Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири музҳики Б. Обама ба фоидаи кист?


Ин ҳам тасвири рӯи ҷилди "New Yorker"
Ин ҳам тасвири рӯи ҷилди "New Yorker"

Маҷаллаи амрикоии “New Yorker” дар рӯи ҷилди шумораи ҷадиди худ тасвири музҳики номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико Барак Обамаро нашр кардааст.

Дар ин тасвир Б. Обама дар сар дастор ва дар тан либоси мусалмонӣ дорад.
Ба қавли тарафдорони Обама, ин тасвири “бемазза” ва “иҳонатомез”, Обама ҳамчун “мусалмон” ва завҷаи ӯ “террористи туфангдор” муаррифӣ мешаванд. Маҷаллаи “New Yorker” гуфтааст, ин танҳо як акси хандовар дар бораи Обама буд ва ҳам шӯхие беш нест.
Аммо шӯхиро на ҳар кас мефаҳмад. Ин тасвири мазҳакӣ Барак Обама ва завҷаи ӯ Мишелло Обамаро дар Кохи Сафед нишон медиҳад, ки хушнудона мушт ба мушти ҳамдигар мезананд. Хонум Обама дар ин акс либоси низомӣ ва дар шонааш автомати калашников дорад.
Дар ин расм ҳамчунин намудор аст, ки парчами Амрико дар оташдон месӯзад ва дар девори дафтари раёсатҷумҳурӣ акси раҳбари «ал-Қоъида» Усома бин Лодин овезон аст.
Девид Ремник, сардабири маҷаллаи NewYorker, дар шарҳи ин тасвири мазҳакӣ мегӯяд: “Ман назари ҳама – ҳам назари ситоди интихоботии Обама ва ҳам назари мунаққидону ҷонибдорони вайро – эҳтиром мегузорам. Танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки ҳадафи мо чи буд ва чаро ин ҷилд “Сиёсати тарс” ном гирифт. Ҳадафи мо нишон додани ҳамин сиёсати тарс аст. Ин ҳамла ба Обама нест, балки баръакси он аст. Ин ҳамла ба онҳоест, ки воқеъиятро таҳриф мекунанд ва дар бораи ӯ дурӯғ мегӯянд. Мо ҳамин нуктаро бозтоб мекунем”.
Худи Обама, ки, агар дар интихоботи моҳи ноябри имсол пирӯз шавад, яке аз нахустин раҳбарони амрикоии африқоитабор хоҳад буд, дар бораи ин тасвир чизи равшане нагуфтааст. Ҳатто рӯзи якшанбе ӯ дар ин бора гуфт: “Ман ба ин ҳеч вокунише надорам”.
Вале дар ҳамин ҳол сухангӯйи ӯ Билл Бартон ин тасвирро “бемазза” ва “иҳонатомез” унвон кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рақиби Обама дар маъракаи интихоботии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн дар ин бора чунин мегӯяд: “Ин тасвирро аз телевизион дидам ва, фикр мекунам, комилан номуносиб буд. Ва ҳамчунин мефаҳмам, ки чаро сенатор Обама ва ҷонибдорони ӯ инро ба гунаи иҳонат дарёфтанд”.
Чанд ҳафта қабл ситоди интихоботии Барак Обама алайҳи, ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои бадномкуннадаи Обама вебсойтеро боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG