Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Г. Лотен: «Вазъи Кӯлоб маро ба ёди Африқо бурд»


Пазироии Грэм Лотен дар шаҳри Кӯлоб
Пазироии Грэм Лотен дар шаҳри Кӯлоб

Грем Лотен, сафири Бритониё дар Душанбе, барои ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум пас аз сардиҳо ба минтақаи Кӯлоб сафар кард.

Дар ҷараёни боздид аз манотиқи мазкур Грем Лотен оид ба зиндагӣ ва барномаву кумакҳои роҳандозишуда бо масъулин ва сокинону кормандони созмонҳои байнулмиллалӣ мулоқот доир намуд. Дар робита ба натоиҷи сафар ва таасуроти аз шароити зисти мардуми шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шурообод бардоштаи Грем Лотен хабарнигори радиои Озодӣ Фирӯз Баротов бо ӯ мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи он оварда мешавад.

Суол: Зимистони шадиди имсол мардуми Тоҷикистонро бо ҳолати буҳронӣ мувоҷеҳ кард. Хуб, ҷаноби сафир, пас аз сафар ба минтақаи Кулоб вазъи феълии мардуми ин маҳалҳоро чи гуна дарёфтед?

Грем Лотен: Таъсири бевоситаи зимистон сипарӣ шуд, зеро бо фарорасии баҳор ва гарм шудани ҳаво мушоҳида мешавад, ки мардум аз сардӣ дигар азият намекашанд. Аммо як хабари ҷиддиеро мехоҳам ёдрас шавам, ки зимистони сард бевосита ба ҳаёти минбаъдаи сокинон бетаъсир нест. Барои мисол сокинони Ховалинг ва Балҷувон комилан захираҳои ғизоии худро бо иллати сармо талаф додаанд. Ба хусус мо аз мардуми Шӯрообод шунидем, ки онҳо гуруснаанд, захираҳои хурданиро аз даст додаанд ва ба таври кофӣ ғизо истеъмол намекунанд. Мо аз мардум шунидем, ки дар Кулоб ва Восеъ чорвои зиёд талаф ёфтааст. Он чорвое, ки тибқи маъмул дар ин фасли буҳронӣ, барои харидории ғизо фурухта мешуд. Чунин ҳодисаҳо хеле зиёданд. Сардухтури беморхонаи амрози сироятии шаҳри Кӯлоб гуфт, даҳ ҳолати гирифторони бемории доманаро кашф кардаанд ва 90 нафари дигар ба ин беморӣ гумонбар дониста мешавад. Бояд гуфт, дар Кулоб мо шоҳиди мушкилоти дигар низ гаштем, ки ин омехта шудани оби олуда ва касиф бо оби ошомиданӣ буд, ки бархе аз деҳоти атрофи шаҳри Кӯлоб истефода мекарданд. Аслан ин таъсири бевоситаи буҳрони энерҷӣ буд, ки дар натиҷа хадамоти масъул ба таври зарурӣ назорат намекарданд. Аз ин рӯ бо дидани офтоби дурахшон ва дарахтони пургул мо набояд фикр кунем, ки ҳама мушкилот паси сар шуданд, балки кори зиёдеро бояд иҷро кард.

Суол: Ҷаноби сафир, шумо аз ин қабл низ аз шаҳри Кулоб чанд маротиба дидан кардаед. Тибқи мушоҳидаи шумо, то куҷо вазъи зиндагии мардум тағйир ёфтааст ва таасуроти шумо аз Кӯлоб чӣ гуна аст?

Грем Лотен: Шаҳри Кӯлоб ҳоло ҳам ба мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ аст. Дар манзиле, ки мо шабамонро рӯз кардем, ҳанузам дар як шабонаруз 4 соат барқ истифода мекунад. Мо бо масъулини идораи обу корези Кулоб суҳбат кардем. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳали мушкилоте, ки зимистони имсола пеш овард, дар танҳоӣ наметавоананд кореро анҷом диҳанд. Маблағгузории онҳо ночиз аст ва ҳамагӣ дар як рӯз 350 сомониро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, кормандони ин макомот аз моҳи декабр инҷониб маош нагирифтаанд. Дар ҳоле ки ба ин соҳа бояд афзалияти бештар дода шавад. Бояд гуфт, барои бартараф кардани мушкилоти марбут ба об, ки дар натиҷаи сармои шадид ба миён омад, аз суйи созмони бритониёи Оксфам барномаҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Суол: Муҳтарам Грем Лотен, шумо бо мардум оид ба вазъи омӯзишу парвариш ва беҳдошт суҳбат намуда, ҳамчунин аз мактаби миёнаи деҳаи Тудакавш ва беморхонаи сироятии шаҳри Кулоб дидан кардед. Хуб, бигуед, ки дар ин соҳоти барои рушди ҷомиъа муҳим вазъ чи гуна аст?

Грем Лотен: Бале, бояд бигуям, ки аз соли 1998 инҷониб бахши кудаконаи беморхонаи Кулоб умуман об надорад. Ман бо чашмони худ ташноби ин беморхонаро дидам ки вазъаш хеле даҳшатнок ва асафбор буд. Ҳатто девор надошт ва бо латапора маҳкам шуда буд. Ҳоҷатхона дар 50-100-метрии бинои марказии беморхона қарор дошт. Тасавур кунед, дар сармои шадид бемор чӣ гуна ба онҷо меравад. Боз як мактаберо дидем, ки фаршаш аз гил буд ва шифт надошт. Дуруст аст, ки устодон дар ин мактаб бо шавқ дарс мегуянд ва дар мактаб фазои хуби таҳсил фароҳам буд. Ин мактаб маро ба ёди Африқо, замоне ки дар онҷо кори дипломатӣ доштам, бурд. Танҳо дар Африқо чунин мактабро бо ин шароити танг дида будам. Чунин вазъро дар шаҳре мебинем, ки ду сол қабл ҷашнвора дошт ва барои таъмиру тармими иншоотҳои мадании он аз буҷа якчанд миллион сомониро гирифта буд. Агар мо аз мардуми Кулоб бипурсем, ки барои онҳо муҷассамаи бузурги бо пластикаи чиноӣ рӯпуш кардашудаи маркази шаҳр беҳтар аст ё хадамоти хуби обтаъминкунӣ? Алакай мо посух ба ин суоли худро медонем, ки чи гуна хоҳад буд.

Суол: Ташаккури зиёд ва аммо бигуед, ки гуна ҷомеаи ҷаҳонӣ бо барномаҳое, ки амалӣ мекунанд, метавонанд бо ҳамкорӣ бо ҳукумат барои ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат намоянд?

Грем Лотен: Аслан саволи бомаврид аст ва он суолест, ки мо тайи чанд ҳафтаи ахир аз худ мепурсем, ки дар ин самт чӣ кор карда метавонем. Ва ман хурсандам бигуям, ки мо тавонистем дар сатҳи баланд миёни вазоратҳои масъули Тоҷикистон ва гурӯҳи сафирону раҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ як муколамаро ташкил кунем. Ва мо тайи чанд моҳи оянда барои ҳалли муҳокимаи масъалаҳои ёдрас шуда, гуфтугуи худро идома хоҳем дод. Чи иштибоҳҳое дар гузашта содир шуданд, ки кишварро дар зимистони имсола ба буҳрони энержӣ гирифтор кард. Оё дар ин ҳолат мо намояндагони ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои пайдо кардани роҳҳали дурусти мушкилот чи гуна метавонем мусоидат намоем. Аслан чи тавр метавонад ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумат дар муайян намудани афзалият ва кор кардан бо онҳо мусоидат кунад. Чи тавр мо метавонем як эътимоде ба вуҷуд орем, ки ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ маблағҳои воридшударо бамаврид истифода бубаранд. Мо сохтмони қасрҳо ва гузаронидани ҷашнвораҳои бодабдабаро зиёд мушоҳида мекунем, аммо бояд гуфт дар баробари онҳо бояд барои беҳбуд сохтани соҳоти маориф ва беҳдошт афзалият гузошта шавад. Хабари хуб аст, ки чунин як муколама миёни ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварҳои мададрасон мавҷуд аст ва ман умед дорам, ки бо истифода аз ин имконият ҳамаҷониба кӯшиш мекунем, ки зимистони оянда Тоҷикистон чунин мушкилотро надошта бошад.

XS
SM
MD
LG