Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ҷопонии Тойота моторс, ки бузургтарин истеҳсолкунандаи мошинҳои қобили эътимод дар бозори ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, дар ҳоли ногувор қарор гирифтааст.

Дар давоми чанд ҳафтаи гузашта Тойота маҷбур шуд, наздик ба ҳаштуним миллион автомобили дар саросари ҷаҳон фурӯхтаашро барои тармим фаро хонад.

Ба назар мерасад, ки дар сабқат миёни тавлидкунандагони мошин Тойота яке аз усули бунёдиашро фаромӯш намуд. Тойота, ки дар солҳои шастуми қарни гузашта дар бозори ҷаҳонӣ зуҳур намудааст, дар давоми чанд соли ахир муваффақ шуд, ки тамоми ширкатҳои автомобилсози Амрикоро канор гузошта, дар ҷаҳон ба ҷои аввал гузарад. Аммо ин пирӯзӣ бо нархи гарон афтидааст.

Рӯзи 9-уми феврал маъмурияти Тойота эълон кард, ки тақрибан ним миллион мошинҳо ҳайбрид (гибрид)-ро, ки ҳам бо маводи сӯхт ва ҳам бо нерӯи барқ амал менамоянд, барои тармим фаро мехонад. Ба қавли Тойота, низоми тормози Тойота Приуси серхаридор камбудӣ дорад.

Пеш аз он Тойота эътироф кард, ки педали газ дар навъҳои дигари мошинҳои ин ширкат низ камбудӣ дошта, баъзан ба таври автоматӣ барнамегардад. Дар ИМА педали гази Тойота сабабгори 19 марг дониста мешавад. Ҷониби даъвогар камбудиҳои навъҳои гуногуни Тойота ва Лексусро, ки он ҳам маҳсули корхонаи Тойота мебошад, ба додгоҳ кашидаанд.

Раиси ширкати Тойота Акио Тойода дар як нишасти хабарӣ аз муштариён маъзарат хост
Раиси ширкати Тойота Акио Тойода, ки худ набераи асосгузори Тойота мебошад, аз ҳамаи муштариёни Тойота маъзарат хост ва гуфт, "мо садоқатамонро ду баробар намуда, кайфияти баландро, ки мояи ҳаётии ширкатамон мебошад, эҳё мекунем. Ва ман шахсан принсипи "генчи генбутсу"-ро таҳти раҳбарии шахсӣ қарор медиҳам".

Принсипи "генчӣ генбутсу"-ро ба забони тоҷикӣ метавон чун "Бирав ва худат бубин" тарҷума кард. Яъне ҳар раҳбар бояд дар ташхиси мушкилиҳо нақши калидиро ба худ гирифта, ба мисли ҳар коргари қаторӣ бояд донад, ки камбудӣ дар куҷо нуҳуфтааст.

Сарфи назар аз ваъдаҳои Тойода рӯзи 9-уми феврал вазири нақлиёти Ҷопон Сейҷӣ Маеҳара раҳбари ширкати Тойотаро бо он муттаҳам кард, ки муддати тӯлонӣ ба ҷои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, аз эътирофи шикоятҳо худдорӣ мекард.

Акнун Тойота дар тарғиботаш низ ваъда медиҳад, ки эътимоди муштариёнро барқарор хоҳад кард.

Мушкили тормоз дар Тойота Приус ва номукаммалии кори педали газ дар навъҳои дигари Тойота аз он шаҳдоат медиҳад, ки худравҳои муосир ба компютер вобастагии калон доранд. Вақте дар ҷараёни ҳаракат мошини Тойотаи ҳайбрид ва ё гибрид аз истеъмоли маводи сӯхт ба истифодаи нерӯи барқ мегузарад, низоми тормози ҳидравликии он аз кор мебарояд.

Масъулони Тойота низоми тормози Тойотаро аз нав шаклбандӣ кардаанд.

Ва дар ин байн ширкати автомобилии Ҳонда эълон кард, ки бо дастури хадамоти амнияти нақлиётии ИМА тахминан як миллион Ҳондаро барои тармими болишти амниятӣ фаро мехонад.

Ба қавли коршиносон, фарохони мошинҳо дар мамолики ғарбӣ кори аҷибу ғариб нест. Ҳар ширкате, ки дар паи эътибор аст, бо дарёфти камбудӣ муштариёнро фаро хонда, аз ҳисоби худ онро тармиму таъмир мекунад.

Вале нигаронӣ аз ин ҷост, ки бӯҳрони саросарӣ тақозо ба мошинро ба қадри кофӣ поин бурда буд ва бо ин таҳаввулот эҳёи соҳа ба таъхир меафтад.
XS
SM
MD
LG