Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷойгоҳи устод Айнӣ дар кишварҳои ҳамсоя


Ба гуфтаи намояндагони доираҳои фарҳангии Қирғизистон Садриддин Айнӣ дар рушду такомули адабиёти қирғиз нақши муҳим бозидааст.

Аз ҷумла Чингиз Айтматов, нависандаи аршади қирғиз, аз устод Айнӣ ҳамчун аз мувассили адабиёти клоссикии асримиёнагӣ ва адабиёти ҷадиди, ба истилоҳ, шӯравии асри 20 ёдовар шуд. Оқои Айтматов ба дунболи ин гуфтаҳояш Садриддин Айниро пуле миёни гузашти ифтихорманди адабиёти гузашта ва ҳозираи форсии тоҷикӣ хонд.

Чингиз Айтматов тазаккур дод, ки устод Айнӣ дар рушду такомули забони адабии тоҷик заҳмати зиёд кашидааст. Ба гуфтаи нависандаи маъруфи қирғиз, Садриддин Айнӣ адиби оламиён аст ва дар тарғиби фарҳанги тоҷик нақши нотакрор бозидааст. Вай афзуд, устод Айнӣ барои шоирону нависандагони Қирғизистон низ ҳаққи устодӣ дорад. Оқои Айтматов гуфт, осори Айнӣ мояи ифтихори на фақат мардуми тоҷик ва соири кишварҳои форсигӯ, балки мояи фахри мардуми Қирғизистон низ мебошад. Мавсуф афзуд, навиштаҳои Садриддин Айниро қирғизҳо бо мароқи том меомӯзанд ва ин раванд дар саросари кишвараш доман густардааст.

Воқеъан ба номи ин адиб, ки унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро гирифтааст, яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Бишкек номгузорӣ шудааст. Гузашта аз ин дар вилояти Ботканд ва Ӯши ин кишвар ба номи устод Айнӣ мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва чанд кӯча низ марбут аст. Бояд зикр кард, ки фақат дар як мактаб, ки номи устодро гирифтааст, беш аз ҳазор фарзандони мардуми гуногунқавм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аммо пӯшида нест, ки Садриддин Айнӣ дар кишвари ҳамҷавори дигари Тоҷикистон - Узбакистон бештар маъруфият пайдо кардааст ва тақрибан тамоми мардуми он аз осори устод Айнӣ баҳра бардоштаанду хоҳанд бардошт. Ҳукумати Узбакистон чанд вақт пеш устод Айниро бо нишони «Барои хизматҳои шоён» сарфароз намуд. Садриддин Айнӣ узви ифтихории Фарҳангистони улуми Узбакистон мебошад.

Профессор Наим Каримов, яке аз адабиётшуносони узбак мегӯяд, ки соли равон дар кишвараш ба 130-юмин солгарди устод Айнӣ, ки аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ва адабиёти узбак маҳсуб мешавад, ҷиддан омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи профессор Каримов, осори Садриддин Айнӣ ва чанд тан аз адибони дигар, чун Абдулло Қодирӣ ва Миркарим Осим, бояд мавриди пажуҳиши дақиқ қарор гиранд ва насли имрӯза онро биёмӯзад.

Ба таъкиди Наим Каримов, зеро маҳз тавассути омӯзиши осори ин адибон наслҳои наврас бо таърихи мардум ошно мешаванд. Бар асоси суханони профессор Наим Каримов таҷлили 130-солагии устод Айнӣ имсол дар Тошканд баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт, ки интизор меравад, дар шаҳри Самарқанд низ бахшида ба ин муносибат баргузории маҳфилҳо таҳти назар қарор доранд.

XS
SM
MD
LG