Пайвандҳои дастрасӣ

Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе


Забҳи чорво аз расмҳои аслии иди Қурбон аст

Забҳи чорво аз расмҳои аслии иди Қурбон аст

Ҳазорон тан аз сокинони пойтахти Тоҷикистон барои адои намози Иди Қурбон дар масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии шаҳри Душанбе гирдиҳам омаданд.

Дар намози идона аз намондагони баландмақоми давлати Тоҷикистон ба ҷуз Саидмурод Фатоев, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон, касе ширкат надошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарсол раиси порлумон ва мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як ҳайъати расмӣ барои табрики мусалмонон ба инҷо меомад.

Саидмурод Фатоев, мусалмононро шодбош гуфта, таъкид бар он кард, ки қавонини Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва мазҳабии куллия шаҳрвандони ин кишварро таъмин мекунанд ва ҳеч маҳдудияте дар ин замина вуҷуд надорад. Ба унвони мисол ӯ аз иқдоми давлат дар заминаи эъломи соли бузургдошти Имоми Аъзам, бунёдгузори мазҳаби ҳанафия ёдовар шуда, мусалмонони кишварро аз пайвастан ба мазоҳиби дигар ба худдорӣ даъват кард. Ӯ бо ишора ба хатарзо будани ҷараёнҳои навпайдои тундгарои мазҳабӣ, мисли Салафия, барои амнияти Тоҷикистон аз мусалмонон даъват кард, то барои тавсиъа наёфтани ин гуна ҷараёнҳо мусоъидат кунанд.

Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода, раиси шӯрои уламои Тоҷикистон, қабл аз адои намоизи Иди қурбон куллияи мусалмононро бо иди Қурбон шодбош гуфта, афзуд, ки намози идона имсол дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дар як соати муайян баргузор мешавад. Вай таҷлили ин ҷашни исломиро ношӣ аз истиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз он истиқбол намуд, ки мусалмонон дар қиёс бо замони шуравӣ аз иди Қурбон дар фазои озоду осоишта таҷлил мекунанд. Ӯ ҳамчунин аз ашхоси сарватманд, даъват кард, ки баъд аз намози идона ба қадри тавоноияшон қурбонӣ ва ба ашхоси камбизоъат кумак намоянд.

Абдуллоҳи Раҳимзод, як сокини шаҳри Душанбе, саховатпешагӣ, оростани суфраи идона дар хонаводаҳо, аёдати беморон, шодбоши ҳамдигар ва зиёрати оромгоҳҳои наздикону пайвандон аз вижагиҳои иди Қурбон арзёбӣ кард. Ашхоси тавонманд, афзд вай, дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоъат ва мардуми дастнигари давру бари худ либосворӣ ва ё пулу маводди ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар ин рӯз аз ҳама бештар чеҳраи кӯдакон шоду масрур ба назар мерасад. Онҳо субҳи барвақт шоду масрур аз як дар ба дари дигари ҳамамаҳалаҳои худ мераванду онҳоро бо фарорасидани иди Қурбон шодбош гуфта, аз соҳибхонаҳо ҳаргуна шириниҳо мегиранд.

Дар ҳоле, ки оро додани дастурхон барои мардум расм шудааст, қисме аз сокинони Душанбе аз гаронии қимати анвоъи хурданӣ дар арафаи иди қурбон шиква ва изҳори ташвиш мекунанд. Акбар Аҳмадов, як сокини шаҳри Душанбе, бар ин аст, ки тоҷирон нархи анвоъи хурданиро дар арафаи ин ид афзудаанд, ва ӯ натавонистааст дастархони идонаашро табъи дил пур кунад. Чун мисол ӯ аз нархи пиставу бодом, ки килои онҳо ба 40 сомонӣ расидааст, бо таъассуф сухан кард.

Бо ин вуҷуд, баъд аз адои намози иди Қурбон дар хиёбонҳои Душанбе мардуми зиёдеро дидан мумкин буд, ки ҷиҳати табрик ба хонаҳои наздикони хеш мешитофтанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG