Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама аз Ироқ дидан кард


Барак Обама, довталаби курсии раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ, ҳини дидор бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Маликӣ дар Бағдод

Барак Обама, довталаби курсии раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ, ҳини дидор бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Маликӣ дар Бағдод

Барак Обама, довталаби курсии раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ, бо мақомоти Ироқ ва фармондеҳони нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар мулоқот кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар меҳвари ин мулоқотҳо мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ қарор дошт. Баъд аз анҷоми сӯҳбат бо Нурӣ ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ, Обама дар аввал фақат гуфт, ки мулоқоташон пурбор ва муфид буд. Ва аммо баъдан Обама эълом дошт, ки дар ин мулоқот Нурӣ Ал-Моликӣ аз ихроҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Ироқ дар соли 2010 пуштибонӣ кардааст. Ин ба ваъдаи қаблии Обама ба интихобкунандагон ҳамоҳанг аст, ки тибқи он, дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ, ӯ тайи 16 моҳ низомиёни кишварро аз ин минтақаи доғ берун мекашад.

Мавзӯъи ҷадвали хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, ки айни ҳол дар музокироти Вошингтону Бағдод оид ба мақоми низомиёни амрикоӣ дар Ироқ баррасӣ мешавад, баҳси ду довталаби курсии раиси ҷумҳури Амрикоро тезутунд кардааст. Рақиби Обама – номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн бори дигар тайин кардани ҷадвали хуруҷи нерӯҳоро рад намуд ва гуфт, ки “фақат баъд аз пирӯзӣ метавон ба хона баргашт”. Ба ақидаи МакКейн, “барои таҳкими амният дар Ироқ ҳузури дарозмуддати низомии Амрико ногузир аст”.

Довталабони мақоми президентӣ дар мавриди то куҷо дуруст будани интиқоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Ироқ дар як соли пеш ҳам вориди баҳси шадид шуданд. МакКейн, ки аз интиқоли ин нерӯҳои пуштибонӣ мекард, хостори он шуд, ки Обама – мухолифи вуруди нерӯҳои иловагӣ ба Ироқ иштибоҳи худро иқрор кунад. Ва аммо Обама мегӯяд, ки ба эътидоли нисбии авзоъ дар Бағдод на фақат интиқоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ, балки ду омили дигар – ба ҷанг алайҳи “Ал-Қоида” бархостани суннимазҳабҳо ва кам шудани хушунат аз сӯи гурӯҳҳои шиамазҳаб низ мусоидат кардаанд.

Барак Обама бегоҳи сешанбе ба Урдун ва баъдан ба Исроил ва Фаластин сафар хоҳад кард. Зимнан, мулоқоти ӯ бо Маҳмуди Аббас, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, дар назар аст, дар ҳоле, ки рақибаш Ҷон МакКейн моҳи март зимни боздидаш ба минтақа аз сафар ба Каронаи бохтарии руди Урдун худдорӣ карда буд.

Коршиносон мегӯянд, сафари Барак Обама ба Исроил мавзӯъи тафриқа дар дидгоҳи ду довталаби курсии президенти Амрико ба ҳалли барномаи ҳастаии Эронро дубора ба миён мегузорад. Изҳороти Обама барои ҳалли дипломатии қазия ва шурӯъи музокирот бо Эрон аз сӯи исроилиҳо интиқод шуда буд, зеро онҳо Теҳронро таҳдиди аслӣ ба амнияти минтақа ва давлати Исроил мехонанд. МакКейн бошад, имрӯз дар сӯҳбат бо як шабакаи телевизионии Исроил гуфт, ки ба хотири аз байн бурдани таҳдидҳои Эрон фишорро болои Теҳрон бояд шадидтар кард. Ӯ афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд ба Ҳолокости нав иҷоза диҳад.

Барак Обама баъди анҷоми боздидаш аз Ховари Миёна ба Аврупо сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG