Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ва Лондон роҳи беҳбуди равобит меҷӯянд


Девид Милибанд ва Сергей Лавров, вазирони умури хориҷии Бритониё ва Русия, ҳини дидор дар Маскав

Девид Милибанд ва Сергей Лавров, вазирони умури хориҷии Бритониё ва Русия, ҳини дидор дар Маскав

Вазири хориҷаи Бритониё Девид Милибанд дирӯз бо як сафари дурӯза вориди Маскав шуд. Баҳси роҳҳои беҳбуди равобити миёни Русияву Бритониё як ҳадафи аслии ин боздид гуфта мешавад.

Девид Милибанд бо ҳамтои русаш Сергей Лавров як мулоқоти алоҳида барпо карда, музокироташ бо Лавровро имрӯз идома додааст. Қарор аст, Милибанд дар Маскав бо намояндагони маҳофили тиҷоратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия низ мулоқот кунад.

Дар 5 соли охир Милибанд нахустин вазири хориҷии бритониёст, ки аз Маскав дидан мекунад. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Русияву Бритониё тайи солҳои охир ба сардӣ гароидааст. Баъд аз чанд соли танишҳо Бритониёву Русия акнун мехоҳанд равобити худро беҳбуд бубахшанд.

Девид Милибанд дар пайи музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфт, “ба назари ман, мо ба ҳайси натиҷаи ин музокирот метавонем бигӯем, ки мо нафақат ҳамдигарро беҳтар фаҳмидем, балки ҷаҳд дорем, ки роҳҳои ҳамкории беҳтарро низ пайдо кунем.”

Русия ба хотири муқобила бо бӯҳрони молӣ ба 18 миллиард доллар сармоя ниёз дорад ва Бритониё, қарори маълум, аз сармоягузорони умда ба иқтисоди Русия дониста мешавад ...
Дар музокироти Милибанду Лавров дар Маскав масоили Ховари Миёнаву Афғонистон низ аз мавзӯъҳои аслии баҳс буда, Бритониё мехост рӯшан кунад, ки Русия дар ҷанги Афғонистон ва баҳси ҳастаии Эрон то куҷо ҳусни ҳамкорӣ нишон доданист.

Русия ҷиҳати кӯмак дар амри транзити молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон тааҳҳуд супурд, вале дар мавриди эъмоли таҳримоти нав алайҳи Теҳрон чандон моил набуд.

Сергей Лавров, ки рӯзи якшанбеву душанбе бо ҳамтои бритониёияш музокирот дошт, гуфт, ин музокирот ба сурати умум пурсамар буд, “умедворам, ин музокирот ба мо имкон медиҳад, ба пеш ҳаракат кунем. Нафақат дар масоиле, ки дидгоҳи мо наздик аст, балки ҳамчунин дар он мавзӯъҳое, ки мо ҳанӯз бояд дидгоҳҳои худро наздиктар кунем.”

Ва аммо ҳарчанд дар лаҳни сӯҳбатҳои ду вазир иттифоқи назар нисбат ба ихтилофоти пешин бештар мушоҳида мешуд, Лавров ва Милибанд қазияи заҳролуд кардани Александр Литвиненкоро, ки 3 сол пеш ба таниши сахте дар равобити Маскаву Лондон оғоз гузошт, низ сарфи назар накарданд. Лондон ҳанӯз ҳамон замон Андрей Луговойро гумонбари аслӣ дар ин сӯъиқасд ба ҷони афсари собиқи амниятии Русия шинохта буд, вале Маскав аз супурдани ӯ ба дасти пулиси Бритониё сар печид.

Милибанд дар Маскав гуфт, ки Бритониё таъқиби адолат дар қиболи парвандаи қатли Литвиненкоро идома хоҳад дод. Аммо Лавров бори дигар ба Қонуни асосии Русия такя зад, ки истирдоди шаҳрвандонашро ба кишвари дигар манъ мекунад. Вай афзуд, “мавзеи мо тағйир наёфтааст. Ва фикр мекунам, ҳамкорони бритониёии ман мефаҳманд, ки талаби онҳо дар мавриди тағйири Қонуни асосии мо ғайриқобили иҷрост.”

Масъалаи дигари танишзо дар равобити Маскаву Лондон тақозои аз сӯи Бритониё раддшудаи Русия ҷиҳати истирдоди сармоядори фирории рус Борис Березовский ва намояндаи ҷудоиталабони чечен Аҳмад Закаев аст, ки ҳарду дар Бритониё паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфт кардаанд.

Маъракаи зиддибритониёие, ки дар пайи ин танишҳо дар Русия ба роҳ андохта шуд, аз ҷумла Шӯрои Бритониёро ҳадаф қарор дода, ба ҷосусӣ муттаҳам шудани чанд ходими сафорати Бритониёро низ дар бар мегирифт. Аммо оё чӣ таҳаввулоте дар ҷаҳон пеш омада, ки Маскаву Лондонро ба бознигарии равобити танишолудаашон таҳрик медиҳад?

Таҳлилгарони рус аз ҷумла ба беҳтар шудани равобити Русия бо Амрико дар аҳди Барак Обама таъкид мекунанд. Омили дигар, ба эътиқоди онҳо, бӯҳрони молист. Русия ба хотири муқобила ба ин бӯҳрон ба 18 миллиард доллар сармоя ниёз дорад ва Бритониё, қарори маълум, аз сармоягузорони умда ба иқтисоди Русия дониста мешавад.

Таҳлилгари рус Василий Прибиловский мегӯяд, Маскав ба навбати худ умедвор аст, ки дар баҳои беҳбуди равобит Ғарб мушкилоти дохилии Русияро фаромӯш кунад.

Дар арафаи ин сафар, як гурӯҳи вакилони порлумони Бритониё аз Девид Милибанд даъват карданд, дар Маскав масоили ҳуқуқи башар ва сарнавишти сармоядори зиндонии рус Михаил Ходорковскийро бардорад.

Ҳамсари Александр Литвиненко – Марина аз Милибанд интиқод кардааст, ки дуруст дар остонаи солгарди севвуми сӯиқасд ба ҷони шавҳараш азми сафари Маскав кардааст.
XS
SM
MD
LG