Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Барак Обама дар қиболи Эрон


Барак Обама, номзади эҳтимолии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА
Барак Обама, номзади эҳтимолии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА

Барак Обама гуфтааст, дар сурати пирӯз шудан дар интихоботи раёсатҷумҳур ҳама талошро барои ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон ба харҷ хоҳад дод.

Суханронии Обама дар Кумитаи равобити Амрико ва Исроил чанд соат баъди он садо дод, ки вай дар даври ниҳоии интихоботи муқаддамотии ҳизби демократ раъйи лозимаи вакилонро ба даст овард. Вай гуфт, ки Эрон ба амнияти Ховари Миёна ҷиддан таҳдид мекунад ва вазифаи вай ба унвони як президент бартараф кардани ин хатар хоҳад буд.

Кумитаи равобити Амрико ва Исроил аз бонуфузтарин гурӯҳҳои манфиатдор дар ИМА мебошад ва ба даст овардани пуштибонии ин гурӯҳ ҳатто барои номзад ба мақоми раисҷумҳур ҳам нақши калидӣ дорад. Аз ҳамин хотир истиқболи гарми Барак Обама аз ҷониби 7 ҳазор узви ин кумита дирӯз рамзи он мебошад, ки эҳтимол дорад, ҳангоми маъракаи интихоботии раёсатҷумҳурӣ ин кумита Обамаро дастгирӣ намояд.

Обама ҳангоми суханрониаш дар баробари ин гурӯҳ иброз дошт ки Амрико ва Исроил арзишҳо ва манфиатҳои зиёди муштарак доранд ва нигарониҳои амниятии яке нигарониҳои ҳарду ҷониб дониста мешавад.

Номзади эҳтимолии ҳизби демократ ба мақоми раёсатҷумҳурӣ қисмати асосии нутқашро ба кишваре бахшид ки Исроил онро аз таҳдидҳои асли мешуморад ва ин кишвар Эрон аст.

Ҳам раисиҷумҳурии кунунӣ Ҷорҷ Буш ва ҳам номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн Обамаро барои як изҳороташ мавриди интиқод қарор дода буданд, ки гуфта буд, мехоҳад бо сарварони Эрон сари мизи музокирот нишинад. Дирӯз Обама эълом дошт, ки мехоҳад ҳамаи нофаҳмиҳоро аз байн бурда, гӯяд, ки агар раисиҷумҳур шавад, бо ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод аз мавқеъи сахтгирона муносибат хоҳад кард.

Вай гуфт, “режими Эрон ифротиёни хушунатгароро дастгирӣ намуда, барои мо дар саросари минтақа ба чолиши аслӣ табдил ёфтааст. Ин режим мехоҳад ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва ин метавонад сабқати хатарноки мусаллаҳшавиро ангезиш дода, дар оянда эҳтимол дорад сабаби дастёфтани террористон ба роҳҳои тавлиди силоҳи ҳастаӣ шавад. Раисиҷумҳури Эрон қатли оми яҳудиҳо дар замони ҷанги ҷаҳониро инкор мекунад ва таҳдид кардааст Исроилро аз харитаи ҷаҳон пок хоҳад кард. Эрон хатари аслӣ ва ҳақиқиро ташкил медиҳад ва ҳадафи ман бартараф намудани ин хатар хоҳад буд”.

Обама афзуд, тамоми кӯшишаро ба харҷ хоҳад дод, то ки Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст наёбад ва барои овардани фишор ба Эрон тамои нерӯи мавҷударо истифода мекунад.
Дар мавриди ҷанги Ироқ Барак Обама гуфт, азбаски нерӯҳои низомии Амрико дар Ироқ дармонданд, Эрон аз вазъи ба амал омада истифода бурда, ҷасуртар шудааст ва нуфузаш дар Ховари Миёна афзоиш меёбад. Вай афзуд, Эрон барои Исроил дар муқоиса бо Ироқ ҳамеша хатари бештар дошт ва дар айни ҳол Ироқ ноустувор буда, “Ал-Қоида” дар дохили он кишвар шумораи ҷонибдоронашро афзоиш медиҳад. Ҳамин тавр бо оғози ҷанг шумораи тарафдорони Амрико дар минтақа коҳиш ёфта, амнияти Исроил зери хатар гузошта шуд.

Обама иброз дошт, ки бо ҳамин сабаб ҳангоми баргузида шуданаш ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ӯ артиши Амрикоро аз Ироқ берун кашида, дасти низомиёнро озод мекунад ва ин барои Эрон ишораи возеҳ хоҳад шуд.

Дар робита ба низоъи Исроилу фаластиниҳо номзади эҳтимолии ҳизби демократ гуфт, ҷонибдори ташкили давлати Фаластин мебошад, аммо афзуд, ҳар созишномае, ки ба имзо мерасад, бояд тазмин диҳад, ки Байтулмуқаддас бахши тақсимнашавандаи Исроил боқӣ мемонад.

Дар худи ҳамон рӯзи чоршанбе дар баробари Кумитаи равобити Амрикову Исроил номзади дигари демократҳо Ҳилларӣ Клинтон ҳам суханронӣ кард ва дар маҷмӯъ ба ҳамон мавзӯъҳое муроҷиат кард, ки Обама онҳоро матраҳ карда буд. Аммо аз нигоҳи таҳлилгарон, тафовути вай аз Обама дар ин буд, ки вай на аз мавқеъи нафаре сӯҳбат кард, ки дар оянда худро президенти Амрико мебинад.

XS
SM
MD
LG