Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Бадахшон аз афзоиши бесобиқаи нархи маводҳои заруртарини истеъмолӣ дар бозорҳои минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бино бар иттилоъи оморӣ, дар қиёс бо соли гузашта нархи равғани рустанӣ ва пахта ба андозаи 100, орд наздики 80, чой наздики 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Мутахассиси идораи иқтисоди мақомоти вилоятӣ Валдош Валдошев мегуяд, бештари намудҳои муҳимтарини маводҳои истеъмолӣ дар бозорҳои минтақа интиқолӣ буда, болоравии нархи сузишворӣ ва афзоиши хароҷоти нақлиётӣ ба нарху навои маводҳои истеъмолӣ таъсир бар ҷой доштааст.

Вай баён дошт, ки қобилияти поини харидории мардум ва аз сӯи дигар масрафи бештари даромад барои дарёфти маводҳои заруртарини рӯзгор, ба мисли нону равған боис шудааст, ки кишоварзони маҳаллӣ аз бозор бо пули камтар аз арзиши маҳсулоташон ба хона бар гарданд.

Фурушандагони молҳои ғайристеъмолии бозори Хоруғ бонги изтироб мезананд, ки дар ҳоле, ки сабади истеъмолӣ бештари пули муштариёнро фурӯ мебарад, бозори колофурушон ба касодӣ рӯ ба рӯ шудааст. Назришо Имроншоев, як тоҷири бозор, мегуяд, зимистон вақте захоири маҳсулоти худӣ аз хоҷагиҳои ёрирасон ба охир мерасад одатан мардум фақат маводи ғизоӣ харид мекунад. Вай сабаби дигари аз доираи тааҷҷуҳи бештари харидорон берун мондани колофурушонро ба коҳиши интиқоли ҳаволапулиҳои муҳоҷирони корӣ, ки умдатан дар сохтимонҳо кор карда, дар фасли зимистон бештарашон бекор мемонанд, вобаста медонад. Вай афзуд, ки дар чунин вазъ дар як рӯз даромадаш аз 30-40 сомонӣ зиёд намебошад.

Алишоҳи Мазҳабшоҳ, як харидори бозори Хоруғ, мегуяд, ки барои як хонаводаи хурд танҳо барои таҳияи ширчой бо нону равған дар як моҳ зиёда қариб 200 сомонӣ сарф мешавад. Вай гуфт, ки агар як халта орд аз 125 то то 140 сомонӣ, як килограмм равғани рустанӣ - 10 сомонӣ, як килограмм чой аз аз 5 то 10 сомонӣ бошад ва агар ҳар рӯз як литрӣ шир харид намоям маоши омузгориам дар Донишгоҳ фақат барои хариди ин чизҳо мерасад.

Фурушандагон мегуянд, ки онҳо аз ҳоли харидорон огоҳ ҳастанд, аммо пушондани қарзҳо, ки онҳо аз бонкҳо гирифтаанд, онҳоро маҷбур месозад, ки нархи молро ҳамеша баланд нигоҳ доранд. Дар ҳамин ҳол музди миёнаи кор дар вилоят 213 сомониро ташкил додааст. Аммо бино бар иттилоъи идораи ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 50 дар сади бознишастагон то 46 сомонӣ нафақа мегиранд.

Коршиносон мегуянд, ки аз тарафи дигар раванди болоравии музди кор ва дар пайи он баланд шудани нарху наво дар шароити мавҷудияти шумори зиёди бекорон ва ашхоси камбизоат дар минтақа фарқияти ҳифзи иҷтимоии байни гурӯҳҳо торафт шадидтар шуда, барои қишри камбизоати ҷомеа ҳатто дастрасӣ ба неъматҳои ҳаётан зарур рӯз то рӯз мушкилтар мегардад.

XS
SM
MD
LG