Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз имзои созиши Дейтон, ки ба ҷанг дар Боснӣ, яке аз ҷумҳуриҳои Югославияи собиқ хотима гузошт, понздаҳ сол сипарӣ шуд. 21 ноябри соли 1995 дар яке аз пойгоҳҳҳои нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Амрико дар аёлати Огайо, се раҳбари кишварҳои тозатаъсиси нимҷазираи Балкан зери созиши хатми низоъ дар Боснӣ имзо гузоштанд.

Оташи умед ба ҷойи оташи ҷанг

Ин санад, ки бештар чун созиши сулҳи Дейтон маъруф аст, маҳсули талошҳои дипломатии мақомоти ИМА, кишварҳои аврупоӣ ва Русия буд. Ҳайатҳои ин кишварҳо ба хотири таҳияи санад се ҳафта шабу рӯз кор карданд. Баъди аз сӯи Слободан Милошевич, Франҷо Тудман ва Алия Изатбегович – раҳбарони Сербия, Хорватия ва Босниву Ҳерсеговина имзо шудани созиши сулҳ, оташи умеде дар дилҳо фурӯзон шуд, ки ҷанги байниқавмӣ дар Боснӣ комилан хотима хоҳад ёфт. Ҷанге, ки бар асари он тақрибан сад ҳазор нафар кушта шуд ва он мудҳиштарин ҷанг дар Аврупо баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Созише, ки ҳар кас ба гунае ташреҳ мекунад

Сиёсатмадорону мансабдорони воломақом созиши Дейтонро пояи мустаҳкам барои Боснӣ чун кишвари бисёрқавмӣ вале ягона арзёбӣ мекарданд. Ва аммо Брюс Ҳичнер, устоди як донишгоҳи Амрико ва муассиси созмони ғайриҳукуматии “Тарҳи созиши сулҳи Дейтон” мегӯяд, ки тайи ин солҳо, бисёр ваъдаҳои қаблӣ аз ёд фаромӯш шуданд. Ба гуфтаи ӯ, “ягон ҷониб воқеъан ҳам нуктаҳои созиши Дейтонро комилан иҷро накардааст. Яке аз мушкилиҳои асосӣ ин аст, ки тайи 15 сол одамон созиши Дейтонро ба таври гуногун ташреҳ мекарданд”.

Сулҳи ноустувори Боснӣ?

Бар пояи созиши Дейтон, дар қаламрави Боснӣ се минтақаи мухтор - худи Боснӣ, Федератсияи мусалмонҳову хорватҳо ва Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ таъсис гардид. Созиш ҳамчунин кафолат медод, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ ба ҳукумати баъдиҷангии ин кишвари бисёрқавмӣ барои эҳёи сулҳ кӯмак мекунад.

Ва аммо ба гуфтаи коршиносон, бо гузашти 15 сол ҳарчанд сулҳ дар Боснӣ барқарор шудааст, аммо онро наметавон сулҳи пойдор номид. Самари фаъолияти ҳукумати марказӣ, ки давра ба давра аз сӯи се президент – намояндаҳои минтақаҳои мухтор идора мешавад, низ назаррас нест. Айни ҳол Боснӣ аз нуқтаи назари ислоҳоти барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО зарурӣ аз дигар кишварҳои ҳамсояҳо ақиб мемонад. Аз сӯи дигар, ҳукумати сербҳои Боснӣ пайваста таҳдид мекунад, ки аз ҳайати Боснӣ берун хоҳад шуд.

Ва аммо бо вуҷуди ин мушкилот, Брюссел ва Вошингтон талош доранд, ки созиши Дейтон ҳифз шавад. Маҳз ба ҳамин хотир, вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон моҳи гузашта ба Сараево сафар карда буд. Моҳи равон Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуд, ки раводид барои шаҳрвандони Босниро лағв кунад.
XS
SM
MD
LG