Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо бо мусулмонон бояд якҷо зидди террор биҷангем"


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ҳини боздид аз Индонезия дар паёме ба мардуми ин кишвар гуфт, ки равобити ИМА ва ҷаҳони Ислом ба рушди бештар ниёз дорад. Ӯ аз мубориза бар зидди терроризм ёд намуда, таъкид кард, ки мусулмонон низ дар навбати худ бояд барои таҳкими амнияташон талоши бештар варзанд.

Рӯзи чоршанбе президенти ИМА Барак Обама пеш аз тарки Ҷакарта дар паёме ба мардуми Индонезия - сернуфустарин кишвари исломии дунё дар бораи равобити ИМА ва олами ислом ҳарф зад. Дар сӯҳбат бо донишҷӯён дар пойтахти Индонезия президент Обама эътироф кард, ки баъзе беҳбудиҳо дар равобити ИМА бо олами Ислом эҳсос мешавад, вале он кофӣ нест.

Обама гуфт: "Мо баъзе пешравиҳо кардаем. Вале корҳои зиёде боянд анҷом диҳем. То ҳол мардуми бегуноҳ дар Амрико, дар Индонезия ва дар саросари ҷаҳон ҳадафи ҳамлаи тундгароии хушунатбор қарор мегиранд. Ман ба таври возеҳ гуфтаам, ки Амрико ҳеҷ гоҳ бо ислом дар ҳолати ҷанг набуд ва нахоҳад буд. Баръакс мо ҳама бояд як ҷо кор кунем, то Ал-Қоида ва бахшҳои онро саркӯб кунем".

Ҳабдаҳ моҳ пеш ҳангоми суханронӣ дар Қоҳираи Миср президенти ИМА барои аввалин бор дар бораи зарурати беҳсозии равобити ИМА бо ҷаҳони Ислом ҳарф зада буд. Дар Индонезия низ президент Обама ба ин мавзӯъ руҷӯъ кард ва афзуд, ки бо як паём мушкилиҳои равобити дуҷониба рафъ намешавад. Дар идомаи паём раисҷумҳури ИМА таъкид кард, ки худи мусулмонон ҳам бояд ба ифротгароҳо муқовимат намуда, танҳо ба ИМА умед набанданд.

Тавсифи низоми мардумсолорӣ дар Индонезия

Обама Индонезияро ҳамчун кишвари намуна барои мусулмонони рӯи олам номид. Ӯ гуфт, низоми мардумсолорӣ дар Индонезия ба рушди иқтисод ва таҳаммули мусулмонони ин кишвар ба пайравони динҳои дигар асос гузоштааст.

"Мо ду миллате ҳастем, ки роҳҳои мухталифро пушти сар кардаем. Дар айни замон миллатҳоямон нишон додаанд, ки садҳо миллион пайрави динҳои гуногун метавонанд таҳти як парчам муттаҳид шаванд".

Коҳиши шӯҳрати Обама дар байни мусулмонон

Шореҳон изҳор намудаанд, ки аз замони суханронӣ дар Қоҳира то имрӯз шӯҳрати Обама дар миёни мусулмонон камтар шудааст. Дар як таҳлили маҷаллаи “Foreign Policy” чопи Вашингтон гуфта мешавад, ки ба хусус арабҳо аз раёсатҷумҳурии Обама дилсард шудаанд, зеро низои Исроилу Фаластин ҳамоно бидуни ҳал боқӣ монда, сиёсати маъмурияти Обама дар Ироқу Афғонистон аз сиёсати президенти пештараи ин кишвар Ҷорҷ Буш фарқи бузурге надорад.

Зимни мулоқот бо днишҷӯёни Индонезия Обама ҳам мушкилиҳои раванди сулҳи Ховари Миёнаро эътироф намуд, вале афзуд, ки талошаш баҳри сулҳи Ховари Миёнаро давом медиҳад.

Рӯзи чоршанбе қабл аз сафар ба Кореяи Ҷанубӣ ва ширкат дар нишасти раҳбарони 20 кишвари саноатии олам президент Обама бузургтарин масҷиди Осиёи ҷанубу шарқӣ - масҷиди Истиқлоли шаҳри Ҷакартаро зиёрат кард.
XS
SM
MD
LG