастгирӣ кардаанд.

Бо вуҷуди ин зимни мулоқот бо Ҷорҷ Буш эътирофи Косово мавзӯъи аслии мавриди нигаронии раҳбарони ин Косово будааст ва Ҷорҷ Буш кӯшиш кард, эътимоди онҳоро тақвият диҳад.

Ҷорҷ Буш пас аз мулоқот бо роҳбарони Косово зимни як нишасти матбуотии муштарак иброз дошт: “Мо мушкилиҳое, ки Косово бо онҳо рӯбарӯст, мавриди баҳс қарор додем. Ин кишвар ниёз дорад, ки шумораи ҳарчи бештари давлатҳои ҷаҳон соҳибистиқлолии онро пазиранд. Ман ваъда медиҳам, ки Амрико ба ҳамкориаш бо давлатҳое, ки то ҳол истиқлолияти Косоворо нашинохтаанд, идома медиҳад ва кушиш мекунад ин кишварҳоро моил кунад, ки ҳар чи зудтар ин гомро бардоранд”.

Дигар мавзӯъи бисёр ҳассос таъмини ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллии Косово, ба вижа сербҳо, буд. Ҷорҷ Буш ҳукумати Косоворо даъват намуд, ки ҳифзи ҳуқуқи сербҳои сокини Косоворо таъмин кунанд.

Алорағми мухолифати Сербистон ба истиқлолияти Косово Буш гуфт, Амрико пайвастани ҳам Косово ва ҳам Сербия ба узвияти паймони НАТО-ро пуштибонӣ мекунад: “Мо дар бораи иқтисод, таҳсил ва хоҳиши ба узвияти НАТО пайвастани Косово ва Сербистон сӯҳбат кардем. Амрико ҷонибдори ба НАТО шомил шудани ҳардуи ин кишварҳо мебошад”.

Дар навбати худ раисиҷумҳури Косово Фатмир Сейду гуфт, Косово кишвари ҳамаи шаҳрвандонаш аст ва ваъда дод, ки то даме, ки ӯ раисҷумҳур аст, ба ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ эҳтиром гузошта мешавад. Нахуствазир Ҳошим Тачӣ ба Ҷорҷ Буш барои дастгирии истиқлолияти кишвараш ибрози сипос карда, гуфт, Амрико ва Косово дӯстони абадии ҳамдигар хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG