Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Арӯсрабоӣ» дар Қирғизистон: расм ё ҷиноят?


Арӯсрабоӣ як анъанаи асримиёнагӣ нест, он воқеияти имрӯза аст, ки баъди суқути шӯравӣ дар Қирғизистон авҷи бештар ва шаклу ангезаҳои мухталиф касб кардааст.

Як ҷунбиши ҷавонони Қирғизистон мавсум ба «Бинго» ахиран дар мавзӯъи арӯсрабоӣ ва табъизи занон дар Қирғизистон пажӯҳише анҷом додааст. Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, ҳарчанд дар қонунгузории Қирғизистон издивоҷи зану мард танҳо аз рӯи хоҳиши тарафайн дар назар гирифта шудааст, аммо маврдҳои ба таври зӯрӣ ақди никоҳ кардани духтарон хеле фаровон ба чашм мехӯрад.

«Бинго» муайян кардааст, ки танҳо дар муддати 6 рӯз дар яке аз шаҳрҳои начандон калони ин кишвар 7 ҳодисаи дуздии духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст ва ҳама – аз ҷониби як ҷавон.

Пажӯҳиши ин созмон собит кардааст, ки сабаби аслии афзоиши арӯсрабоӣ дар Қирғизистон, қабл аз ҳама, ба вазъи бади иқтисодӣ бастагӣ доштааст. Яъне ба назари аксарият бо ин васила хароҷоти маросими тӯйӣ камтар мешавад.

Газбӣ Бобоёрова 3 сол инҷониб аз рӯи лоҳиаи «Арӯсрабоӣ дар Қирғизистон» кор мебарад. Ӯ мегӯяд, дар ин кишвар то рафт синни духтароне, ки аз ҷониби шавҳарони ояндаашон рабуда мешаванд, ҷавонтар мегарад: «Дар Қирғизистон ҳодисаҳои рабуда шудани духтарон сол аз сол афзоиш меёбад. Ҳатто духтарони ноболиғи 12- ва ё 13-сола низ дуздида мешаванд. Ин духтарон аслан то синфи 9-ум таҳсил мекунанд ва баъдан, пас аз онки дуздида мешаванд, ба ҳаёти оилавӣ шурӯъ мекунанд. Аслан ҳодисаҳои рабудашвии арӯсони оянда якранг сурат мегиранд. Масалан, дар рӯзи равшан, ҳангоме ки ин духтарон ба мактаб, донишгоҳ, бозор ва ё ҷои дигар мераванд, мошине дар назди онҳо меистад ва он ҷавоне, ки шояд ҳамдеҳа, ҳамсоя ва ё ҳатто ба ин духтар ношинос аст, ӯро бо ёрии чанд марди дигар иҷборан ба мошин мешинонад ва ба манзилаш мебарад. Аксаран дар ин ҳолат волидайни духтар ба издивоҷи фарзандашон ризоият медиҳанд ва каманд падару модаре, ки духтари худро аз он хона пас бигиранд. Зеро онҳо аз он метарсанд, ки бо духтарашон дигар касе издивоҷ нахоҳад кард. Ва дар ин ҳолат ҳатто, агар духтари дуздидашуда муқобили ин издивоҷ бошад, чорае ҷуз розигӣ додан ба хонадоршвиаш надоранд».

Хонум Газбӣ мегӯяд, рабудашудани арӯсон ва издивоҷи иҷборӣ, қабл аз ҳама, ба сиҳҳат ва равони ин духтарон таъсири манфӣ мерасонад ва дар натиҷа чунин оилаҳо хеле зуд аз ҳам мерезанд: «Ман гумон мекунам, хушунати хонаводигии занону духтарон маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Зеро, дар сурате, ки ин оила бидуни хоҳиши арӯс бунёд шудааст, ӯ на бештар аз як канизе хоҳад буд ва дар миёни зану шавҳари ҷавон на ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ ҷой хоҳад дошт. Ҳатто ҳодисаҳое низ ҷой доранд, ки ин духтарон худкушӣ кардаанд ва ё пас аз барҳам хурдани оила бероҳа шудаанд».

Ҷамила, як духтари қирғиз, маҳз бо ҳамин шева ба шавҳар расида, иҷборан оила барпо кардааст. Таҷрибаи талхи худро вай чунин бозгӯ кард: «Ман дар синни 23-солагӣ издивоҷ кардаам, аммо мувофиқи суннатҳои мо, агар ҷавон духтарро дӯст дорад, барои онки вайро аз даст надиҳад, духтарро мерабояд. Баъди ин духтари рабудашуда маҷбур аст, ки дар хонаи домод нишинад. Маро низ домод рабудааст, вале, ба далели онки мо ҳамдигарро насанҷида будем ва аз хулқу атвори ҳамдигар низ огаҳӣ надоштем, дар синни 30-солагӣ маҷбур шудам, ки бо 3 фарзанд аз шавҳар ҷудо шавам».

Дар ҳамин ҳол Ҷамила паҳлуи дигар доштани «арӯсрабоӣ»-ро низ равшан мекунад: «Шумори духтароне, ки баъд аз рабуда шудан зиндагии хушу хуррам доранд, низ кам нест. Яъне, агар ҷавон дили духтарро ба даст орад, онҳо метавонанд то охири умр бо ҳам бошанд. Вале онҳое, ки ситораашон ба ҳам мувофиқ намеояд, бо вуҷуди онки домод духтарро дӯст медорад, зуд ва ё дер онҳо аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд».

Аммо дар маҷмӯъ, коршиносони ин масъала дар Қирғизистон мегӯянд, ки воқеияти иҷборан ва бо зӯр ба шавҳар додани духтарҳо бо роҳи рабудашавии онҳо дар асл барои аксарият як шикаст аст – шикасти рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва маънавӣ.

Бар тибқи банди 155 қонуни ҷиноии Қирғизистон, дар сурати рабуда шудани духтарон ва издивоҷи иҷборӣ бо онҳо аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ муайян шудааст, ки, ба ақидаи хонум Газбӣ, дар муқобили ҷинояти вазнин ин ҷазои сабук аст. Аз сӯи дигар, аксари ин «арӯс»-он аз вуҷуд доштани чунин қонун хабар надоранд ва ё аз шикоят ба мақомоти дахлдор парҳез мекунанд. Гуфта мешавад, соли гузашта танҳо 6 чунин ҳодиса дар додгоҳи Қирғизистон баррасӣ шудаасту халос.

XS
SM
MD
LG