Пайвандҳои дастрасӣ

Боди нарме, ки аз сӯи Тошканд мевазад


Шоҳқосим Шоҳисломов, cафири Узбакистон дар Тоҷикистон

Шоҳқосим Шоҳисломов, cафири Узбакистон дар Тоҷикистон

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов мегӯяд, тақрибан ҳама масоили марзии мавҷуда байни ин ду кишвар ҳалл шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст ба зудӣ дар иҷлосияи навбатии кумиссиюни байнидавлатии ду кишвар дар ин замина як созишнома низ имзо шавад.

Оқои Шоҳисломов дар як нишасти бахшида ба солгарди 18-уми истиқлолияти кишвараш дар Душанбе аз ҷумла бо тавсиф аз вазъи феълии равобити Тоҷикистону Узбакистон гуфт, “барои нахустин бор дар 6 соли охир дар моҳи феврали соли равон дар Душанбе иҷлосияи муштараки куммиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ доир шуд. Дар моҳи март дар Тошканду Душанбе ҷаласоти куммисюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марз баргузор шуд. Порлумонҳои кишварҳои мо қаблан асноди имзошуда дар мавриди 85 дарсади таъйин ва аломатгузоришудаи марзи муштараки байни Тоҷикистону Узбакистонро тасвиб карданд».

Ба қавли сафири Узбакистон, дар мавриди қисматҳои боқимондаи марз низ алакай амалан тавофуқ ба даст омадааст ва интизор меравад, ки ба зудӣ дар Душанбе боз як ҷаласаи куммиссиюни байнидавлатӣ баргузор шавад, ки дар он протокол дар бораи тавофуқи комили тарафайн дар бораи тамоми тӯли марзи тақрибан 1500-километрии давлатӣ байни ду кишвар ба имзо бирасад.

Мина, виза, баҳси об ва Маҳмуд

Бар асари таркиши мина дар сарҳади Узбакистон тайи солҳои ахир садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд
Қисматҳои боқимонда ва то ҳол таъйин ва аломатгузориношудаи марзи муштараки байни Тоҷикистону Узбакистон дар баробари мушкилоте, чун минакорӣ шудани ин марзҳо ва ҷорӣ кардани виза ва манъи равуои озоди мардум аз ҷониби Тошканд, баҳсҳои Душанбеву Тошканд бар сари масоили обу энержӣ ва ҳам пиромуни дар қаламрави Узбакистон паноҳ ёфтани афроди сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамин тавр як муддат дар Тоҷикистон ба сар бурдани ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва дар поёни солҳои 90 эҳтимолан аз ҳамин қаламрав ҳамла кардани онҳо ба Қирғизистону Узбакистон аз масоилест, ки дар тӯли солиён дар равобити Душанбеву Тошканд мушкил эҷод мекарданд.

Ин мушкилот ба назари таҳлилгарон аз мушкилоте маншаъ мегирифт, ки байни раҳбарии сиёсии ду кишвар ҳамагӣ чанде баъд аз рӯи кор омадани давлати Эмомалӣ Раҳмон ва он ҳам бо кӯмаки амалии муҳим ва бевоситаи Тошканд бархоста, инак беш аз 15 сол аст, муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро тақрибан ҳамеша дар як ҳоли хадшадор нигоҳ медошт.

Хушбиниҳо ва шубҳаҳои таҳлилгарон

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари маркази мутолиоти стротегии назди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо васфи пешинаи таърихиву фарҳангии муштараке, ки мардуми тоҷику узбак мегӯяд, Тоҷикистону Узбакистон чорае ба ҷуз аз дунбол кардани роҳи ҳамкориву дӯстӣ надоранд ва ногузиранд, ки дар ҳама соҳоти мушкил як забони умумӣ пайдо кунанд.

Сарҳанги шӯришгар Маҳмуди Худойбердиевро коршиносон яке аз омилҳои тирагии муносиботи Душанбе ва Тошканд меноманд, ки ба гуфтаи онҳо, дар Узбакистон ба сар мебарад
Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, ҳарчанд изҳороти ахири сафири Узбакистон дар Душанбе Шоҳқосим Шоҳисломов маҳфилҳоро нисбат ба дурнамои масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳои муштараки ду кишвар хушбинтар мекунад, аммо баъид аст, ки ду ҷониб бар сари масоили дигари низ мушкилзо дар равобити Душанбеву Тошканд ба зудӣ ва ҳам ба осонӣ даст ба тавофуқ ва пешрафт биёбанд.

Оқои Муллоҷонов аз ҷумла ба омили сарҳанг Худойбердиев ва ёронаш ишора мекунад, ки ба эътиқоди ӯ, Душанберо ҳам аз пойфишории зиёд ба лағви режими виза байни Тоҷикистону Узбакистон дилсард кардааст.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов дар нишасти бахшида ба солгарди истиқлолияти кишвараш дар Душанбе ҳамчунин аз расонаҳои ба вижа Русия интиқод кардааст, ки бархеаш, ба гуфтаи сафир, талош дорад ба равобити Тоҷикистону Узбакистон халал ворид кунад.

Сафири Узбакистон дар ин нишаст ҳамчунин аз наздик шудани мавзеъҳои ду кишвар дар масоили энержӣ сӯҳбат кардааст. Муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон аммо дар ин нишаст мӯҳтотона гуфтааст, ки Душанбеву Тошканд аз тамоми зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ истифода намекунанд.

Тошканд рӯ ба ҳамсояҳо меорад?

Таҳлилгарон мегӯянд, Тошканд, ки чанд сол қабл дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон аз Ғарб қаҳр кардаву худро ба оғӯши Маскав андохт, феълан аз Русия низ дилсард шудааст ва намехоҳад дар минтақа низ дар инзивои сиёсӣ қарор бигирад.

Коршиносон аломатҳо ва гомҳое, ки дар ин авохир, тавре ба назар мерасад, аз ҷониби Тошканд ба сӯи беҳбуди равобит бо пойтахтҳои дигари Осиёи Марказӣ бардошта мешаванд, аз ҳамин зовия қобили арзёбӣ медонанд, вале мегӯянд, гумон аст, ки муносиботи Узбакистон бо кишварҳои ҳамҷавораш дар минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистон ба ин зудӣ ва бо чунин осонӣ ба як ҳолати хубу оддӣ баргардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG