Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши донишҷӯён дар Бишкек


Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Бишкек конфронси сеюми байнулмилалии донишҷӯён таҳти унвони «Ҷавонон ва марҳалаи гузариш дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.

Ин конфронс донишҷӯёнро аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистону Афғонистон, ҳамчунин Олмон ва Белгия гирди ҳам овард. Дар конфронс, ки фақат як рӯз давом кард, дар чаҳор бахш - иқтисод, омӯзиш, забони модарӣ ва масоъили иҷтимоъӣ дар ҳудуди шаст гузориш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чаҳор донишҷӯи тоҷик масъалаҳои мубрами рӯзро, ки мавриди таҳқиқ қарор додаанд, дар конфаронс баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, Гулрухсор Мамурова, донишҷӯдухтари тоҷик, ки як таҳқиқоти мардумшиносиро анҷом додааст, дар аснои танаффус ба радиои Озодӣ гуфт, дар кишвараш ҷавонони лаёқатманд хеле зиёданд, ки бояд ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шаванд, вале шароити иқтисодӣ мусоидат наменамояд, ки ин ҷавонон ба шаҳр биёянд ва ба донишгоҳҳо шомил шаванд. Ба гуфтаи ӯ, зеро ҳатто дар сурати шомил шудани ин ҷавонон ба донишгоҳҳо онҳо дар мавриди пардохти ҳаққи иҷораи манзил, нақлиёт ва масоъили дигар ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Масъалаи дигаре, ки Гулрухсор Мамурова таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфронсро ҷалб намуд, ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта нашудани духтарони деҳоти кишвараш буд. Вай мегӯяд, ки дар бархе аз минтақаҳои кишвараш ба донишгоҳҳо ҷалб шудани духтаронро фоли нек намешуморанд. Гулрухсор афзуд, зеро ба ақидаи ин зумра одамон духтарони деҳотӣ баъди ба шаҳр рафтан шарму ҳаёро мепартоянд ва ба роҳҳои бад мераванд. Ба гуфтаи Гулрухсор Мамурова, вай ба чунин ақида ҳаргиз розӣ нест.

Донишҷӯёни дигари тоҷик низ ба масъалаҳои доғи рӯз таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфаронсро ҷалб намуданд. Аз ҷумла, Назира Файзова масъалаи муҳоҷирати корӣ дар кишварашро ба баррасӣ гирифт. Исфандиёр Бобоев пиромуни «Мушкилоти иҷтимоъиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он» гузориш дод. Нозгул пиромуни «Фарҳанг дар Тоҷикистон» маъруза кард.

Қиёлбек Қулматов, донишҷӯи қирғиз, роҷеъ ба доман густардани истеъмоли машрубот ва афзудани сафи муътодони маводи мухаддир дар миёни ҷавонони кишвараш таваққуф намуд, ки ба проблемаи муҳими глобалӣ табдил ёфтааст.

Дар конфаронс ҳамчунин мушкилоти дастрасии донишҷӯён ба манобеъи иттилоъот, нақши дини ислом дар тарбияи насли нав, авҷи ришвахорӣ дар донишгоҳҳои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва амсоли он низ баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG