Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Арманистон саъй дорад, аз роҳи поксозии сафҳояш ғазаби мардуми ин кишварро, ки баъди намоиши як навори видеоӣ ба вуҷуд омадааст, хомӯш кунад. Дар ин навор як афсари артиш аскарони навхидматро ваҳшиёна азият медиҳад.

Баъди таҳқиқи ин ҳодиса бо амри вазорати мудофиаи Арманистон амалиёти шаффофи поксозии артиш аз низомиёни табаҳкор оғоз ёфтааст.

Моҳи равон вазири мудофиаи Арманистон Сейран Оҳанян бо падарону модарони сарбозони азиятдида вохӯрд. Ӯ ба волидайни як сарбоз, ки бар асари муомилаи бади ҳамхидматҳо ба ҳалокат расидааст, ваъда дод, ки артишро аз низомиёни хилофкор поксозӣ намуда, эътибори онро дар байни мардум барқарор хоҳад кард.

Ваъдаи вазири дифоъ

Пеш аз он ҳам тобистони соли равон баъди як бархӯрди мусаллаҳона дар байни сарбозон, ки бо куштори шаш сарбоз хотима ёфт, Сейран Оҳанян гуфта буд: "Ҳамчун вазири мудофиаи ҷумҳурии Арманистон ман аз мушкилиҳои артиш огаҳ мебошам. Ман мехоҳам ҳамаи шуморо мутмаин кунам, ки нерӯҳои мусаллаҳ ҳар кори аз дасташон меомадаро кардаанд ва хоҳанд кард, то ин гуна муноқишаҳо аз байн рафта, аз талафоти бештари ҷонӣ ҷилавгирӣ шавад."

Оҳанян тасмим гирифтааст, масъулияти артишро боло бурда, аз шаффофият кор бигирад.

Бисёре аз арманиҳо ин иқдоми вазирро дастгирӣ мекунанд ва меафзоянд, ки дар тӯли бист соли гузашта фармондеҳони артиш сирри давлатиро баҳона карда, фасод, сӯистифода аз мансаб ва ҳар гуна худсариҳои низомиёнро аз назари омма дур нигаҳ медоштанд.

Соли равон даҳҳо низомӣ бо ҷурмҳои мухталиф аз сафҳои артиш барканор гаштаву қисме аз онҳо ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Ташкили Шӯрои нозирон дар артиш

Вазорати мудифиаи Арманистон як Шӯрои нозири муомила бо сарбозонро ташкил кардааст, ки дар он ҳомиёни ҳуқуқи башар, табибон ва равоншиносон узвият доранд. Ҳамчунон вазорати мудофиаи Арманистон ба парламенти ин кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки бар пояи он сарбоз ҳақ хоҳад дошт, аз иҷрои фармонҳои ғайриқонунии фармондеҳон сарпечӣ кунад.

Аммо баъзе шореҳону ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҷиноятҳои вазнин дар артиши Арманистон ишора намуда, мегӯянд, вазорати мудофиа роҳи дигар надошт, зеро хешовандони қурбониҳо ба таҳқиқи воқеӣ ва муҷозоти табаҳкорони низомӣ бовар надоранд.

Тобистони соли равон афсари 30-сола Артак Назарян ҳалок шуд. Муфаттишони низомӣ ба хулоса омаданд, ки ӯ худкушӣ кардааст, вале хешовандони Назарян иброз доштанд, ки Артакро куштаанд ва дар ҷисми ӯ ҳам нишонаҳои зарб ба чашм мехӯрд.

Шикояти модарони афсарон

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ модари Артак Назарян хонум Ҳасмик Ҳованисян гуфт:

"Кӣ ҷинояткоронро мутаваққиф мекунад? Чӣ гуна ҳозир модарон метавонанд фарзандонашонро ба артиш фиристанд? Кӣ ҷавоби онҳоро хоҳад дод? Ман як марди сиҳату саломатро ба артиш фиристода будам, фарзандамро баргардонед!"

Моҳи июли солавон як рӯз баъд аз фавти Назарян дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ шаш сарбоз кушта шуданд. Ба гуфти афсарон дар ҷараёни як баҳс сарбози навхидмат чанд ҳамхидматашро кушта, сипас худро ба қатл расондааст, вале боз ҳам хешовандони сарбозони фавтида ба ин қисса эътимод надоранд.

Билохира моҳи гузашта сарбози 18-сола Эрик Григорян бо ҷароҳатҳои зиёд ва бинии шикаста дар яке аз шифохонаҳои Ереван ҷой дода шуд. Дар навори видео, ки ҳамхидматҳои ӯ сабт кардаанд, фармондеҳ барои як камбудии ночиз тӯли як соат Григорянро азият медиҳад.
Ҳоло ин афсар боздошт шудаааст ва агар ҷурми ӯ собит шавад, эҳтимол ӯ 5 соли ояндаро дар маҳбас гузаронад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG